Одамизод дар ҳар давру замон, дар ҳама синну сол ба тарбия ниёз дорад. Агар ба даврони гузашта назар андозем, дар замонҳои қадим ҳам ахлоқу маънавиёти одамӣ гоҳ-гоҳе рў ба костагӣ оварда буд, ки боиси таълифи асарҳои зиёди тарбиявию ахлоқӣ, аз ҷумла «Ахлоқи Носирӣ», «Ахлоқи Мўҳсинӣ», «Ахлоқи Ҷалолӣ», «Пирўзнома», «Таҳзиби ахлоқ», «Футувватномаи султонӣ», «Қобуснома», «Синбоднома», «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт», «Кимиёи саодат», «Маснавии маънавӣ», «Гулистон», «Бўстон» ва «Баҳористон» гардидааст.  ...
Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илму маориф, ки 18 марти соли ҷорӣ дар Душанбе доир гардид, миёни аҳли зиё ҳамовозии гарму ҷӯшон ба амал овард. Дар зер андешаҳои Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод РАҲИМӢ-ро дар ҳошияи ин суханронии пурмуҳтаво пешниҳоди хонандагон менамоем. Муқаддима Ҳазор сол аз ин муқаддам ниёгони бузурги мо донишро дар дил чароғи равшан ва аз ҳама бад д...
На танҳо китобҳои забон ва адабиёти тоҷик, балки забони китобҳо аз дигар фанҳои таълимӣ низ таҳрирталабанд. Баъзе китобҳои фанҳои дақиқ ва ҷамъиятӣ аз русӣ тарҷумаи таҳтуллафзӣ шудаанд, ки табиати фикри тоҷикӣ надоранд. Дарк кардани маънии матн дар чунин китобҳо хеле душвор аст. Ин ва дигар андешаю пешниҳодҳои директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Боймурод ШАРИФЗОДА-ро дар зер манзури хонандагон мегардонем. Дар мулоқоти навбатӣ Президенти мамлакат му...
Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст. Имрӯз ҷашни миллии мо - Наврӯз, ки аз қаъри асрҳо ба замони мо расидаанд, ҳоло дар сатҳи ҷаҳонӣ, бо рангу ҷилои беҳтар ва бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад. Таҷлили Наврӯзи баналмилалӣ ин арҷгузориву гиромидошти расму ойинҳои миллӣ, таҳкиму густариши ҳисси миллӣ, ҳувияту худшиносии мардуми кишвар ва вусъат бахшидани раванди...
21 март дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили баҳорӣ оғоз шуда, то 31 март идома меёбад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсон Сафарзода иттилоъ дод. Таътили баҳорӣ танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд. Инчунин барои хонандаг...
Анъанаҳои зебою пур аз ҳикмати тоҷикон дар айёми Наврӯзи навбаҳорон беҳисобанд. Аз ҷумла, ниёгони мо аз қадимулайём дар ин давра анъанаеро ба ҷо меоранд, ки дар кӯҳистон бо номи «Даҳи наврӯз» маъруф мебошад. — Дар «Даҳи наврӯз мардум тамоми ҷиҳози хонаҳои худро берун бароварда, хонаро сафед намуда, аз кӯрпаву гилем сар карда, ҳама лавозимоти рӯзгорро мешустанд, метаконданд ва дар берун меовехтанд, то шӯълаи офтоб &n...
“Тараннумгари сухан” номи китобест, ки ҳамин чанд рӯз пештар бо талоши Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар рӯйи чоп омадааст. Он аслан як дастури таълимӣ – методист, ки ба Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» бахшида шуда, фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи фестивал, номгўи чорабиниҳо, намунаи сенарияҳо, андешаҳои иштирокчиёни фаъоли фестивалро инъикос менамояд. Дар сарсухани китоб мехонем: Бо...
«Аз 1 январи соли 2021 шумораи гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар омӯхтани фанҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ натиҷаҳои баланд нишон медиҳанд, аз 400 нафар то 3000 нафар зиёд ва андозаи маблағи он 500 сомонӣ муқаррар карда шавад. Ин нуктаро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни мулоқот бо аҳли илму фарҳангу маориф баён доштанд. Сарвари давлат ҳамчунин таъкид намуданд, ки шумораи гирандагони чунин стипендияҳо дар муассисаҳои та...
18 март дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ чун анъанаи накуи баҳорӣ бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат мулоқоти самимию судманд анҷом доданд. Дар оғоз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми шарифи тоҷик, ҳамзабонони бурунмарзӣ, мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ва ҳамаи зиёиёни мамлакатро ба ифтихори ин ҷашни хусравонӣ самимона шодбош гуф...
Имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо олимони мамлакат Кумитаи телевизион ва радиоро вазифадор намуд, ки дар муддати шаш моҳ бо номи «Илм ва табиат» шабакаи нави телевизионӣ таъсис диҳад. Сарвари давлат ҳамзамон таъкид намуданд, ки дар шабакаи мазкур ва шабакаи «Баҳористон» таълими фанҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ ва технологиро ба роҳ монда, бо ин мақсад омӯзгорони ботаҷриба ва донишмандони соҳаро ҷалб намоянд. Дар барномаҳои ҳаррӯзаи ин шабакаҳ...