Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






20 ноября 2021 07:11

Количество просмотров: 18018

Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид.

Тавре иттилоъ доданд дар оғози маросими ҷоизасупорӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён сухан карда, иброз дошт, ки илму маърифат дар ҳама давру замон барои ташаккули маънавии аҳли ҷомеа, шинохти арзишҳои фарҳанги миллӣ ва дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кардани миллат нақши қалидӣ дорад.

«Бо ташаббус ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи озмунҳои «Тоҷикистон ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бори аввал озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» ҷараён гирифт. Ҳадафи аслии баргузории озмуни мазкур пеш аз ҳама кашф ва дарёфти истеъдодҳои нав, бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб намудани наварасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорон ба шумор меравад. Аз нигоҳи дигар, озмун яке аз муҳимтарин рукнҳои таблиғи «Бистсолаи омӯзиши илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ» мебошад»,- гуфт номбурда.
Ҳамчунин мавсуф афзуд, ки дарвоқеъ таи даҳсолаи охир мо эҳсос намуда истодаем, ки дар мамлакати азизамон барои боло бурдани тафаккури техникии ҷомеа, тарбияи кадрҳои баландихтисос дар соҳаи илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ тадбирҳои назаррас андешида мешаванд. Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» чеҳраҳои навро дар арсаи илму маориф ва навовариву ихтироъкорӣ кашф намуд ва баргузории он дар имсол рӯйдоди муҳими таърихӣ ба ҳисоб меравад.

Дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» беш аз 320 нафар довталабон аз рӯи ҳафт номинатсия иштирок намуда, беҳтаринҳо сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Аз рӯи номинатсияи «Математика» дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷойи  дуюм ба донишҷӯи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Муҳаммадфирӯз Ҳасанов, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон омӯзгори  фанни математикаи МДТ "Литсей-интернати Президентӣ барои кудакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҷонибек Баротов дода шуд.

260416976_456628569139717_3106926596902778357_n (1).jpg

Маълумоти муфассал дар сомонаи расмии "/АМИТ «Ховар»/" https://khovar.tj/2021/11/oliboni-davri-um-uriyavii-ozmuni-ilm-fur-i-marifat-muajyan-shudand/