Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Таъминоти моддӣ-техникӣ

         Ҷорӣ намудани технологияи иттилоотӣ дар раванди таълим сол ба сол яке аз масъалаҳои муҳим табдил меёбад. Вобаста ба ин зарурият ба миён меояд, ки диққати маъмурият ва омӯзгорон барои ҷорӣ кардани технологияи иттилоотӣ дар раванди таълим ҷалб карда шавад. Истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ҷиҳатҳои сути худро низ дорад. Истифода бурда натавонистани воситаҳои техникӣ раванди таълимро  бозие дорад ва кори асосиро ба шакли видеоӣ мубаддал месозад. Ба ин васила, ҳар боре, ки технологияи компютерӣ дар дарс истифода бурда мешавад, масъалаи дуруст ва мақсаднок будани онро фикр бояд кард. Ба хотир бояд дошт, ки истифодаи технология ин захираи пурраи таълим набуда, фақат воситаи техникии таълим аст.

Ҷорӣ намудани технологияи компютерӣ ва Интернет тақозо дорад:

  1. Зарурияти бо роҳу усули нав ба даст овардани дониш, ин ба омӯзгор вобастагии қавӣ дорад;

  2. Аз ҳамаи иштирокдорони раванди таълим, такмили маҳорату малакаро такозо дорад.

Хонандагон:

Дар ҳолати ҷорӣ гардидани технологияи нав ба раванди таълим шакли кори мустақилонаи хонандагон меафзояд. Истифодаи  компютери шахсӣ, манбаъҳои электронии иттилоотӣ таълимӣ-илмӣ, воситаҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ барои омӯзиши мустақилона ва фаъолияти бо самару натиҷабахш бо хонандагон  имконияти хуб фароҳам меоварад.

Омӯзгорон:

Дар навбати худ ба омӯзгорон низ вазифаҳои нав пайдо мегардад.

Аз он ҷумла:

  • пешбарии мавод дар шакли электронӣ;

  • ташкили муносибати фардӣ бо хонандагон;

  • тайёр ва дастрас намудани шакли самарабахши назорат ва баҳодиҳии фаъолияти таълимии хонандагон дар фазои иттилооти таҳсилот

Барои он ки ҳамаи иштирокдорони раванди таълим ба мақсаду вазифаҳои дар наздашон гузошта шуда, дар самти истифодабарии технологияи иттилоотӣ ноил гардидан, бояд таъҷилан таъмин кард:

  • дастрасии компютери шахсӣ ҳамчун воситаи асосӣ гирифтани таҳсилот;

  • таҷрибаи ҷаҳонии таҳсилот нишон медиҳад, ки вобаста ба миқдор бояд ба сари ҳар 5 нафар як компютер, ба ҳар 7 нафар омӯзгор як компютер рост ояд. Дар он замон компютер ҳамчун воситаи таълим натиҷаи дилхоҳ медиҳад;

  • таҷҳизот ва барномаҳои махсус барои муаррифӣ ва дастрас намудани дониш;

  • ҳамаи иштирокдорони раванди таълим бояд ҷустуҷӯ ва фиристонидани иттилоотро донанд, дар шакли дилҳоҳ пешниҳод намоянд, фаъолияти таълимро ба нақша дароварда, онро иҷро карда тавонанд;

  • шаффоф ва дастраси раванди назорат ва баҳодиҳии сифати таҳсил ва дигар намудҳои таҳсилот ва мувофиқат кунонидан ба стандарти давлатии таҳсилот.

Зарурияти назорати хаматарафа ба сифати дониш ва маҳорату малакаи хонандагон, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон ва ҳайати маъмурии муассисаи  таълимӣ.

Инчунин дар муассиса базаи моддию-техникӣ  133 адад компютер, 19 адад чопгар (принтер), 18 адад тахтаи электронӣ, 23 адад проектор, 5 адад экрани намоишӣ, 23 адад ноотбук, 18 адад HUAWEI ва 1 адад сканер мавҷуд буда, бо шабакаи Интернет  дар намуди хати нурӣ (Optic, Wi-Fi)  пайваст мебошад.

Роҳбарияти литсей диққати заруриро ба ҷорӣ кардани технологияи иттилоотӣ дар раванди таълиму тарбия равона месозад.

Технологияи нави анъанавӣ, роҳу усулҳои навро омӯзгорони фанҳои дақиқ истифода мебаранд. Дар раванди дарсҳои таърих, география, биология ва  ҷорӣ кардани технологияи нав низ тақозои давр аст.

Дар солҳои таҳсили нав истифодаи нави технологияи  иттилоотиро дар раванди таълим идома ёфта, ин тарзи кор водор месозад, ки таҳсил ба сатҳи баланд бардошта шавад. Барои ин лозим аст:

  • Омӯзгорони  фанни технологияи иттилоотиро зарур аст, ки дар вақти таътил ба омӯзгорони литсей гузаронидани семинар оид ба омӯзиш ва истифодаи технологияи иттилоотии нав;

  • Ташкили семинар доир ба истифодаи тахтаи электронӣ, почтаи электронӣ ва шабакаҳои компютерӣ (Интернет) ва ғайра