Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Мақолаҳо

Фазилату масъулиятшиносии директор
12 дек

Директори Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Лайло Ғайратзода шояд ягона роҳбари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бошад, ки ҳар субҳ, новобаста аз вазъи ҳаво, дар даромадгоҳ шогирдонро шахсан пазироӣ мекунад. Ин анъанаи нодир солҳои зиёд дар литсейи мавриди назар роиҷ буда, барои дигар дабистон шоистаи пайравист. Мавриди зикр аст, ки литсейи мазкур аввалин Литсей-интернати президентӣ дар мамлакат мебошад, ки соли 1998 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати мил...

Дар васфи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
21 сен

                         Дар васфи Рӯдакӣ Ба сухан монад шеъри шуаро, Рӯдакиро суханаш талвиност.                    Шаҳиди Балхӣ Зебо бувад, ар Марв бинозад ба Кисоӣ, Чунон ки ҷаҳон ҷумла ба устоди Самарқанд.   ...

Бахшида ба рӯзи Сардафтари адабиёти класикии тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ «Сипаҳсолори шуаро»
21 сен

"Сипаҳсолори шуаро"      Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некушоирӣ,      Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.         Оре, таърихи зиёда аз ҳазору садсолаи адабиёти навини тоҷик бо номи бунёдгузори он устод Рӯдакӣ сахт вобаста аст. Устод Рӯдакиро муо-сиронаш ва суханварони баъдина бо унвонҳои ифтихории “Қофиласолори назми форс...

МАОРИФ ВА ЗАМОН. "МАВҚЕИ МАКТАБ ДАР ТАШАККУЛИ ШАХСИЯТИ ХОНАНДА"
28 дек

Таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ сол, то сол, бо дигар шудани вазъи замони муосир ва зуҳур намудани падидаҳои ногувору номатлуби  хатарзо, ки бо терроризм ва экстремизм иртиботи зич дорад, самту ҳадафҳои наву созандаро касб карда, самараи он дар руҳияи ахлоқи воло ва  эҳсоси баланди ватандӯстӣ ба камол расондани насли наврас мебошад.  Тағйироту ислоҳоте, ки дар сохтору низоми соҳаи маориф ба амал омада истодааст, танҳо ба як мақсад нигаронида шудааст: дар баробари баланд бардо...

ТАФСИРИ ВОЖАИ «ТОҶИК» АЗ НИГОҲИ МАВЛОНО. Ба Рӯзи ёдбуди Ҷалолиддини Балхӣ бахшида мешавад
30 сен

Осори шоир, мутафаккири сӯфимашраб ва донишманди бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Румии Балхӣ (1207-1273) аз ҷумлаи он падидаҳои фарҳангист, ки дар баробари ворид будан ба ганҷинаи мероси гаронбаҳои хаттии инсоният ва дар миёни мардуми гуногунандешаю гуногунмазҳаби олам шуҳрат доштани худ дар гузаштаю имрӯз, инчунин метавонад барои ҳалли масъалаҳои гуногуни адабию фарҳангӣ ва иҷтимоию таърихии миллати куҳанбунёди мо хидмат намояд. Чунин арзёбӣ намудааст доктори илмҳои фалсафа, профессор Хуршед ЗИЁӢ дар мақолаи...

ТАВСИЯҲО БА ВОЛИДАЙН ОИД БА ИСТИФОДАИ БЕХАТАРИ ИНТЕРНЕТ АЗ ҶОНИБИ КӮДАКОН ВА НАВРАСОН
28 июн

Новобаста аз сабукиҳо ва имконоти фароҳам овардаи Интернет бонги хатари он ҳамарӯза ба гӯш мерасад. Мутахассисон дар бораи зарари воситаҳои истифодаи Интернет (аз ҷумла телефонҳои мобилӣ) ба саломатӣ ва шуури одамон зиёд мегӯянд. Яке воситаҳои интернетро сабаби камхобӣ, дигаре сабаби фаромӯшхотирӣ, сеюмин сабаби гирифтор шудан ба бемориҳои музмир ва чорумӣ сабаби дур шудан аз дунёи воқеӣ медонад. Аммо ҳеҷ як ҳушдори на табиб ва на таҷрибадорон вобастагии қишри калони ҷомеа аз Интернетро бартараф карда наметавона...

Фарҳанги истифодаи воситаҳои техникӣ
1 апр

Мо дар асри XXI зиндагӣ дорем, аз техникаю  технологияи  нав  бархўрдор ҳастем,  аз  компютеру  телефонҳои мобилӣ,  интернет  фаъолона  истифода мебарем.  Маълумотҳои  дилхоҳро  дар ҳар лаҳза дастрас менамоем. Ин ҳама ба манфиати кор аст. Инро ҳамагон дарк мекунанд,  ҷои  таърифу  тавсиф  нест. Бигузор ҳама нотарсида аз ин манбаъҳо истифода  баранд,  аммо  фарҳангу  маданияти  истифодабарии  онҳ...

Устодон ва шогирдони Ибни Сино
14 мар

Абӯалӣ ибни Сино барин шахси заковатманд, олими муқтадири соҳаҳои гуногуни илми асрҳои миёнаи Шарқ дар назди кӣ дарс омӯхта, малакаю маҳорати фитрии худро такмил додаст? Аз ихлосмандону ҳаводорон ва мухлисони бешумори Ибни Сино киро шарафи боифтихор шогирдӣ муяссар гардидааст? Ба ин суолҳо дар як қатор манбаъҳои асримиёнагӣ, таъриху тазкира ва инчунин тадқиқоти гуногуни махсуси илмӣ қайду ишораҳо пайдо кардан мумкин аст. Дар ин маънӣ истифодаи ахбори «Татимату сивон-ул-ҳикмат»-и Абулҳасани Байҳ...

«САДА — САД БА ҒАЛЛА, ПАНҶОҲ БА НАВРӮЗ»
29 янв

Ҷашни Сада ба монанди Наврӯз таҷассуми суннатҳои аҷдодист, ки инкишофи тамаддуни башарӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ аз он баҳра бурдааст. Новобаста аз гирудорҳои сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию мазҳабӣ ҷашни Сада тавонист аз гузаштаҳои дур то имрӯз эътибору манзалати иҷтимоии хешро ҳифз намояд. Эҳёи таҷлили пуршукӯҳи ҷашнҳои бостонии миллати куҳанбунёд навидест, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мешавад. Рӯйоварӣ ба гузаштаи пурғановати ниёгон ва...

Имло ҳанӯз таҳрирталаб аст
17 янв

Пас аз интизориҳои зиёд ниҳоят қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ мураттаб гардиду аз чоп баромад. Ҳама умед доштанд, ки ин бор баъзе хатоҳову духӯрагиҳову носаҳеҳиҳои имлои пешина ислоҳ мешаванд. Зеро дар ин бора чандин мақолаи донишмандону забоншиносон чоп шуда буд, ки ба инобат гирифтани онҳо, бешубҳа, боиси беҳбуди имлои нав шуда метавонист. Воқеан, дар қоидаҳои имлои нав баъзе дигаргуниҳо ва ислоҳҳо мушоҳида мешаванд. Чунончи, ҳарфи ӯ-ро, ки садоноки маънисоз аст, аммо баъзеҳо аз алифбо берун карданаш мехос...