Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Вазорати маориф ва илм ташкили таҳсилоти фарогири босифат ва муттасилро бо хонандагон фаъол мекунад

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ ва дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар самти ташкили таҳсилоти фарогири босифат ва муттасил бо хонандагон, падару модар ва аҳли ҷомеа фаъолона кор мебарад. Бо мақсади пешгирӣ ва паст кардани шиддати паҳншавии бемории COVID-19 ва дигар бемориҳои сироятӣ дар байни мардум ва ҳифзи солимии аҳолӣ, аз ҷумла омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ ва дастгирии Иттиҳоди Аврупо Нақ...

Хонандагон матнро бояд чӣ тарз бихонанд? Тавсияҳои адиби тоҷик Азизи Азиз ба омӯзгорон

Азизи Азиз-нависандаи маъруфи кӯдакон, ки замоне худ омӯзгор ҳам буд, ба муаллимон дар мавриди қироати матни ҳикоя ё қисса тавсияҳо додааст. Ин тавсияҳо дар силсилакитобҳои ӯ бо номи “Қиссаҳои айёми таътил”, ки ҳамакнун се китоби он чоп шудааст, интишор ёфтаанд. Яъне, адиби шинохта дар поёни ҳар китоб ба омӯзгорон рӯ меорад ва аз онҳо хоҳиш мекунад, тибқи ин маслиҳатҳо ба хонандагон тарзи хондани матнро омӯзанд, то онҳо имкони бештаре барои дарки қиссаву ҳикояҳо дошта бошанд. Тавсияҳои муфиди адиб ба ин қароран...

Номгӯи мавзӯъҳои намунавӣ барои бахшҳои машварати августии кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020

Масъалаҳои муҳими рушди маориф 1.Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи  маорифи  кишвар. 2.Дастовард ва комёбиҳои аҳли маориф дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 3.Натиҷагирӣ аз вазъи фаъолияти соҳа дар самти таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии ноҳия (...

224 китоб дар шакли 3D

Охири моҳи майи соли равон бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаи Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи вазорат намунаи электронии 224 адад китоби дарсиву бадеӣ дар шакли 3D ҷой карда шуд. Аз шумораи умумии 224 адад китоби электронии шакли 3D 166 ададашро китобҳои дарсӣ барои хонандагони синфҳои 1 то 11 ва 58 адади дигарро китобҳои бадеӣ ташкил медиҳанд. Ба ин китобҳо метавон тариқи зерсаҳифаи «Китобҳои электронӣ дар шакли 3D»-и саҳифаи «Китобҳо...

ҚАРОРИ СИТОД ОИД БА АТТЕСТАТСИЯИ ХАТМИ СИНФҲОИ 9 ВА 11 БА ТАСВИБ РАСИД

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ҷаласаи ғайринавбатӣ доир гардид, ки дар он вобаста ба аттестатсияи хатми хонандагони синфҳои 9 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ чунин қарор қабул гардид: 1. Аттестатсияи хатми хонандагони синфҳои 9 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, бе иштироки хонандагон барг...

Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии Литсей – интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

Кӯдакони азизу меҳрубону саодатманд!   Ҳамасола дар саросари дунё 1-уми июн ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад, аз ҷумла дар Тоҷикистони маҳбуби мо ҳам ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Ин санаи фархундаро ба тамоми кӯдакону наврасон табрику муборакбод гуфта, барои онҳо даврони босаодати наврасӣ, осмони соф, оромию осудагӣ ва хандаи беғубори тифлӣ таманно дорам. Санаи мазкур солҳост, ки дар миёни мардуми мо ҳамчун яке аз рӯзҳои муҳим...

МУРОҶИАТНОМАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ХОНАНДАГОН, ДОНИШҶӮЁН, УСТОДОН, ОМӮЗГОРОН, ПАДАРУ МОДАРОН ВА АҲЛИ МАОРИФИ КИШВАР

Хонандагону донишҷӯёни азиз, устодону омӯзгорони муҳтарам, падару модарони меҳрубон, аҳли маориф ва илми кишвар, тавре ки огаҳӣ дорем, мутаассифона, бемории сироятии КОВИД – 19, ки аксари мамлакатҳои оламро фаро гирифтааст, вориди кишвари мо низ гардид.  Ин бемории сироятӣ чандин омӯзгору олим ва кормандони соҳаи маориф ва илмро аз байни мо бурд. Вазорат бо андӯҳи гарон ба аҳли хонадону пайвандони фавтидагон изҳори тасаллият намуда, ба онҳо сабру бурдборӣ хоҳон аст.  Бемории мазкур имрӯз тамоми ...

ИДИ ҒАЛАБА МУБОРАК, ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!

   Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Ҳар сол дар кишвари азизу маҳбуби мо ба хотири ёдбуди онҳое, ки баҳри халқу Ватан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон фидо намудаанд ва барои қадрдонии онҳое, ки баҳри ба даст овардани ғалаба мардонавор ҷангидаанд, 9 май ҳамчун Иди Ғалаба ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ а...

МАВЗӮИ РӮЗ

БА ХОТИРИ ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИИ КОРОНАВИРУСИ НАВЪИ COVID – 19. ХУД ВА ДИГАРОНРО АЗ СИРОЯТИ КОРОНАВИРУС ҲИФЗ НАМОЕД! ...

Худ ва наздиконатро ҳифз намо!

«Худ ва наздиконатро ҳифз намо!» — таҳти ин унвон  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  аксияи тарғиботӣ  роҳандозӣ кард.  Аксияи мазкур  бо мақсади ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи қоидаҳои гигиенӣ ва пешгирии бемории коронавирус (COVID-19) амалӣ гардида, дар он  мураббияҳои муассисаҳои томактабӣ, роҳбарони синф ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, магистрантон, аспирантон ва омӯзгорони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти олии ка...

Хонандагон метавонанд дар давраи таътил дарсҳоро тариқи барномаи «Сандуқчаи зулбиё»-и «Телевизиони Баҳористон» тамошо кунанд

Дар давраи таътил тариқи барномаи «Сандуқчаи зулбиё»-и «Телевизиони Баҳористон» дарсҳо гузаронида мешаванд ва хонандагон метавонанд аз онҳо истифода намуда, аз барномаи таълими мактабӣ дур намонанд. Ҳарчанд дар давраи таътил хонандагон аз дарсҳо дур бошанд ҳам,  омӯзгорон ба онҳо китобҳои бадеӣ тавсия намудаанд, то ба мутолиаи пайваста машғул шаванд. Ин матлабро   сармутахассиси Раёсати таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Амиров  ба хабарниго...

ХАБАРИ ФАВРӢ: аз 27-уми апрел то 10-уми майи соли 2020 мактабиён ба таътил фиристонда мешаванд

Имрӯз дар Душанбе  таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии  ситоди мазкур баргузор гардид. Дар ҷаласа бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ, махсусан кӯдакону наврасон дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи кас...

«Роҳнамо барои ҳимоя аз коронавирус ё КОВИД-2019» ба нашр расид

Дар Донишкадаи Конфутсийи назди Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон (ДКМТ) дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд аз ҷониби мутахассисони варзидаи ин даргоҳ дастури машваратие таҳти унвони «Роҳнамо барои ҳимоя аз коронавирус ё худ КОВИД-2019» бо забони русӣ ба нашр расид. Дастури машваратӣ  хеле ҷолиб, муфид ва дар шароити кунунӣ барои ҷомеа зарурӣ мебошад. Дар дастури мазкур роҳҳои ҳимоя намудани худ аз вирусҳо ва эҳтиёт аз мубталошавӣ ва ҳамзамон таҷрибаи гиёҳҳои шифобахш дар ҳолатҳои фишорбаландӣ ва с...

Ба хонандагони Литсей – интернати президентӣ наворҳои видеоӣ ва филмҳои аниматсионӣ ҷиҳати пешгирии COVID-19 пешниҳод гардид

Санаи 14.04.2020 Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии таълимии “Литсей – интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон”ҷиҳати пешгирии сироятёбӣ ва паҳншавии пандемияи COVID-19 корҳои таблиғотиву фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ намуданд. Тавре аз Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулод...

«Субҳи беғуруб»-и шоир Ато Мирхоҷа ба нашр расид

Нашриёти «ЭР-граф» маҷмӯаи ашъор, достон ва манзумаҳои шоири шинохта, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи М. Турсунзода Ато Мирхоҷаро таҳти унвони “Субҳи беғуруб” ба нашр расонда, дастраси хонандагон намуд. Маҷмӯа ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳдо гардида, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон интишор ёфтааст. Ато Мирхоҷа  иброз намуд, ки дар китоб манзумаҳои «Субҳи беғуруб» (бахшида ба Иҷлосияи 16-уми сарнавиштсози Ш...

Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе муборак!

Боиси ифтихор аст, ки пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва оинаи миллати соҳибтамаддуни тоҷикон бо дастгириву ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иқдомоту ташаббусҳои Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва заҳматҳои созандаву иқдомоти ватандӯстонаи сокинони он хеле зебову замонавӣ шуда истодааст.  Таърих гувоҳ аст, ки миллати соҳи...

«Офтоби ифтихор» бо васфу ситоиши қаҳрамонии шаш чеҳраи маъруфи сиёсат ба нашр расид

«Офтоби ифтихор» — таҳти чунин унвон асари тозанашри Шоири Халқии  Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ  Муҳаммад Ғоиб, ки васфу ситоиши бузургӣ ва дигар фазилатҳои шаш тан Қаҳрамони Тоҷикистон — устод Садриддин Айнӣ, аллома Бобоҷон Ғафуров, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шоири шаҳир устод Мирзо Турсунзода ва чеҳраҳои маъруфи сиёсат Нусратулло Махсуму Шириншоҳ Шотемурро фаро мегирад, рӯи чоп омад. Ин асар аз 2129 мисраъ иборат буда, қисмати аввалу охири он д...

«УМРИ АЙНӢ АЗ БАРОИ ХАЛҚ САРФИ ХОМА ШУД». Ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ бахшида мешавад

Имрӯз зодрӯзи сардафтари  адабиёти навини тоҷик ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон, нависандаи барҷаста ва нахустин президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Садриддин  Айнист. Дар бораи хизматҳои беназири  Устод Айнӣ  барои миллати тоҷик шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир гуфтааст: Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд, Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд. Нависандагон ва донишмандони ғарбӣ номи Айниро бо Ҷек Лондон, Киплинг, Горкий, Кнут Гамсун бари...

ҶАҲОНРО БА ДОНИШ ТАВОН ЁФТАН… Ниёгони мо дар пайдоиш, инкишоф ва густариши бархе шохаҳои муҳими илм нақши арзанда доранд

Ҳамасола дар Тоҷикистон 14 апрел ба сифати Рӯзи илм таҷлил карда мешавад. Дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни мамлакат, ки 18 марти соли 2020 баргузор гардид, ба масъалаи зарурати пешрафти илм, бахусус вобаста ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон шудани солҳои 2020-2040 ба пешрафти илмҳои номбурда дар мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.    Дар зер дар робита б...

ВИДЕОМАВОД ОИД БА ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

Бо риоя намудани қоидаҳое, ки дар видеои мазкур оварда шудааст, мо метавонем худ ва наздиконамонро аз гирифтор шудан ба бемориҳои сироятӣ, махсусан коронавирус эмин нигоҳ бидорем. Аз ин рӯ, аз шаҳрвандон хоҳиш менамоем, ки видеои мазкурро бубинанд ва тибқи қоидаҳои дар он зикршуда амал намуда, худ ва наздиконашонро аз гирифтор шудан ба коронавирус эмин нигоҳ доранд.