Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






15 ноября 2021 03:11

Количество просмотров: 13038

7-12-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон 1-умин Олимпиадаи байналмилалии «Ал-Фарғонӣ» аз фанни физика баргузор гардид, ки дар он хонандагон аз кишварҳои Россия, Белоруссия, Қазоқистон, Озорбойҷон, Арманистон, Туркманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Оман, Туркия, Қатар, Миср, Қувейт, Ливия, Малайзия, Нигерия, Сенегал ва Тайланд иштирок намуданд.
Олимпиада миёни хонандагони синфҳои 5-11 баргузор гашта, аз ҳар давлат 2 даста иборат аз 8 хонанда ва 4 роҳбари даста иштирок намуданд. 
8 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин олимпиада иштирок намуда, сазовори 7 ҷойи ифтихорӣ (1 медали тилло, 2 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ) гардида, дар миёни кишварҳои иштирокчӣ, пас аз давлатҳои Россия ва Қазоқистон мақоми 3-юмро соҳиб гардиданд. 
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки аз 31-уми октябр то 7-уми ноябри соли 2021 дар шаҳри Анталияи кишвари Туркия 13-умин Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои математика, физика, химия, забони англисӣ, география, биология, таърихи ҷаҳон, ҳифзи муҳити атроф, рассомӣ ва сайёҳӣ баргузор гардид, ки дар он хонандагон аз давлатҳои Россия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркия иштирок намуданд. 
Дар Олимпиадаи мазкур 93 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, сазовори 68 ҷойи ифтихорӣ (20 медали тилло, 22 медали нуқра ва 26 медали биринҷӣ) гардиданд.
Кубоки фаннии дараҷаи 1-ро аз фанҳои химия, физика, биология хонандагони вилояти Суғд, кубоки фаннии дараҷаи 2-ро аз фанни забони англисӣ хонандагони шаҳри Душанбе ва кубоки фаннии дараҷаи 3-ро аз фанни забони русӣ хонандагони Мактаби байналмилалии Президентӣ соҳиб гардиданд.

u45txzbXOtAb0v6BtwYW.jpg

https://www.maorif.tj/ahborot/7-oji-iftihorii-honandagoni-toik-dar-1-umin-olimpiadai-bajnalmilalii-al-faron