Литсей як намуди нави мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ буда, ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандро дар бораи гирифтани маълумоти миёнаи асосӣ ва таълимоти миёнаи умумӣ таъмин менамояд.
14 январи соли 1992 литсейи №1-и шаҳри Душанбе таъсисёфта, тибқи фармони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 феврали соли 1998, №60 ба Муассисаи таълимии давлатии таълимии литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ шудааст. Аз 17.08.2020 ба "Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон" номгузорӣ шуд.
Литсей-интернатӣ Президентӣ мақоми ҷумҳуриявӣ дошта, дар он кӯдакони лаёқатманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сезабон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) таҳсил карда, соҳиби маълумоти миёнаи умумӣ мешаванд.
Литсей-интернат фаъолияти худро дар асоси Конститутсяи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Консепсияи миллии таҳсилот, Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ, Низомномаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, қарору фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиннома ва Низомномаи хеш ба роҳ мемонад.
Литсей-интернати президентӣ мақоми ҷумҳуриявӣ дошта, шомили сохтори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарпарасти он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Литсей дорои 55 синфхонаи таълимӣ, кабинети дуредгарӣ ва дӯзандагӣ, 2 толори варзишӣ, толори маҷлисгоҳ, ошхона ва хобгоҳ мебошад.
Забони таълим | тоҷикӣ, русӣ, англисӣ |
---|---|
Суроға | шаҳри Душанбе, кӯчаи М.Шерализода, бинои 17 «А» |
Шумораи хонандагон (2018 с) |
1200 нафар, аз он ҷумла духтарон 472 нафар |
Омӯзгорон (2018 с) |
93 нафар, аз ҷумла занҳо 63 нафар Аз шумораи омӯзгорон 8 нафар аз хориҷи кишвар мебошанд. |
Ному насаби директор | Солҳои директорӣ |
---|---|
Салиҳов М.Б | 14.01.1992-1995 |
Султоншехов И.С | 1995-1.03.2001 |
Шамсуддинов З.Ш | 1.03.2001-15.12.2008 |
Муминова Давлатбӣ Намозовна | 15.12.2008-29.10.2011 |
Мадатова Манзура Тоҷиддиновна | 29.10.2011- 03.2015 |
Исмоилзода Баҳром Мансур | 03.2015 - 05.03.2021 |
Ғайратзода Лайло Диловар | 05.03.2021 - дар вазифа |
Дар тӯли мавҷудияти литсей Суяров Қ, - номзади илмҳои химия, Наҷмиева Ҳ, - номзади илмҳои педагогика, Элбоев В, - номзади илмҳои филология кору фаъолият кардаанд.
Номи омӯзгорони шодравон: муалимаи география дорандаи ордени «Дӯстӣ» Ҷумаева Истода ва аъзои Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, муаллими расм ва нақша Очилдиев Олимҷон дар таърихи литсей абадан нақш баста аст.
Омӯзгорони литсей – интернати Президентӣ дар фаъолияти ҳама рӯзаи хеш баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия заҳмати зиёд мекашанд.
Кӯшишҳои аҳли литсей маҳз баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон, Вазорати маориф равона карда шудааст. Сифати таълиму тарбия ва сатҳи донишу маърифати хонандагон дар тарзи ба роҳ мондани кори таълиму тарбия зоҳир мегардад.
Аз ҷумла, иштироки хонандагон дар Олимпиадаҳои фаннӣ, байналмилалӣ, фосилавӣ дохил шудани хатмкунандагон ба мактабҳои олӣ яке аз меъёрҳои иҷрои стандарти давлатии таълим ба шумор рафта, аз такомули тафаккури мантиқии хонандагон, бедории шавқу завқи хонандагон дар омӯзиши фанҳои дӯстдоштаи онҳо дарак медиҳад.