Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Тартиботи дохили литсей

lip.png

Қоидаҳои тартиботи дохилии литсей барои хонандагон

1. Муқаррароти умумӣ

1.1   Қоидаҳои тартиботи дохилии литсей (қоидаҳо). Дар асоси низомномаи литсей тартиб дода шудааст.

1.2   Қоидаҳои мазкур меъёрҳои асосӣ ва қоидаҳои рафтори хонандагонро дар дохили литсей ва ҳудуди он, чорабиниҳои берун аз синф бо иштироки хонандагонро ба танзим медарорад.

1.3   Мақсади қоидаҳо:

- Муҳайё намудани муҳити кори мӯътадил баҳри ташкили раванди таълиму тарбия.

- Таъмин намудани азхудкунии пурраи барномаи таълимӣ.

    - Тарбияи эҳтироми шахс ва ҳуқуқҳои он

     - Инкишофи маданияти рафтор ва муомила байни ҳамдигар

 

2. Вазифаҳои умумии хонандагон:

2.1 Қоидаҳои талабагӣ, қарорҳои Шӯрои омӯзгорон, қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва зиддисӯхториро риоя намуда, талаботҳои маъмурият ва омӯзгоронро баҳри таъмини бехатарии раванди таълим иҷро намоянд.

2.2. Дар ҳудуди литсей ва берун аз он чунон рафтор намоянд, ки намунаи ибрати дигарон бошанд.

2.3. Ба дарсҳо сари вақт хозир шуда, бе сабаб аз дарсҳо дер намонанд.

Дар ин ҳолат хонанда ба роҳбари синф тасдиқномаи тиббиро оиди беморӣ, пешниҳод намояд.

2.4. Ҳангоми рафти таълим аз ҳудуди литсей, бе иҷозати маъмурият баромадан манъ аст.

2.5. Дар корҳои ҷамъиятии литсей фаъолона иштирок намоянд.

2.6. Бо кормандон ва меҳмони литсей салом дода, нисбати калонсолон ҳурмат зоҳир намудан ва нисбати хурдсолон ғамхорӣ кардан, хонандагон ба калонсолону омӯзгорон роҳ медиҳанд, литсеистони синфҳои болоӣ ба хурдсолон ва писарон ба духтарон роҳ медиҳанд.

2.7. Ҳолатҳои баҳсу муноқишаро бо назардошти ҳурмату эҳтироми ҳамдигар ба созиш оваранд. Барои ёрӣ дар ҳалли ин масъала ба роҳбари синф, маъмурият, равоншинос муроҷиат намоянд.

2.8. Моликияти литсейро эҳтиёт намуда, дар таъмир ва нигоҳдошти он ёрӣ расонанд.

2.9. Ба ҳолати зоҳирии худ аҳамият диҳанд, либоси ягонаи литсейро нигоҳ доранд.

2.10. Манъ аст:

         - ба литсей ва ҳудуди он овардани аслиҳа, маводҳои кимиёвии – тарканда ва сӯзанда, тамоку, нӯшокиҳои спиртӣ, инчунин маводҳои мухаддиру заҳрдор ва ғайра.

          -истифодаи телефони мобилӣ;

         - кашидани тамоку дар литсей;

         - истифодаи суханҳои қабеҳ;

         - бе зарурият дар дохили бино бо либоси болоӣ, телпак гаштан;

 

3. Омадан ва рафтан ба литсей

3.1. ба литсей 10-15 дақиқа пеш аз саршавии ҷамъомади пагоҳирӯзӣ бо либоси тоза ва дарзмолшуда ҳозир мегарданд.

3.2. Бо худ доштани рӯзнома (ҳуҷҷати ассосии хонанда) ва ҳамаи маводҳои таълимие, ки барои дарс лозиманд.

3.3 Ҳангоми вориди (дохили) литсей шудан (дар мавсими зимистон) хонандагон либосҳои болоиро кашида, дар синфхонаҳои вобаста кардашуда мегузаранд.

3.4. Пеш аз саршавии дарс хонандагон бо ҷадвали дарсӣ мувофиқа намуда,то садо додани занг назди синфхона ҳозир шуда, бо иҷозати омӯзгор вориди синф шуда, ба дарс тайёр мешаванд.

 

4. Рафтор дар рафти дарс

4.1 Хонандагон дар синфхона мувофиқи тартиби муайян кардаи омӯзгори фаннӣ ё роҳбари синф мешинанд.

4.2. Ҳар як омӯзгори фаннӣ қоидаҳои хоси рафтор дар вақти дарсро дорад, ки ба қонунҳои мавҷудаи ҶТ ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ мухолиф нестанд ва иҷрои онҳо аз тарафи хонандагон дар вақти дарси омӯзгор ҳатмист.

4.3. Пеш аз саршавии дарс хонандагон ҷойи кори худро (дафтар, китоб, рӯзнома ва қалам) омода месозанд.

4.4. Дар ҳолати дер мондани хонанда, бо иҷозати омӯзгор вориди синф шуда, барои дермониаш узр мехоҳад ва барои нишастан иҷозат мепурсад.

4.5. Ҳангоми ба синф ворид шудани омӯзгор хонандагон аз ҷой бархоста, салом медиҳанд ва бо иҷозати омӯзгор ба ҷояшон менишинанд.Бо ин тарз хонандагон ҳамаи калонсолонеро, ки ба синф ворид мешаванд, истиқбол мегиранд.

4.6. Вақти дарсӣ танҳо барои омӯзиш ва дарсазхудкунӣ сарф мешавад. Ҳангоми дарс мағал кардан, бо гапҳои берун аз дарс атрофиёнро банд кардан ва бозӣ кардан манъ аст.

4.7. Бо талаби омӯзгор хонанда рӯзномаашро пешниҳод мекунад. Рӯзнома ҳуҷҷати асосии хонанда буда, бо ҳусни хати зебо, тоза пур карда мешавад ва охири ҳафта аз тарафи роҳбари синф тафтиш карда мешавад. Волидон пас аз тафтиши рӯзнома имзои худро мегузоранд.

4.8. Агар барои хонанда бо зарурат берун баромадан лозим бошад, ӯ бояд аз омӯзгор иҷозат пурсад.

4.9. Занги итмоми дарс барои омӯзгор аст. Танҳо пас аз иҷозати омӯзгор хонандагон ҷойи кори худро ба тартиб дароварда, аз синф мебароянд.

4.10. Хонандагон дар дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ бояд ҳатман либоси варзишӣ, пойафзоли махсус дошта бошанд. Дар дарсҳои таълими меҳнат низ хонанда бояд либоси махсус дошта бошад. Дар ҳолати надоштани ин гуна либос, хонандагон дар синф мемонанд, вале ба дарсҳо роҳ дода намешавад.

4.11. Дар литсей истифодаи телефонҳои мобилӣ ва дигар тачҳизоте, ки ба раванди таълим дахл надорад, манъ аст.

 

5. Рафтор дар вақти танаффус

5.1. Хонандагон вақти танаффусро бояд барои дамгирӣ истифода намоянд.

5.2. Ҳаракат дар роҳравҳо зинапоя, гузаргоҳҳо аз тарафи рост амалӣ мегардад.

5.3. Хангоми танаффус ба хонандагон манъ аст:

- Мағал кардан, ҳангоми дамгирӣ ба дигарон халал расонидан, дар зинапояҳо, назди тирезаҳо ва ҷойҳои дигар давидан;

- Якдигарро тела додан, ба ҳамдигар ҳар гуна ашёҳоро партофтан, зӯроварӣ кардан;

- истифодаи суханҳои қабеҳ ва ҳар гуна имову ишораҳои номатлуб.

 

6. Рафтор дар ошхона

6.1. Хонандагон қоидаҳои гигиениро риоя мекунанд; пеш аз даромадан ба ошхона дастонашонро мешӯянд.

6.2. Хонандагон дар ошхона аз рӯйи навбат харидорӣ мекунанд ва тартибу интизомро риоя менамоянд.

6. 3 . Истеъмоли хӯрок ва нӯшокиҳо, ки аз ошхона харидорӣ шудааст ё бо худ оварда шудааст, танҳо дар ошхона мумкин аст. Хонандагон пас аз истеъмоли хӯрок косаю табақи худро ба нуқтаи муайяншуда месупоранд.

 

7. Рафтор ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои берун аз синфӣ

7.1. Пеш аз гузаронидани чорабиниҳо, хонандагон ҳатман бо қоидаҳои техникаи бехатарӣ шинос карда мешаванд.

7.2. Ҳангоми гузаронидани чорабинӣ хонанда бояд ҳатман ҳама нишондодҳои роҳбарро иҷро намояд. Ҳама гуна рафторе, ки барои ҳаёти хонанда ва атрофиён таҳдидомез аст, манъ аст.

7.3. Хонандагон бояд тартибу интизомро риоя намуда, аз гурӯҳи худ ҷудо нашаванд.

7.4. Қоидаҳои гигиенаи шахсиро риоя намуда, дар ҳолати бад шудани саломатӣ ё гирифтани ягон ҷароҳат сари вақт ба роҳбар муроҷиат намоянд.

7.5. Истифодаи оташ (шамъ, ашёи тарканда, гулхан ва ғ), истифодаи моддаҳои химиявӣ, ашёҳои пиротехникӣ ва дигар маводҳо, ки сӯхторро ба амал меоранд, манъ аст