Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:

Чорабини

Ҳаёти литсей

 


 Тақвими руйдодҳо 
2139 2140 2141
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
29 30 31 1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 1 2

Чорабиниҳо

ВОХӮРИИ СУДМАНД
10.10.2024

Санаи 10-уми октябри соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон” бо иштироки прокурори калони Раёсати муқовимат бо терроризм ва экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллӣ, мушовири адлияи дараҷаи сеюм Қаландарзода Эраҷ ва корманди Кумитаи дин ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансур Ниёзӣ ва директори муассиса Ғайратзода Лайло Диловар бо омӯзгорон ва хонандагони синфҳои 8-11 (610 нафар) вохӯрӣ г...

Таҷлили рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар Литсейи Президентӣ
30.09.2024

Бояд тазаккур дод, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ 30 сентябри соли 1207 дар Балх ба дунё омада, дар шаҳри Қунияи Рум зиндагӣ ва эҷод намудааст. Шоир дар соли 1273 дар Рум вафот кардааст. Алҳол оромгоҳаш дар шаҳри Қунияи Туркия қарор дошта, зиёратгоҳи ҳазорон дӯстдорони каломи бадеъ аст. Ҷалолиддини Балхӣ яке аз сермаҳсултарин адибони тоҷик аст, ки бо мероси адабии худ ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштааст. Асарҳои офаридаи ӯ «Девони Шамс», «Маҷолиси саъба», «Мактубот», «Фихи мо фихи», «Маснавии Маънавӣ» мебошанд, ки ...

26 феврал - рӯзи таъсисёбии созмони хонандагон ба номи Исмоили Сомонӣ
26.02.2024

26.02.2024. Ҳамасола 26 феврал дар ҷумҳурӣ Рӯзи таъсисёбии Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат имрӯз дар Литсей қабули тантанавии аъзои нав ба зинаи «Ворисони Сомониён» - и Созмони мазкур баргузор гардид, ки дар он директори литсей Ғайратзода Лайло Диловар ва омӯзгорону хонандагон ширкат намуданд. Созмони хонандагони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ ташкилоти худидораи хонандагон...

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМ ВА БА САФИ СОЗМОН ҚАБУЛ НАМУДАНИ ХОНАНДАГОН
23.11.2023

Санаи 23.11.2023 дар Муассисаи давлатии таълимии ''Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон'' бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ва қабули хонандагон ба сафи Созмони хонандагон зинаи ''Ворисони Сомониён'' бо иштироки директори муассиса Ғайратзода Лайло Диловар, Одинаев Амиралӣ мудири шуъбаи кор бо кадрҳо ва коргузории МД "Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе" , Назирова Маҳбуба мушовир оид ба кори Созмони хонандагони МД "Маркази кӯдакон ва наврасони ноҳияи Сино", роҳбарони Созм...

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА 31-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЛИТСЕЙ-ИНТЕРНАТИ ПРЕЗИДЕНТӢ
16.11.2023

Дар Муассисаи давлатии таълимии "Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба 31-умин солгарди Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Инчунин, байни хонандагону омӯзгорон мусобиқаҳои варзишӣ, соатҳои тарбиявӣ оид ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини сулҳ ва раванди созандагии кишвар гузаронида шуд.

Таҷлили Иди Меҳргон дар МДТ "Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон"
21.10.2023

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 дар ҷумҳурӣ Иди Меҳргон чун иди миллӣ таҷлил карда мешавад. Меҳргон ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил гардида, мисли ҷашнҳои таърихии Наврӯз, Сада, Тиргон ва ғайраҳо аз қадимтарин идҳои миллии мардуми ориёинажод маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, 21-уми октябр дар литсей ин ид таҷлил карда шуд. Сараввал муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Сидиқзода Б.И. оиди таърихи ин ҷашн баромад намуда дар симои хонандагони литсей кулли мардуми шарифи Тоҷики...

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ЛИТСЕЙ-ИНТЕРНАТИ ПРЕЗИДЕНТӢ БАРОИ КӮДАКОНИ БОЛАЁҚАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
08.09.2023

Дар доираи нақша-чорабиниҳои ҷашни фархундаи миллат - 32- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 8 сентябр дар Муассисаси давлатии таълимии "Литсей- интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" якҷоя бо хонандагон таҳти унвони "Истиқлолият - неъмати бебаҳо" чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо сароидани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд. Роҳбари Созмони хонандагон Усмонов Абдулхайр Асрорович чорабиниро омода намуд. Сараввал, муовини директор ...

ВОХӮРИИ СУДМАНД
19.05.2023

Санаи 19.04.2023 дар толори маҷлисгоҳи МДТ"Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" вобаста ба пешгирии омилҳои номатлуб ва дар ин замина ба роҳ мондани ҳамкории судманд байни соҳаи маориф, волидайн ва ВКД бо иштироки директори литсей Ғайратзода Лайло Диловар, сардори хадамоти огоҳонӣ пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони РВКД дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Шоҳиён Алохӯҷа, намояндаи ШВКД дар ноҳияи Сино ва омӯзгорону хонандагон ҳамоиш баргузор гардид. ...

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон
15.04.2023

Санаи 15.04.2023 бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МДТ «Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон» барномаи фарҳангӣ таҳти унвони «Аҷаб шаҳри дилороӣ Душанбе» ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмунҳои шаҳрӣ баргузор гардид. Зимни ифтитоҳи барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ Муовини директор оид ба тарбия Сидиқзода Баракатуло Исмоил иштирокчиёни чорабинии мазкурро аз номи Роҳбарияти Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайр...


Афиша 1 - 10 из 77
Начало | Пред. | 1 2 3 4 5 | След. | Конец