16 ноября 2020 08:11
Количество просмотров: 23430
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, Президент ва миллат буда, дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ баргузор намудани он нишонаи шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мегардад.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни ҳар шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва санаи ифтихорӣ барои ҳар сокини озоду осудаи Тоҷикистони навин аст.
Бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16 ноябр дар мамлакати мо таҷлил мгардад, ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлати миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад.
Дар робита ба ин рӯзи муборак таваҷҷуҳ намоед ба андешаҳои Шоири Халқии Тоҷикистон, Камол НАСРУЛЛО.
Дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маъракаи муҳими сиёсӣ- Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанде пеш ба вуқӯъ пайваст, ёдоварӣ намудан хеле барҷост, зеро он зуҳуроте гардид, ки ба ҳама суолҳо, ба ҳама шубҳаву тахминҳо ва баҳсу гумонҳои бемавриду нодаркор посухи қотеъона дод. Ин интихоботе, ки дар шоҳидии ҳамаи мо, ҳамаи дунё дар ғояти шаффофӣ, бидуни сохтакорӣ, воқеан демократӣ гузашт, нишон дод ва собит сохт, ки дар Тоҷикистони азизи мо имрӯз халқ ва Президент ба марҳилаи ягонагӣ, эътимоду бовар ба ҳамдигар расидаанд. Мо шоҳиди он шудем, ки мардум ба ҷиддитарин амали худ, интихоби ояндаи худ — интихоби Президент, яъне Сарвари давлати худ бо эътимоду эътиқоди хосса, бидуни раҳнамоӣ ва тарғиботе, бо хости дилу ақидаву дарки масъулият меомаданд. Мунозираву мубоҳисаҳо дар байни мардум оид ба ин масъала аслан вуҷуд надоштанд, пешакӣ маълум буд,ки халқ киро ва чаро интихоб мекунад. Аммо тири онҳое ҳам, ки мехостанд Тоҷикистонро дар вартаи ҷудоиву талошҳо ва парокандагиву нифоқҳо бубинанд, ба хок хӯрд. Тамоми нозирони ҷаҳонӣ, онҳое, ки бе ҳеҷ мамониате рафти баргузории ин интихоботро таҳти назорат нигоҳ медоштанд, ҳама якдилона ва бо як забон шаффофу беғараз ва демократӣ баргузор шудани онро эътироф намуданд.
Дар ҷаҳони пур аз тазод, пур аз ҷангу ҷидолҳои шигифтангез, талошу муборизаҳои тамаъкоронаи кишварҳо миёни ҳамдигар, ки танҳо фоҷиа, ғаму ғурбат, гуруснагиву бесару сомониву бехонумониро ба бор овардааст, магар ин таҷрибаи Тоҷикистони сулҳпарвар бо Сарвари башардӯсташ намунаи ибрат нест!? Ин сарзамине, ки имрӯз дар тинҷиву амонӣ ва сарсабзиву шукуфоӣ ба сар мебарад, аз рӯзҳои нахустини мавҷудият, пас аз гузаштан аз гаронтарин имтиҳони ба сараш таҳмилшудаи таърих тавонист роҳи солими ҳамзистӣ, созандагӣ, рушд ва эҳёро пеш бигирад. Танҳо бо масъулияти баланд ва пайваста ба бунёди устувори зербун ва зинаҳои қавии Истиқлоли давлатӣ, ваҳдату ягонагии халқи худ, шинохти ҳувияти миллии худ, эҳёи маросиму суннатҳои некаш, ки заминаи эҳёи дубораи ӯ шуда метавонистанд, камар баст.
Ин роҳ – роҳи 30 соли тай намудаи миллати некӯманиши тоҷик бо Сарвари ҷоннисор ва ватандӯсташ воқеан намунаи ибратомӯз, мактаби омӯзиши интихоби роҳи дурусту ҳадафнок барои ҳама кишварҳои хурду бузург метавонад бошад.
Албатта, душвор аст дар як гузориши кӯчак ҷой додани тамоми фаъолият ва намунаҳои мушаххасу ибратбахши як роҳбари баргузидае, ки тавонистааст халқи худро ҳам аз вартаи нестӣ наҷот бидиҳад ва ҳам ба зинаҳои баланди амнияту пирӯзиҳо бирасонад. Аммо биёед, кӯшише кунем, ки лоақл чанд вижагиҳои асосӣ ва шоистаи ин зуҳуротро ном бибарему пеши назар орем, то симои воқеии Сарвари давлати мо, ки халқ ӯро Пешвои воқеии худ хондааст, пеши назар ояд.
Ба андешаи банда, вижагии аввалро дар сиришти инсонӣ ва шахсияти Эмомалӣ Раҳмон бояд ҷуст. Аз ҳамон муҳити Иҷлосияи таърихии шонздаҳум, аз ҳамон муҳити номуайяниву шубҳаноку таҳдидоваре, ки дигарон худро канор гирифтаву тарсиданд масъулияти ватандориро ба зимма гиранд, аммо ӯ бебокона, ҷоннисорона бархоставу масъулиятро ба зимма гирифт ва табиист, ки он лаҳза на дар гумони ӯ, на дар гумони дигарон ҳадафи соҳиби тоҷу тахт шудан набуд. Он вақт ҳадаф ҳамин якто буд: наҷот додани Тоҷикистон. Ҳамин ҷасорати ватандӯстонае, ки ӯро ба по хезонд, ҳамеша бо ӯ монд ва минбаъд шоҳиди садҳо рафтору кирдорҳое гардидем, ки ҷасоратро ба чашми мо ҳар гоҳ дурахши тоза медоданд.
Оё ин ҷасорат набуд, вақте ӯ дасти тиҳӣ, яъне бе силоҳу бо бовар дар хатарноктарин вазъият ба хориҷи кишвар ба назди мухолифин рафт, мухолифине, ки туфангашон пур аз тир ва сиришташон пур аз интиқом буд. Дар вазъияте, ки ҳар лаҳза метавонистанд ӯро маҳв созанд ва касе кафолате намедод? Ва ин амал на як бор такрор ёфт.
Оё ин ҷасорат набуд, вақте ки тамоми дунё, кишварҳои абарқудрат, душманони тавоно, ҳама коршиносони олам, ҳама сиёсатмадорон, таҳлилгарону мутахассисон бо як овоз муқобили бунёди НБО-и “Роғун” буданду ӯ тани танҳо дар муқобил истод ва гуфт: Не! Мо “Роғун”-ро месозем! Ва сохт ва исбот кард, ки сохтан мумкин аст, на фақат мумкин аст, балки зарур аст.
Мо ду мисол аз ҷасоратҳои ӯ овардем, ҳол он ки онҳо садҳоянд ва дар тӯли 30 соли бунёди Истиқлоли давлатии ҷумҳуриамон мо борҳо шоҳиди зиндаи онҳо будаем.
Вижагиҳои зиёди барҷастаи дигари ӯро метавон ном бурд. Аммо оё ҳоҷат ҳаст, вақте ки ҳамагон онро медонанд.
Интихоби дурусти роҳҳои аввал дар пешгирии ҳадафҳои стратегии мамлакат, ки имрӯз натиҷаҳои некашонро мебинем, аз вижагиҳои дигари сиёсатмадории ӯст. Дар он замон аз хазинаҳои тиҳӣ, аз сифр оғоз кардану ба миллиону миллиарди имрӯза расидан номумкин ба назар мерасид. Одатан кишварҳои кӯчак дар чунин вазъияту мавридҳо касодтар мегарданд, аммо имрӯз Тоҷикистони сисолаи мо симои дигар дорад, симои боварибахшу эътимоддошта ба худ, симои ҷавонмарде, ки роҳи солими зиндагиро пеш гирифтааст.
Тарҳандозии Ваҳдати миллӣ аз оғози фаъолият, ҳамеша такя кардан ба неруи мардумӣ, ба муҳаббати мардум, ба эҳсоси ватандӯстии онҳо аз вижагии дигарест, ки давлатро ба ягонагӣ расонидааст ва интихоботи гузаштаи Президент, чунон ки гуфтем, далели равшани он аст.
Пеш гирифтани роҳи худшиносии миллӣ аз рӯзҳои нахустини фаъолияти сарварии худ аз хусусияти дигари сиёсии ӯст. Тамоми бузургдоштҳо, ҷашну маросими барпошуда, маъракаҳои сатҳи ҷумҳуривию ҷаҳонӣ дар мамлакати мо бо ташаббуси Сарвари давлат ҳамин ҳадафро доштанд. Ва онҳо тавонистанд дар сиришти халқи тоҷик масъулияти ватандорӣ ва ифтихори миллӣ бедору пойдор гардонанд.
Бозгашт ба асолати миллӣ, эҳёи суннатҳои неки гузашта, ки тӯли асрҳо барои миллати ҷабрдидаи мо чун сипар хидмат намудаанд, эҳёи Наврӯз, Сада, Меҳргон, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ иқдом ва роҳҳое буданд барои бозгашт ба асолати миллии мо, ки тавонистанд симои миллии миллати моро дар ҷаҳон аз нав ҷилвагар намоянд ва маҳбубияти дигар халқу кишварҳоро ба он бедор намоянд. Пешорӯи мардум овардани оинаи таърих дар эҷоди асарҳои таърихшиносии Пешво симои воқеӣ ва маънавии халқи моро бори дигар ба ҷаҳониён ҷилвагар сохт. Ин иқдоме буд, ки корномаи ҷоннисоронаи Бобоҷон Ғафуровро идома дод. Дар интихоби асолати миллӣ такя овардан ба маърифату маънавиёти асили миллати тоҷик, Қаҳрамони миллӣ интихоб кардани Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсузода ва дигарон далели дурахшони ин гуфтаҳоянд.
Вижагии дигар аз оғоз, сарсабзу шукуфон ва самаровар намудани ҳар ваҷаб хоки диёр мебошад. Таъсиси ҳазорон гектар боғу токзор, майдонҳои бузурги зироаткорӣ, ки на танҳо симои мамлакатро зеботар сохтанд, балки дар таъмини истиқлоли озуқавории ҷумҳурӣ саҳми бузург ниҳоданд.
Бунёди роҳҳои сатҳи баланди байналмилалӣ, нақбҳое, ки ҳатто дар замони Шӯравӣ натавонистанд онҳоро бисозанд, роҳҳо ва нақбҳое, ки Тоҷикистони парокандаро ба ҳам оварданд ва мардуми тоҷикро ба армонҳои садсолааш расониданд, аз дастовард ва пирӯзии дигари халқ ва Пешвои миллати мост.
Метавон боз хеле гуфту гуфт. Дар ин сӣ сол мисли ин ки роҳи садсолаҳо тай гардид ва ин ба чӣ шарофат буд? Албатта, ба шарофати Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва иқдому ташаббусҳо ва сиёсати ватандӯстонаи Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон буд.
Наметавон боз як вижагии дигари инсонии Сарвари давлати моро сарфи назар кард, ки дар парастиши ятимон, дастгирӣ аз камбизоатону бепарасторон, кӯдакони соҳибистеъдод, бурдани дасти шафқат бар сари онон зоҳир мегардад.
Ҳадафи асосӣ ва аввалиндараҷа қарор додани ду самти асосии зиндагонии халқ, яъне бунёди маънавиёти миллӣ, тавассути пешрафти мактабу маориф ва саломатии миллат тавассути тадбирҳои андешидашуда барои боло бурдани сатҳи соҳаи тандурустӣ низ аз иқдомҳои саривақтӣ ва самарабахши Пешвои миллати моянд.
Ва оқибат бунёдкориву созандагиву шукуфоиҳое, ки имрӯзҳо ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ то дурдасттарин гӯшаҳои мамлакатро фаро гирифтаанд. Мо шоҳидем, ки дар ду-се соли охир симои давлати моро ин созандагиҳо то ҳадди ношинохтанӣ дигаргун, яъне ободу зебо намудаанду ин ободиву созандагиҳо бо суръати баланд идома доранд ва метавон умедвор буд, ки дар кӯтоҳтарин муддат Тоҷикистони азизи мо ба биҳишти рӯи ҷаҳон табдил хоҳад ёфт.
Тозатарин падидаи дурахшони замони Истиқлоли давлатии мо, ки боз такони дигаре ба ҷомеа, маънавиёти миллии мо дода тавонист, роҳандозӣ шудани озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ” мебошанд, ки низ бо ташаббус ва роҳнамоии бевоситаи Пешвои миллатамон рӯйи кор омаданду аллакай натиҷаҳои самарабахш медиҳанд.
Имрӯз дар таҷлили Рӯзи Президенти Тоҷикистон мо дар қатори мардум, халқи ватандӯсти тоҷик дар як саф истода дуо мекунем, ки Худованди карим Пешвои муаззами миллати мо, наҷотбахш ва раҳнамои Тоҷикистон, ин қаҳрамони воқеии миллатро ба бахти миллати тоҷик саломату сарбаланд нигаҳ дорад.
ЭЙ ВАТАН, БО ПЕШВОЯТ ЗИНДА БОШ!