Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:

Чорабини

Ҳаёти литсей

 


 Тақвими руйдодҳо 
2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ЛИТСЕЙ-ИНТЕРНАТИ ПРЕЗИДЕНТӢ БАРОИ КӮДАКОНИ БОЛАЁҚАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

08.09.2023

Количество просмотров: 790

Дар доираи нақша-чорабиниҳои ҷашни фархундаи миллат - 32- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 8 сентябр дар Муассисаси давлатии таълимии "Литсей- интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" якҷоя бо хонандагон таҳти унвони "Истиқлолият - неъмати бебаҳо" чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо сароидани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд.
Роҳбари Созмони хонандагон Усмонов Абдулхайр Асрорович чорабиниро омода намуд.
Сараввал, муовини директор оид ба тарбия Сидиқзода Баракатуллои Исмоил аз номи директори муассиса Ғайратзода Лайло Диловар ҷомеаи меҳнатӣ ва ҳозиринро ба ҷашни миллии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз дастовардҳои даврони истиқлол изҳори андеша намуд.
Қисми фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби хонандагону омӯзгорони литсей бо қироати шеър дар васфи Ватан, Истиқлолият оғоз гардид. Инчунин, сурудҳои ватандӯстӣ, рақсҳо ва хори умумӣ манзури ҳозирин гардид.
Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор омӯзгорону хонандагон, ки дар озмуну олимпиадаҳо сазовори ҷойҳои намоён гардида буданд, аз тарафи директори литсей Ғайратзода Лайло Диловар диплому ифтихорномаҳо супорида шуд.
Дар охир директори литсей ҳозиринро бори дигар бо иди муқаддаси Рӯзи Истиқлолият таҳният гуфта барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбӣ орзу намуданд.


Макони баргузорӣ: Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон