Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Хабарҳо

Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе баргузор мегардад

Аз 15 то 20 ноябр дар Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе»  Ҳафтаи  илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе  баргузор мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид. Тибқи ин қарор, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасдиқ гардид, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе. Иқдоми мазкур бо мақсади баланд бардош...

39 ҶОЙИ ИФТИХОРИИ ХОНАНДАГОНИ ПОЙТАХТ ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АНТАЛИЯ

Рӯзҳои 31-уми октябр то 7-уми ноябр соли 2021 дар Ҷумҳурии Туркия 13-умин Олимпиадаи байналмилалии Анталия баргузор гардид, ки дар он 59 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе аз фанҳои математика, забони русӣ, забони англисӣ, география, химия ва биология ширкат варзиданд. Дар ҷамъбаст 39 нафар иштирокчиёни олимпиада ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардида, парчами Тоҷикистони азизамонро баланд бардоштанд. Аз ин шумора 10 нафар сазовори ҷойи 1, 12 нафар сазовори ҷойи 2 ва 17 нафар сазовори ҷойи 3 гардиданд...

ПАЁМИ шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия

Ҳамватанони азиз! Қабули Конститутсияи Тоҷикистон, ки дар роҳи бунёд ва рушди давлати навини тоҷикон нақши сарнавиштсоз дорад, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлол мебошад. Ҳамаи мардуми сарбаланди Тоҷикистонро ба ифтихори ин ҷашни фархунда самимона табрик мегӯям ва ба хурду бузурги кишвар иқболи нек ва зиндагии босаодат орзу менамоям. Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол ин санаи таърихӣ, яъне 6-уми ноябрро бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ ҷашн мегир...

Табрикоти роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Конститутсия

Омӯзгорон, кормандон ва хонандагони азиз! Имсол Рӯзи Конститутсия бо 30 солагии истиқлоли давлатӣ рост омад, ҳамаи Шуморо ба муносибати 27 - умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод мегӯям. Бисту ҳафт сол муқаддам дар кишвари маҳбуби мо тавассути райъпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлоламон, яъне бахтномаи халқамон қабул гардид, ки маҳз ҳамин санади тақдирсоз мардуми парокандаву ҷангзадаро ба ҳам ҷ...

Оғози даври дуюми (ноҳиявӣ) олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Бо мақсади баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба илмомӯзӣ, ташаккули тафаккури мантиқии хонандагон ва муайян намудани хонандагони болаёқат, даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино оғоз гардид. Олимпиада аз санаи 1 то 10 ноябри соли 2021 баргузор гардида, шумораи умумии иштирокчиён дар Олимпиадаи мазкур 7016 нафарро ташкил медиҳад. Хонандагон аз синфи 5 то синфи 11 аз рӯйи 13 фанни таълимӣ қувваи зеҳнии худро месанҷанд. Даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиада аз фанн...

Боздиди Иштирокчиёни Анҷумани VI омӯзгорон ва Кормандони Соҳаи Маорифи Кишварҳои Иштирокчии ИДМ

Иштирокчиёни Анҷумани VI Омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва нахустин фестивали байналмилалии маҳорати педагогӣ аз Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд. Меҳмононро роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ғайратзода  Лайло Диловар, Ҷонишини директор оид ба олимпиада Чубенко Лилия Владимировна,  Ҷонишини ...

Қадрдонии хонандагон ва омӯзгорони Литсейи Президентӣ дар даври шаҳрии озмуни «Илм — фурӯғи маърифат»

Имруз дар шаҳри Душанбе маросими бошукӯҳи ҳавасмандгардонии даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» ба таври тантанавӣ баргузор гардид. Дар маросими мазкур роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аъзои комиссияи озмунӣ, ҳайати ҳакамон, иштирокчиёни даври шаҳрии он аз ҳисоби хонандагону донишҷӯён, ходимони илмӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа ширкат намуданд. Дар аввал муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ паёми шодбошии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ба...

Дар даври шаҳрии озмуни «Илм — фурӯғи маърифат» 75 нафар ғолибон қадрдонӣ шуданд

Дирӯз дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» 75 нафар ғолибоне, ки аз рӯйи ҳафт номина иштирок намуда буданд, дар вазъияти тантанавӣ бо ҷоми ғолиб, мукофотпулӣ ва диплому сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд. Дар маросими бошукӯҳи ҳавасмандгардонӣ  роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аъзои комиссияи озмунӣ, ҳайати ҳакамон, иштирокчиёни даври шаҳрии он аз ҳисоби хонандагону донишҷӯён, ходимони илмӣ ...

Аз 1 то 10 ноябр хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътил мебароянд

1 ноябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили тирамоҳӣ оғоз шуда, то 10 ноябр идома меёбад, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Чоряки якум 31 октябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҷамъбаст гардида, хонандагон ба муддати даҳ рӯз ба таътили тирамоҳӣ мебароянд. Мавриди зикр аст, ки таътили тирамоҳӣ танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва гузаронидани маҷлисҳои падару мод...

25.10.2001 рӯзи паҳншавии Microsoft Windows XP дар сартосари ҷаҳон.

 Номи системаи базавӣ (платформа):      Microsoft Windows  Таҳиягарон:       Microsoft  Технологияҳо:       СО (Системаи оператсионӣ) МУНДАРИҶА Навоварӣ (Инноватсияҳо) Нашрияҳо Навсозиҳо Маҷмӯи хидматрасонӣ 1 Бастаи хидматрасонӣ 2 Маҷмӯи хидматрасонӣ 3 2017: Идомаи нашри навсозиҳо Талаб...