Зоиров Анушервон Ҷамшедович хонандаи синфи 11-уми МДТ "Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон" бо роҳбарии омӯзгори фанни математика Баротов Ҷонибек дар даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии "Илм фурӯғи маърифат", ки аз санаи 21 то 26 октябри соли 2024 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барпо гардид, аз номинатсияи математика дар байни муассисаҳои умумии типи нав сазовори ҷойи 3-юм гардид. Ин дастовард ба аҳли коллектив, падару модари Анушервон ва ҳаводорони литсей муборак бошад!
6 нафар хонандагони синфҳои 7-9-и мамлакат дар 28-умин Олимпиадаи байналмилалии математикии наврасони Балкан «JBMO-2024» аз фанни математика иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Олимпиадаи мазкур аз 25 то 30 июни соли 2024 дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия баргузор шуда, дар он наврасони зиёда аз 20 давлати дунё иштирок намуданд. Дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин Олимпиадаи бонуфузи байналмилалӣ 6 нафар хонанда намояндагӣ намуд. Хушбахтона, ҳамаи хонандагони тоҷик тавонистанд дар...
Аз санаи 27 то 30 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 2-юмин Олимпиадаи байналмилалии Ал-Хоразмӣ аз фанни математика байни наврасон бо фарогири 140 иштирокчи аз 6 давлатҳои ИДМ бо ҳам сабқати илмӣ намуданд. Дар ин Олимпиадаи сатҳи баланд мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистонро 12 нафар наврас аз муассисаҳои таълимии кишвар муаррифӣ намуда, сазовори 9 ҷойи ифтихорӣ, 1 ҷойи I, 2 ҷойи II ва 6 ҷойи III гардиданд. Хушбахтона хонандаи синфи 9-уми МДТ "Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқа...
Дастаи 12-нафараи мактаббачагони боистеъдод аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии TASIMO, ки рӯзҳои 18-20 майи соли 2024 дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон баргузор шуд, бомуваффақият иштирок карданд. Чорабинии мазкур 300 нафар иштирокчиёнро аз 10 кишвар гирд оварда, ба майдони намоиши қобилиятҳои барҷастаи риёзии нобиғаҳои наврас табдил ёфт. Дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин сабқати зеҳнӣ сазовори се мақоми ифтихорӣ гардид. Ин муваффақияти барҷаста на танҳо боиси ифтихор, балки тасдиқи қ...
Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе»- ба диққати директорон, омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт мерасонад, ки рӯзҳои 19-21 апрели соли 2024 даври чоруми (ҷумҳуриявӣ) олимпиадаҳои фаннӣ барои наврасон аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ (синфҳои 7-8) дар Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор мегардад. Талабот: Иштирокчиёни олимпиадаҳои фаннӣ бо либоси мактабӣ, нусхаи шаҳодатномаи...
Бо пайгирӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе 7 майи соли 2024 дар “Кохи Суруш” маросими ҷоизасупории ғолибони даври сеюми (шаҳрӣ) олимпиадаҳои фаннӣ, олимпиадаи даставии “Истеъдод”, олимпиада оид ба “Шоҳмот” ва “Spelling bee” баргузор гардид. Да...
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ИТТИЛОЪ МЕДИҲАД, КИ ТИБҚИ ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ 17-УМИ ФЕВРАЛИ СОЛИ 2024, №71 “ДАР БОРАИ ГУЗАРОНИДАНИ РӮЗҲОИ ИСТИРОҲАТ БА ДИГАР РӮЗҲОИ КОРӢ ДАР СОЛИ 2024” РӮЗИ ИСТИРОҲАТ АЗ РӮЗИ ШАНБЕИ 4-УМИ МАЙ БА РӮЗИ 10-УМИ МАЙ ГУЗАРОНИДА ШУДААСТ. АЗ ИН РӮ, ДАР МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ ВА ЗИНАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ (СИНФҲОИ 1-4) НОВОБАСТА АЗ ШАКЛҲОИ МОЛИКИЯТ ВА ТОБЕИЯТИ ИДОРАВӢ МАШҒУЛИЯТ ВА ДАРСҲОИ РӮЗИ 10-УМИ МАЙ (ҶУМЪА) БА РӮЗИ ШАНБЕИ 4-У...
Тавре ки ба ҳамагон маълум аст тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 19-21 апрели соли равон дар Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби байналмилалии Президентӣ" дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии хонандагони синфҳои 7-8 баргузор гардид. Дар олимпиадаи мазкур 467 довталаб аз муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ширкат варзида 254 медал ба даст оварданд, ки аз ин шумора: 17 медали тилло 50 медали нуқра 187 медали биринҷи Муассисаи давлатии "Марказ...
Субҳи имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалии президентӣ»-и шаҳри Душанбе марҳилаи чоруми олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 7-8-и муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар оғоз гардид. Дар олимпиада аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хонандагон ширкат варзида, малака, маҳорат ва донишҳои худро муаррифӣ хоҳанд кард. Дар қисмати ифтитоҳии чорабинӣ муовини вазири маориф ва илми кишвар Зиёдулло Абдулзода, намояндагони сохторҳои маорифи кишвар, хонандагону омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти ҳа...
Имрӯз зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ аст. Дар таърихи пешрафту тараққиёти маданияту адабиёти халқи тоҷик Устод Айнӣ шахсияте аст, ки бо асарҳояш хазинаи адабиёти халқи тоҷикро ғанӣ гардонидааст. Хизматҳои Устод Айнӣ на танҳо дар рушди адабиёти тоҷик, балки дар пешрафти илмҳои адабиётшиносӣ, таърих, ҷомеашиносӣ низ беназир буда, осори ӯ ганҷинаи бебаҳои маънавии миллати тоҷик мебошад. Осори адабӣ ва илмии Садриддин Айнӣ дар куллиёти понздаҳҷилда гирд оварда шудааст. ...