Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






27 апреля 2020 10:04

Количество просмотров: 19405

Дар давраи таътил тариқи барномаи «Сандуқчаи зулбиё»-и «Телевизиони Баҳористон» дарсҳо гузаронида мешаванд ва хонандагон метавонанд аз онҳо истифода намуда, аз барномаи таълими мактабӣ дур намонанд. Ҳарчанд дар давраи таътил хонандагон аз дарсҳо дур бошанд ҳам,  омӯзгорон ба онҳо китобҳои бадеӣ тавсия намудаанд, то ба мутолиаи пайваста машғул шаванд. Ин матлабро   сармутахассиси Раёсати таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Амиров  ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» иброз намуд.

Мавсуф зикр намуд,  ки «ҳифзи солимии кӯдакону наврасон ва бехатарии аҳолӣ яке аз ҳадафҳои асосии давлат дониста мешавад. Дар таътили муқарраргардида хонандагон бояд вақти худро бо донишомӯзӣ ва омодагӣ ба озмунҳои  дар пеш истода гузаронанд. Саҳми волидайн дар таътил барои донишомӯзии фарзандон калон аст. Онҳо барои фарзандон бояд нақшаи ҳаррӯза тартиб дода, нагузоранд, ки вақти худро беҳуда сарф намоянд».

Ҷалолиддин Амиров иброз намуд, ки дар муассисаҳои таҳсилӣ гурӯҳи навбатдорон  ташкил карда шудааст, ки ҳар рӯз ҳисоботи худро роҷеъ ба корҳои тамизкорӣ ба Ситоди ҷумҳуриявӣ мерасонанд. То оғоз шудани таътил тамоми муассисаҳо аз ҷониби мутахассисон поккорӣ мешаванд.

Ба иттилои сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Эҳсони Хушбахт, маоши омӯзгорон тибқи Низомномаи муқарраргардидаи Вазорати маориф ва илм пардохт карда мешавад.

Дар айни замон дарсҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи муқаррарот идома дошта, дар сурати ворид гардидани тағйирот ба таври иловагӣ иттилоъ дода мешавад.

Хотиррасон менамоем, ки 25 апрел  таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Covid-19 Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Covid-19 баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа қарор қабул карда шуд, ки ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ, махсусан кӯдакону наврасон дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ шурӯъ аз имрӯз, 27 апрел то 10 майи соли 2020 муваққатан таътил эълон карда шавад.

Бознашр аз АМИТ «Ховар»: https://khovar.tj/2020/04/honandagon-metavonand-dar-davrai-tatil-dars-oro-tari-i-barnomai-sandu-chai-zulbiyo-i-televizioni-ba-oriston-tamosho-kunand/