Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:

Чорабини

Ҳаёти литсей

 


 Тақвими руйдодҳо 
2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
27 28 29 30 31 1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМ ВА БА САФИ СОЗМОН ҚАБУЛ НАМУДАНИ ХОНАНДАГОН

23.11.2023

Количество просмотров: 279

Санаи 23.11.2023 дар Муассисаи давлатии таълимии ''Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон'' бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ва қабули хонандагон ба сафи Созмони хонандагон зинаи ''Ворисони Сомониён'' бо иштироки директори муассиса Ғайратзода Лайло Диловар, Одинаев Амиралӣ мудири шуъбаи кор бо кадрҳо ва коргузории МД "Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе" , Назирова Маҳбуба мушовир оид ба кори Созмони хонандагони МД "Маркази кӯдакон ва наврасони ноҳияи Сино", роҳбарони Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе, волидон ва омӯзгорону хонандагон чорабинии тантанавӣ гузаронида шуд.
Сараввал муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Сидиқзода Баракатуллои Исмоил аз номи директори муассиса Ғайратзода Лайло Диловар меҳмононро ба литсей хушомадӣ намуда, ҳозиринро ба 31-юмин салгарди Рӯзи Парчами давлатӣ таҳният намуда, аз ҷумла иброз намуданд, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки миллати тоҷику Тоҷикистониёнро зери Парчами давлатӣ сарҷамъ намояд. Имрӯзҳо хонандагони литсей дар озмунҳои байналмилалӣ парчами моро баланд бардошта, Тоҷикистони азизро муаррифӣ намуда истодаанд, ки боиси ифтихори мо мебошад.
Баъдан Одинаев Амиралӣ мудири шуъбаи кор бо кадрҳо ва коргузории МД "Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе" ҳозиринро ба Рӯзи Парчам табрик намуда, ба хонандагону омӯзгорони литсей барору комёбӣ таманно намуданд.
Бо роҳбарии Роҳбари Созмони хонандагони муассиса Усмонов Абдулхайр Асрорович 93 нафар хонандагони синфи 5-ум ба сафи Созмони хонандагон зинаи "Ворисони Сомониён" қабул гардиданд.
Дар охир барномаи фарҳангии омоданамудаи аъзоёни Созмони хонандагон пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.

Макони баргузорӣ: Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон