Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021-ро тасдиқ намуданд
23 янв

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд. Рамзи мазкур аз ҷониби Иттифоқи рассомон ва устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст. Гирдогирди рамзро се хати доирашакли сурх, сафед ва сабз фаро гирифтааст, ки таҷассумгари Парчами...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд
23 янв

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз байни рамзҳои пешниҳоднамудаи рассомон, дизайнерон ва устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд. Рамзи мазкур дар шакли мудаввар таркиббандӣ шуда, давродаври он ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва рақамҳои «1991-2021» бо рангҳои зарҳалӣ навишта шудааст...

«ТОҶИКИСТОН, МОДАРИ ПИРИ МАНӢ». Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ёд карданд
23 янв

 22 январ дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 80-солагии зодрӯзи  рӯзноманигор ва шоири зиндаёди тоҷик Шоҳмузаффар Ёдгорӣ маҳфили адабӣ  баргузор гардид. Дар маҳфил адибон, рӯзноманигорон, дӯстдорони каломи бадеъ, ҳамсафон ва шогирдони Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ҷамъ омада, аз фаъолияти эҷодии  ӯ хотираҳо  баён намуданд. Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, маҳфилро раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим  оғоз намуда, зикр кард, ки Шоҳмузаффар Ёдго...

Субҳон Кошонов имрӯз дар синни 66-солагӣ аз олам даргузашт
22 янв

Субҳон Кошонов, журналисти маъруф, собиқ сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва  раиси кумитаи иҷроияи  Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» имрӯз дар синни 66-солагӣ аз олам даргузашт.   Субҳон Кошонов соли 1953 таваллуд шудааст. Мавсуф аз соли 1993 дар вазифаҳои мудири бахши сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносии Институти иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалии АИ ҶТ (1993-1996), машваратчии калони хадамоти матбуоти Президенти ҶТ (1996-1997), Ёрдамчии Президенти ҶТ (1997...

Дар Германия китоби олими ҷавони тоҷик ба нашр расид
21 янв

Монографияи (энсиклопедияи биографии) дотсенти кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ Парвин Раймалихон таҳти унвони   «Кто есть кто в Афганистане», (Шахсиятҳо ва чеҳраҳои шинохта дар Афғонистон), дар нашриёти LAMBERT Academic Publishing (Ҷумҳурии Федеративии Германия), бо забони русӣ ва дар  ҳаҷми 416 саҳифа ба нашр расид. Нашри сеюми такмилёфтаи монографияи мазкур тарҷумаи ҳоли намояндагони элитаи сиёсӣ, ҳарбӣ, маъмурӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва дини...

Минбаъд ҳамаи кормандони соҳаи маорифи Тоҷикистон ҳар се сол як маротиба аз аттестатсия гузаронида мешаванд
20 янв

Ҳамаи кормандони соҳаи маориф, аз дастгоҳи вазорат ва сохторҳои маҳаллии он то устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликият, дар тамоми қаламрави мамлакат ҳар се сол як маротиба аз аттестатсия гузаронида шаванд. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошта, дастур доданд, ки: «Роҳбарону масъулони соҳаро зарур аст, ки сатҳу сифати таъл...

Дилафрӯз Каримова беҳтарин омӯзгори Тоҷикистон дар соли 2019 эълон гардид
20 янв

Омӯзгори фанни забони англисии Литсейи математикии №1-и шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Каримова  бо гирифтани 205 хол ғолиби озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019» дониста шуд.  Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» корманди маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Саидмуҳаммад Изатуллозода хабар дод. Ба иттилои мавсуф, 18 январ озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019», ки муддати се рӯз идома дошт, дар толори Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии То...

Асосгузори мактаби илмии физиология, биохимия ва биотехнологияи растаниҳо дар Тоҷикистон 80-сола шуд
15 янв

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2019 зимни ирсоли Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки  «ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040  «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шавад. Бояд зикр намуд, ки олимони соҳаи илмҳои таб...

Академик Раҳим Марупов дар синни 84-солагӣ аз олам даргузашт
13 янв

Дирӯз, 12 январи соли 2020 риштаи умри яке аз олимони фарзонаи миллати тоҷик, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Раҳим Марупов дар синни 84 — солагӣ канда шуд. Дар ин бора аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Устод Раҳим Марупов олими шинохта дар соҳаи спектроскопияи пайвастагиҳои фаромолекулӣ, доктори илмҳои техникӣ, профессор, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, д...

Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2019» муайян гардиданд
13 янв

Мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №15-и шаҳри Конибодом Розия Нурматова, мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №72-и шаҳри Душанбе Марҳабо Қудратова ва мураббияи Маркази инкишофи барвақтии кӯдаки Хазинаи Оғохони ВМКБ Ангома Атомамадова бо гирифтани 207 хол дар озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2019» сазовори ҷойи аввал гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Маросими ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Мура...

Саразм ватани аввалин муҳандисони Осиёи Миёна ба шумор меравад
9 янв

 Дар асоси хулосаи бостоншиносон, маданияти шашуму панҷуми ҳазорсолаи ниёгонро давраи тараққиёти ҷамъияти замони энеолит- асри сангу мис меҳисобанд. Ин давраи ибтидоии ташаккули тамаддун мебошад. Мардуми Саразми қадим бофарҳанг буда, он ватани муҳандисони аввалини Осиёи Миёна ба шумор меравад. Дар байни бозёфтҳо ашёҳое ҳастанд, ки мартабаи моддӣ ва маънавии сокинонро муайян мекунанд. Ин матлабро устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров иброз намуда, доир ба ёдгории қадимаи ха...

Фароштурук — парандаи соли 2020. Ӯ дар ҳамшафати зич бо инсон зиста, аз мо хайрхоҳӣ меҷӯяд
9 янв

Фароштурук парандаи соли 2020 эълон гардид. Дар ин бора аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ доданд. Бино ба иттилои манбаъ, ҳамасола Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е. Н. Павловский дар якҷоягӣ бо Иттиҳоди ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон яке аз парандаҳои нодири Тоҷикистонро бо мақсади барқарор ва афзун намудани саршумори он ҳамчун парандаи сол интихоб менамоянд. Интихоб намудани фароштурук ҳамчун парандаи сол бесабаб ...

Рамзи асосии Кинофестивали якуми байналмилалии «Душанбе» муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ интихоб гардид
7 янв

Аз 13 то 18 апрел дар шаҳри Душанбе Кинофестивали якуми байналмилалии «Душанбе» баргузор мегардад. Рамзи асосии он муҷасаммаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ интихоб гардида, он чун нишони шаҳри Душанбе аз ду тараф бо лента иҳота шудааст. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Мавриди зикр аст, ки дар фестивали мазкур меҳмонон ва кинематографистон аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва бародаршаҳрҳои Душанбе ширкат мекунанд. Кинофестивал аз ду озмун: озм...

ҲОДИСАИ АСТРОНОМӢ. 26 декабр гирифти ҳалқамонанди навбатии Офтоб ба амал меояд. Шарҳи Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон
19 дек

26 декабри соли 2019 гирифти ҳалқамонанди навбатии Офтоб ба амал меояд. Ҳодисаи астрономии «Гирифти Офтоб» вақте ба вуқӯъ меояд, ки Моҳтоб пурра ё қисман Офтобро аз назари мушоҳидачии дар рӯи Замин буда мепӯшонад (торик мекунад). Гирифти Офтоб ҳодисаи маъмулии табиӣ ба ҳисоб рафта, танҳо ба ҳаракати Офтобу Моҳтоб дар кайҳон вобастагӣ дорад. Ин нуктаро директори Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳо, доктори илмҳои физика ва математика Гулчеҳра ҚОҲИР...

5500-солагии Саразми бостонӣ
28 ноя

Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили 5500-солагии Саразм ва 700-солагии шоири номдор Камоли Хуҷандӣ дар Конфронси кулли ЮНЕСКО, ки   12-28 ноябр баргузор гардид, бо иттифоқи оро ба рӯйхати  солгардҳои ЮНЕСКО пазируфта шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ 12 сентябри соли 2020 ба нақша гирифта шудааст. Бояд таъкид намуд, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикисто...