Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Вазорати фарҳанг озмуни ҷумҳуриявии драманависон дар соли 2020-ро эълон кард

14.01.2020

vazorati-farhang.jpg

 Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ Озмуни ҷумҳуриявии драманависонро эълон намуд. 

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанг иттилоъ медиҳад, қабули асарҳо ба озмун аз 15 январи соли равон оғоз гардида, то  15 сенябр идома меёбад.

Ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур рушди драматургияи миллӣ, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ ва тарғиби санъати театрӣ дар мамлакат мебошад.

“Асарҳо дар се нусхаи чопи компютерӣ қабул карда мешавад. Асарҳои пешниҳодшаванда бояд мавзӯъҳои муосири таҷассумгари дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакатро дар замони истиқлолият дар бар гиранд”, — афзуд манбаъ.

Ғолибони  озмун барои ишғоли  ҷойи якум – 8 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм – 6 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм – 4 ҳазор сомонӣ  мукофот хоҳанд гирифт.

Ҳамчунин се ҷоизаи ҳавасмандгардонӣ ҳар яке – 1000 сомонӣ муқарар гардидааст.

Хоҳишмандон барои гирифтани маълумоти муфассал ва пешниҳоди мавод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки драма як жанри адабӣ, саҳнавӣ, синамоӣ ва дар адабиёти асрҳои 18-21 хеле маъмул буд. Бо пайдоиши синамо, он низ ба ин шакли санъат гузашт, ки яке аз жанрҳои паҳнгаштаи синамо гардид. Дар драмаҳо, одатан зиндагии шахсии инсон ва муноқишаҳои иҷтимоии ӯ ба таври мушаххас тасвир карда мешаванд.


Маълумоти муфассал дар сомонаи  9.png