Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Кабинетҳои Литсейи Президентӣ

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЛИТСЕЙ-ИНТЕРНАТИ ПРЕЗИДЕНТӢ БАРОИ КӮДАКОНИ БОЛАЁҚАТИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

logo-lip.jpg 

ҲУҶҶАТҲОИ МЕЪЁРИИ МАРКАЗИ ТЕСТӢ

 

1.    Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022.
2.    Фармонҳо ва дастурамалҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба кабинети технологияи иттилоотӣ.
3.      Низомномаи Маркази тестӣ.
4.      Нақшаи солонаи кории Маркази тестӣ (бо Нақшаи кории солонаи литсей мувофиқа карда мешавад).
5.      Нақшаи моҳонаи кории Маркази тестӣ.
6.      Дастурамал оид ба қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат (барои омӯзгорон ва хонандагон).
7.      Дастурамал оид ба сухтор (барои омӯзгорон ва хонандагон).
8.      Дастурамал оид ба сохтани саволномаҳои тестӣ доир ба фанҳои гуногун (барои омӯзгорон).
9.      Дастурамал оид ба навъи саволҳои гуногуни тестӣ (барои омӯзгорон).
10. Ҳисоботҳои оморӣ (протоколҳо) доир ба ҳар як санҷиши маъмурии тестӣ (электронӣ ё чопӣ).
11. Дастурамал оид ба истифодабарии шабакаи Интернет ва ёрии методӣ ва техникӣ оид ьа истифодабарии таҷҳизотҳои электронӣ аз тарафи кормандони Маркази тестӣ (барои омӯзгорон ва хонандагон).
12. Графики гузаронидани санҷишҳои тестии маъмурӣ (аз тарафи маъмуряти литсей тасдиқ карда мешавад).
13. Фармон доир ба гузаронидани машғулиятҳои дарсӣ ва амалӣ дар Маркази тестӣ (аз тарафи маъмурияти литсей тасдиқ карда мешавад).
14. Шиносномаи Маркази тестӣ (аз тарафи муҳосиботи литсей тасдиқ карда мешавад).
15. Дастурамал доир ба истифодабарии тахтаи электронӣ ва нигаҳдории холати кории он (барои омӯзгорон).
 

МАВОДҲОИ МАВҶУДБУДА

1. Намудҳои саволномаҳои тестӣ: 

1)      Пӯшида
2)      Кушода
3)      Мувофиқоварӣ
4)      Навиштани матни Ҷавоб
5)      Мувофиқи имкониятҳои барномаи MyTest Student

 2. Саволномаҳои тестӣ аз фанҳои зерин:

1) Забон ва адабиёти тоҷик       с. 5-11 барои синфҳои омӯзишашон бо забони тоҷикӣ         
2) Забони давлатӣ                       с. 5-11   барои синфҳои омӯзишашон бо забони русӣ
3) Забони русӣ                             с. 5-11    барои синфҳои омӯзишашон бо забони тоҷикӣ
4) Забон ва адабиёти рус           с. 5-11    барои синфҳои омӯзишашон бо забони русӣ
5) Забони англисӣ                       с. 5- 11  барои синфҳои омӯзишашон бо забони тоҷикӣ ва русӣ         
6) Таърихи халқи тоҷик,
Таърихи умумӣ                            с. 5- 11  барои синфҳои омӯзишашон бо забони тоҷикӣ ва русӣ                          
7) Биология                                  с. 5-11  барои синфҳои омӯзишашон бо забони тоҷикӣ ва русӣ               
8) География                                с. 5-11  барои синфҳои омӯзишашон бо забони тоҷикӣ ва русӣ                         
9) Математика                             с. 5-11  барои синфҳои омӯзишашон бо забони тоҷикӣ ва русӣ               
10) Физика                                    с. 5-11  барои синфҳои омӯзишашон бо забони тоҷикӣ ва русӣ                           
11) Химия                                     с. 5-11  барои синфҳои омӯзишашон бо забони тоҷикӣ ва русӣ                                  
12) Технологияи иттилоотӣ      с. 5-11  барои синфҳои омӯзишашон бо забони тоҷикӣ ва русӣ                             
13) Асосҳои давлат ва ҳуқуқ     с. 5-11  барои синфҳои омӯзишашон бо забони тоҷикӣ ва русӣ 
14) Масъалаҳои мантиқӣ           с. 1-11  барои синфҳои омӯзишашон бо забони тоҷикӣ ва русӣ 
15) Математика, забони тоҷикӣ, забони русӣ, забони англисӣ, табиатшиносӣ, вожазори маънӣ, масъалаҳои мантиқӣ                   с. 1-4 барои синфҳои омӯзишашон бо забони тоҷикӣ ва русӣ

3. Маводҳо – саволномаҳои тестӣ   (варианти Microsoft Word).
4. Саволномаҳои тестӣ (варианти MyTest Student– санҷиши электронӣ-компютерӣ).
5. Миқдори саволҳо доир ба ҳар як чоряки таълимӣ 45-50 аз ҳар як фанни таълимӣ.
6. Маводҳои саволномаҳои тестӣ дар оѓози ҳар як чоряки таълимӣ ба хонандагон пешкаш карда мешаванд бо мақсади тайёрӣ дидан то интиҳои чоряк.

    

ШАКЛИ ГУЗАРОНИДАНИ САНҶИШҲОИ ТЕСТӢ

 1. Чопӣ – шакли санади Microsoft Word.
 2. Электронӣ – тавассути барномаи  MyTest Student.

     

 МӮҲЛАТИ ГУЗАРОНИДАНИ САНҶИШҲОИ ТЕСТӢ

1. Аз рӯи нақшаи фаъолияти солонаи  муассисаи таълимӣ (дар охири ҳар як чоряк).
 2. Аз рӯи нақшаи фаъолияти солонаи  муассисаи таълимӣ (аз фаннҳои алоҳида).
3. Аз рӯи нақшаи фаъолияти солонаи  муассисаи таълимӣ (дар Ҷамъбасти соли таҳсил).
    

ТАРЗИ ГУЗАРОНИДАНИ САНҶИШҲОИ ТЕСТӢ: 

1. Омехта – аз  фаннҳои таълимӣ.
2. Аз фаннҳои алоҳида (равияи умумӣ, риёзӣ – табиӣ).
3. Аз фанни алоҳида (як фанн).

 

МЕЪЁРИ БАҲОГУЗОРИИ САНҶИШҲОИ ТЕСТӢ:

1. 100 хол (балл).
2. Баҳои «2,3, 4, 5».
3. Аз санҷиш гузашт ё нагузашт (зачет – незачет).

       

ТАЪМИНОТИ ТЕХНИКИИ МАРКАЗИ ТЕСТӢ

1. 27 нуқтаи корӣ бо 27 компютер.
2. 1 адад тахтаи электронӣ.
3. 1 адад тахтаи универсалӣ-рақамӣ HUAWEY.
4. 1 адад видеопроектор.
5. 1 адад кондитсионер.
6. Шабакаи маҳаллии Интернет.

 

ТАЪМИНОТИ БАРНОМАВИИ МАРКАЗИ ТЕСТӢ 

1. Барномаи санҷиши электронӣ MyTest Student.
2. Китобҳои электронии дарсӣ-таълимӣ.
3. Китобҳои электронии бадеӣ.
4. Барномаҳои санҷиши электронӣ аз фанҳои технологияи иттилоотӣ, забони англисӣ, забони русӣ, барномаҳо-забономӯзҳо.
5. Фарҳангҳои электронӣ.
6. Корҳои эҷодии электронии хонандагон.
    

 

Роҳбари Маркази тестӣ:                                   Мирзоев Темур Аҳмадович