Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни бостонии Меҳргон, ки мероси гаронбаҳои маънавии ниёгонамон мебошад, самимона табрик мегӯям. Ҷашни Меҳргон дар таърихи тамаддуни мардумони ориёитабор аз ҷумлаи ойинҳои бисёр арзишманде мебошад, ки ба туфайли заминаву фазилатҳои муҳимми табиӣ, иҷтимоӣ ва маънавии худ то ба рӯзҳои мо расидааст. Меҳргон ҷашни тирамоҳии сол ба шумор рафта, гузаштагони мо онро ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ва заҳмати кишоварзон баргузор мекарданд ва ...
Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мо онро ҳар сол ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ва гиромидошти забони ширину шевои тоҷикӣ таҷлил менамоем, самимона табрик мегӯям. Мардуми шарифи Тоҷикистон дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ шоҳиди дигаргуниҳои бузургу бесобиқа дар тамоми самтҳои ҳаёт, аз ҷумла дар татбиқи сиёсати давлатии забон, яъне пешрафти он ва ба таври куллӣ вусъат гирифтани доираи истифодаи забони шоиронаи тоҷикӣ гардидаанд. Маҳз...
Бахшида ба рӯзи омӯзгорон дар толори маҷлисгоҳи Литсей-интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор устодон ва омӯзгорон борои хизматҳои шоиста ва дар саҳмгузори дар таълиму тарбияи насли наврас бо унвонҳову ифтихорномаҳо ва "Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон" сарфароз гардонида шуданд.
Устодону омӯзгорони мӯҳтарам! Иди касбии тарбиятгарони насли ояндасоз Рӯзи омӯзгоронро ба кулли кормандон соҳаи маорифи кишвар самимона табрик мегӯям. Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор, Шавад аз бехирад тира рӯзгор. Боиси ифтихор аст, ки халқи шарафманд ва соҳибхиради мо дар рӯҳияи болидаву дили саршори пур аз меҳру муҳаббат ва ифтихор аз Ватану миллат ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро...
Устодон ва омӯзгорони гиромиқадр, муҳтарам кормандони соҳаҳои маориф ва илм! Ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр ҳамчун рамзи эҳтиром ба аҳли таълиму тарбия дар Ватани азизи мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад. Дар кишвари маҳбуби мо, ки маориф соҳаи афзалиятнок ба ҳисоб меравад, омӯзгор мақому манзалати воло ва ифтихорӣ дорад. Бояд гуфт, ки мардуми мо табиатан ба омӯзгор арҷгузоранд, ӯро самимона эҳтиром мекунанд, зеро омӯзгор равшангари дилҳо, машъалафрӯз ва парчамбар...
Санаи 25.09.2021 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Гимназияи хусусии Кафолат - и ноҳияи Сино озмуни стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон байни хонандагони синфҳои 9,10 ва 11 доир гардид. Озмунро Нуров Маҳмадназар - мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ифтитоҳ намуда, ширкаткунандагони озмунро барои иштироки фаъолонаашон дар баргузории озмун бурдбориҳоро таманно намуданд. ...
22 сентябр ҳамасола дар Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мешавад. Бояд тазаккур дод, ки аз соли 2012 инҷониб бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мешавад. Мавриди зикр аст, ки Устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ асосгузори адабиёти классикии тоҷик маҳсуб ёфта, ҳамчун нобиғаи беназири таърихи миллати тоҷик шинохта шудааст. Муҳимтарин хидмати ин абармарди адабиёт бо осори бебаҳояш он аст, ки дар ташаккули забони адабии тоҷикӣ ва ҳифзи он хидмати...
Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиро ба ифтихори сиюмин солгарди истиқлоли давлатӣ – ҷашни бузургтарину муқаддастарини миллии мардуми шарафманди Тоҷикистон самимона табрик мегӯям. Бо ифтихору хушҳолии зиёд иброз медорам, ки ин ҷашни сарнавиштсозро тамоми сокинони мамлакат чанд рӯз инҷониб дар фазои сулҳу субот, бо рӯҳияи баланди ватандорӣ ва қаноатмандиву шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ таҷлил карда истодаанд. И...
Ҳамватанони гиромӣ, устодон, омӯзгорон, шогирдон ва падару модарони арҷманд! Дар таърихи навини Тоҷикистон 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ин сана барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас маҳсуб мешавад. Дар ин лаҳзаҳои пурнишоту фараҳбахш ва пурифтихор бо камоли хушнудӣ ҳамаи Шумо ва дар симои шумо кулли ҳамватанони азизро ба муносибати фаро расидани 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда...
Тахсили босифат ва муҳити бехатар дар синфхона ва ҳудуди муассисаи таълимӣ: Ҳангоми наздикӣ ба одамон ниқобро пӯшида истед Ҳангоми танаффус нигоҳ доштани фосиларо аз ҳамсинфон фаромӯш накунед Обро дар зарфи фардӣ бо худ гиред ва танҳо аз он нӯшед Лавозимоти мактабии дигаронро истифода набаред Барои ҳамсолони худ дар риояи қоидаҳои беҳдоштӣ намуна бошед