Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ санаи 01.12.2021 дар толори фарҳангии МТМУ № 66 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз ҷониби МД ''Маркази кӯдакон ва наврасони ноҳияи Сино'' бо роҳбарии директори марказ Каримова Мавлуда даври ноҳиявии озмуни ''ХОНАНДАИ СОЛ-2021'' баргузор гардид. Дар натиҷа хонандаи синфи 10-уми МДТ "Литсей - интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ДАВЛАТЁРОВА НАЗАРБАХТ бо ишғоли 186 хол сазовори ҷойи 1-ум гардид. ...
Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба ифтихори санаи муҳимми таърихӣ – Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрик мегӯям ва орзумандам, ки парчами давлатии Тоҷикистони азиз дар фазои сулҳу суботи мамлакат ҳамеша парафшон бошад ва мардуми сарбаланди кишварро ба сӯйи ояндаи боз ҳам осудаву обод роҳнамоӣ созад. Имсол мо Рӯзи Парчами давлатиро дар соли барои тамоми мардуми Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сисолагии истиқлолу озодии Ватанамон таҷлил мекунем. Дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ зери ...
Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳамкасбон, кормандон ва шогирдони гиромӣ! Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони эҳтироми хоса ба анъанаҳои неки аҷдоди сарбаланд ва таҷассуми мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Ҳамаи шуморо ба Рӯзи Парчами давлатии ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол, к...
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимиятии давлатии шаҳри Душанбе дар «Кохи Суруш»-и пойтахт маросими тантанавии ҳавасмандгардонии ғолибони Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе ва Озмуни шаҳрии беҳтарин сомонаҳои инноватсионӣ баргузор гардид. Дар он аз рӯи бахшҳои алоҳида ба лоиҳаҳои эҷодии 11 нафар «Шоҳҷоиза» супорида шуда, 170 нафар хонандагон бо диплому мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ шуданд. Ин...
Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Тавре иттилоъ доданд дар оғози маросими ҷоизасупорӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён сухан карда, иброз дошт, ки илму маърифат дар ҳама давру замон барои ташаккули маънавии аҳли ҷомеа, шинохти арзишҳои фарҳанги миллӣ ва дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кардани миллат нақши қалидӣ дорад. «Бо ташаббус ...
Бо ташаббуси Китобхонаи давлатии умумирусиягии адабиёти хориҷӣ ба номи Рудомино ва бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия 20-уми ноябри соли ҷорӣ дар асоси лоиҳаи Меҳмонхонаи адабӣ: адабиёти муосири Русия барои кӯдакон ва наврасон дар шакли пули телевизионӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронс (онлайн) баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур аз Федератсияи Русия Мария Пономаренко – корманди шуъбаи адабиёти хориҷии китобхонаи Москва, ...
Саҳифаҳои таърихро қиссаҳои рангини қаҳрамониҳои қаҳрамонон, корнамоиҳои ҷоннисорон, амалҳои ҷасуронаи фарзонафарзандон, ғалабаҳои тақдирсози шуҷоатмандон ва хираду заковати ҳомиёни халқ ҳамеша ҷило мебахшанду омӯзанда мегардонанд. Бо ин манзур таърихи навини давлатдории тоҷиконро баъди садсолаҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷило бахшида тавонистанд, ки алакай бо ҳукми таърих касеву чизе онро инкор карда наметавонад. Ин абармард қаҳрамонӣ кард, корнамоӣ нишон дод, бо ҷасорат миёни обу о...
7-12-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон 1-умин Олимпиадаи байналмилалии «Ал-Фарғонӣ» аз фанни физика баргузор гардид, ки дар он хонандагон аз кишварҳои Россия, Белоруссия, Қазоқистон, Озорбойҷон, Арманистон, Туркманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Оман, Туркия, Қатар, Миср, Қувейт, Ливия, Малайзия, Нигерия, Сенегал ва Тайланд иштирок намуданд. Олимпиада миёни хонандагони синфҳои 5-11 баргузор гашта, аз ҳар давлат 2 даста иборат аз 8 хонанда ва 4 роҳбари даста иштирок намуданд. ...
Ҳамкасбон азиз, шогирдони мӯҳтарам. Ҳамаи Шумо ва кулли мардуми азизро ба муносибати “Рӯзи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон” ва 29-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта , ба хонадони ҳар яки Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат , файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистони азиз сулҳу сафо ва шукуфоии ҷовидонаро таманно менамоям. Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон , ки дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд , руйдоди м...
Аз 15 то 20 ноябр дар Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид. Тибқи ин қарор, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасдиқ гардид, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе. Иқдоми мазкур бо мақсади баланд бардош...
Рӯзҳои 31-уми октябр то 7-уми ноябр соли 2021 дар Ҷумҳурии Туркия 13-умин Олимпиадаи байналмилалии Анталия баргузор гардид, ки дар он 59 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе аз фанҳои математика, забони русӣ, забони англисӣ, география, химия ва биология ширкат варзиданд. Дар ҷамъбаст 39 нафар иштирокчиёни олимпиада ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардида, парчами Тоҷикистони азизамонро баланд бардоштанд. Аз ин шумора 10 нафар сазовори ҷойи 1, 12 нафар сазовори ҷойи 2 ва 17 нафар сазовори ҷойи 3 гардиданд...
Ҳамватанони азиз! Қабули Конститутсияи Тоҷикистон, ки дар роҳи бунёд ва рушди давлати навини тоҷикон нақши сарнавиштсоз дорад, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлол мебошад. Ҳамаи мардуми сарбаланди Тоҷикистонро ба ифтихори ин ҷашни фархунда самимона табрик мегӯям ва ба хурду бузурги кишвар иқболи нек ва зиндагии босаодат орзу менамоям. Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол ин санаи таърихӣ, яъне 6-уми ноябрро бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ ҷашн мегир...
Омӯзгорон, кормандон ва хонандагони азиз! Имсол Рӯзи Конститутсия бо 30 солагии истиқлоли давлатӣ рост омад, ҳамаи Шуморо ба муносибати 27 - умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод мегӯям. Бисту ҳафт сол муқаддам дар кишвари маҳбуби мо тавассути райъпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлоламон, яъне бахтномаи халқамон қабул гардид, ки маҳз ҳамин санади тақдирсоз мардуми парокандаву ҷангзадаро ба ҳам ҷ...
Бо мақсади баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба илмомӯзӣ, ташаккули тафаккури мантиқии хонандагон ва муайян намудани хонандагони болаёқат, даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино оғоз гардид. Олимпиада аз санаи 1 то 10 ноябри соли 2021 баргузор гардида, шумораи умумии иштирокчиён дар Олимпиадаи мазкур 7016 нафарро ташкил медиҳад. Хонандагон аз синфи 5 то синфи 11 аз рӯйи 13 фанни таълимӣ қувваи зеҳнии худро месанҷанд. Даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиада аз фанн...
Иштирокчиёни Анҷумани VI Омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва нахустин фестивали байналмилалии маҳорати педагогӣ аз Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд. Меҳмононро роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ғайратзода Лайло Диловар, Ҷонишини директор оид ба олимпиада Чубенко Лилия Владимировна, Ҷонишини ...
Имруз дар шаҳри Душанбе маросими бошукӯҳи ҳавасмандгардонии даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» ба таври тантанавӣ баргузор гардид. Дар маросими мазкур роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аъзои комиссияи озмунӣ, ҳайати ҳакамон, иштирокчиёни даври шаҳрии он аз ҳисоби хонандагону донишҷӯён, ходимони илмӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа ширкат намуданд. Дар аввал муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ паёми шодбошии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ба...
Дирӯз дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» 75 нафар ғолибоне, ки аз рӯйи ҳафт номина иштирок намуда буданд, дар вазъияти тантанавӣ бо ҷоми ғолиб, мукофотпулӣ ва диплому сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд. Дар маросими бошукӯҳи ҳавасмандгардонӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аъзои комиссияи озмунӣ, ҳайати ҳакамон, иштирокчиёни даври шаҳрии он аз ҳисоби хонандагону донишҷӯён, ходимони илмӣ ...
1 ноябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили тирамоҳӣ оғоз шуда, то 10 ноябр идома меёбад, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Чоряки якум 31 октябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҷамъбаст гардида, хонандагон ба муддати даҳ рӯз ба таътили тирамоҳӣ мебароянд. Мавриди зикр аст, ки таътили тирамоҳӣ танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва гузаронидани маҷлисҳои падару мод...
Номи системаи базавӣ (платформа): Microsoft Windows Таҳиягарон: Microsoft Технологияҳо: СО (Системаи оператсионӣ) МУНДАРИҶА Навоварӣ (Инноватсияҳо) Нашрияҳо Навсозиҳо Маҷмӯи хидматрасонӣ 1 Бастаи хидматрасонӣ 2 Маҷмӯи хидматрасонӣ 3 2017: Идомаи нашри навсозиҳо Талаб...
Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни бостонии Меҳргон, ки мероси гаронбаҳои маънавии ниёгонамон мебошад, самимона табрик мегӯям. Ҷашни Меҳргон дар таърихи тамаддуни мардумони ориёитабор аз ҷумлаи ойинҳои бисёр арзишманде мебошад, ки ба туфайли заминаву фазилатҳои муҳимми табиӣ, иҷтимоӣ ва маънавии худ то ба рӯзҳои мо расидааст. Меҳргон ҷашни тирамоҳии сол ба шумор рафта, гузаштагони мо онро ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ва заҳмати кишоварзон баргузор мекарданд ва ...