Бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолии кишвар, бешубҳа, барқарор шудани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст, ки он бо шарофати заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат ба даст омадааст. Чунин иброз дошт муовини Раиси шаҳри Душанбе, номзади илмҳои таърих Мавсума МУИНӢ. Ӯ дар идома андешаҳояшро бахшида ба Рӯзи Президент чунин баён дошт: — Дар таърихи ҳар миллат рӯйдодҳои муҳиме ҳастанд, ки ба номи шахсиятҳои барӯманди он зич алоқаманд буда, аҳамияти онҳо бо гузашти солҳо ҳам...
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, Президент ва миллат буда, дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ баргузор намудани он нишонаи шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мегардад. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни ҳар шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва санаи ифтихорӣ барои ҳар сокини озоду осудаи Тоҷикистони навин аст. Бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ...
Салом, ман Амина Мансурова, хонандаи синфи 2 "В" -и Литсейи президентӣ - барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳастам. Ҷумҳурии мо аз ҷиҳати оби тоза дар ҷаҳон дар ҷойи 2-юм қарор дорад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2018 то 2028 даҳсолаи "Об барои рушди устувор" эълон карданд. Муаллимаи ман Бекназарова Мадина Давлатёрова. Ман бо роҳбарии муаллимаам дар мавзӯи "Об манбаи ҳаёт" лоиҳа омода...
Муассисаи нашриявии «Маориф»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Бибӣ ва чил набера» китобчаеро бо ороиши зебо ва иборат аз чанд ҳикояи шавқангезу марғуб барои кӯдакон ба нашр расонид. Муаллифи асари тозанашр Бурҳон Салмон мебошад. Ӯ чун муҳаррири китобча — нависанда, тарҷумон ва публитсист Бахтиёри Муртазо ба муаррифии хосса ниёз надорад. Зеро аҳли қалам ва ва хонандагони сершумори хушзавқ ӯро чун муаллифи ҳикояҳо, рӯзноманигор ва мутарҷим дер боз мешиносанд ва ба нигоштаҳояш баҳои сазов...
Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон /АМИТ/ бори нахуст байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳри Душанбе аз фанни физика барои дарёфти Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмуни шаҳрӣ оғоз гардид. Озмун дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф» барои солҳои 2020-2040 ташкил гардидааст. Зимни ифтитоҳи озмун президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ таъкид кард, к...
Ҳамватанони азиз! Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мардуми шарифи мо ҳар сол санаи қабул гардидани ин санади муҳимми тақдирсозро бо ифтихору сарфарозӣ таҷлил менамоянд, аз ҷумлаи дастовардҳои бисёр арзишманди даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб меравад. Ба ин муносибат тамоми сокинони шарафманди кишварро самимона табрик мегӯям. Ҳадафи мо аз ҳамасола ҷашн гирифтани рӯзи қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, эҳтирому арҷ гузоштан ...
Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамватанони азиз! Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли мардуми шарифи кишвар самимона таҳният гуфта, ба ҳамаи Шумо саломатӣ, хотирҷамъӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоем. Воқеан, мардуми моро бахту саодати бузурге насиб шудааст, зеро Конститутсияи мо...
Дар кишвари мо аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-соли таърихӣ сипарӣ мегардад ва мо шоҳиди онем, ки арзишҳои волои ин бахтномаи миллат барои таъмини мустақилияти комил, ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешрафти ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаи муосири мо нигаронида шудаанд. Дар шароити муосир нақши рўзафзуни Конститутсия ҳамчун санади олиии ҳуқуқӣ дар давлатдории ҳар як давлати соҳибихтиёр равшан муайян гардидааст. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар муддати 29-соли истиқлоли давлатӣ и...
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ аз нав вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Ба ин муносибат дар толори нави Вазорати маориф ва илм бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷамъомад баргузор гардид. Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷ...
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Имомзода М.С. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам : 1. Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад. 2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ...