Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






4 июня 2020 11:06

Количество просмотров: 19483

Охири моҳи майи соли равон бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаи Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи вазорат намунаи электронии 224 адад китоби дарсиву бадеӣ дар шакли 3D ҷой карда шуд.
Аз шумораи умумии 224 адад китоби электронии шакли 3D 166 ададашро китобҳои дарсӣ барои хонандагони синфҳои 1 то 11 ва 58 адади дигарро китобҳои бадеӣ ташкил медиҳанд.
Ба ин китобҳо метавон тариқи зерсаҳифаи «Китобҳои электронӣ дар шакли 3D»-и саҳифаи «Китобҳо»-и сомонаи Вазорати маориф ва илм (www.maorif.tj) низ дастрасӣ пайдо кард.
То ворид карда шудани китобҳои электронӣ дар шакли 3D дар саҳифаи «Китобҳо»-и сомонаи Вазорати маориф ва илм танҳо 225 адад китоб дар шакли PDF дастраси истифодабарандагон буд. Бартарии шакли 3D-и китобҳо дар он аст, ки истифодабарандагон метавонанд ин китобҳоро мисли барномаҳои махсуси дастгоҳҳои андроидӣ дар телефону планшетҳо истифода намоянд.
 Ин иқдом дар оянда ҳам идома хоҳад ёфт ва шумори китобҳои электронӣ дар сомонаи вазорат дар шакли барномаҳои андроидӣ бештар хоҳад шуд.


  Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон