Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар дар олимпиадаи байналмилалии «Math Challange-2020» 137 хонанда аз 10 муассисаи таҳсилоти умумии кишвар намояндагӣ карда, сазовори 87 ҷойи ифтихорӣ (36 медали тилло, 31 медали нуқра ва 20 медали биринҷӣ ) гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Рӯзҳои 8-9-уми октябри соли равон дар кишвари Тайланд Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика (IMCh-2020) аз рӯйи 4 бахш (синфи 4-5, 6-7, 8-9 ва 10-11) тариқи ф...
Тавре ҳамагон огоҳанд, 30-юми октябри соли ҷорӣ ба як қатор роҳбарони вазорату кумита, идораҳои давлатӣ ва шахсиятҳои ҷудогона, ки барои дар сатҳи баланди сиёсӣ ва шаффофу одилона баргузор гаштани маъракаи Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузошта, бо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорҳои пурсамар доштанд, аз тарафи раёсати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосномаву ифтихорномаҳо тақдим карда шуд. &n...
Соли ҷорӣ хонандагони навраси литсей дар даври Online International Math challenge 7- нафар хонандагони иштирок намуда соҳиби ҷойи аввал гардиданд инчунин соҳиби роҳхат ба Ҷумҳурии Тайланд гардиданд.
30 октябри соли 2020 маросими ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ намудани Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи муқаррароти расмӣ баргузор гардид. Хотиррасон бояд намуд, ки рӯзи 11 октябри соли 2020 ба тариқи интихоботи умумихалқӣ номзад аз Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 90,92 % овози интихобкунандагон аз нав ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд. Маро...
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳозирини гиромӣ! Дар ин лаҳзаҳои пурифтихор бо камоли эҳтиром ва муҳаббату садоқати фарзандӣ ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамон, ки рӯзи 11 октябри соли равон дар чорабинии бисёр муҳимми сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътиқоду бовари бузург зоҳир намуда, сарнавишти худ ва тақдири мамлакатро ба дӯши ман вогузор карданд, сипоси бепоён ва миннатдории самимӣ баён м...
1 ноябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили тирамоҳӣ оғоз шуда, то 10 ноябр идома меёбад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Зикр шуд, ки чоряки якум 31 октябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷамъбаст гардида, хонандагон ба муддати даҳ рӯз ба таътили тирамоҳӣ мебароянд. Таътили тирамоҳӣ ба хонандагон дахл дошта, омӯзг...
Имрӯз бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакону наврасон»-и пойтахт даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид, ки он то 23 октябри соли равон идома меёбад. Дар ин даври озмун ғолибони даври ноҳиявӣ аз 4 ноҳияи пойтахт — Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур дар панҷ номинатсия иштирок намуда, ҳайати васеи ҳакамон иборат аз мутахассисону коршиносони варзидаи бахши на...
Аз 22 октябр то 27 ноябр бори нахуст дар Пажӯҳишгоҳҳои илмӣ — тадқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷмӯи чорабиниҳо баргузор мешаванд, ки асоси онҳоро олимпиада бо ширкати хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт (мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо) барои дарёфти Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил медиҳад. Соли оянда дар асоси таҷрибаи андӯхта баргузории ин олимпиада дар миқёси ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст. Тавре ки директори Пажӯҳи...
Меҳргон оғози нимаи дувуми сол ва ё фасли тирамоҳ- ҳулули хуршед дар бурҷи Мизон аст. Тибқи баъзе навиштаҳои фарҳангнигорон дар аҳди Ҳахоманишиён эътибори ин ҷашн нисбат ба Наврӯз зиёдтар аст. Аз рӯи ривоятҳои муаррихони Юнони қадим ва Рум дар бораи Меҳргон нисбат ба Наврӯз ҷашнҳои дигар маълумот фарогиртар аст. Меҳргон аз вожаи Меҳр корбаст шудааст, ки шакли аввали он Митра номи яке аз бузургтарин эзидони ҳиндуэронӣ аст ва ҳазору чорсадсол пеш аз милод дар сангнав...
16 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар “Кохи Рӯдакӣ”-и шаҳри Хуҷанд дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700 — солагии Камоли Хуҷандӣ иштирок ва суханронӣ карданд. Чорабиниро Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ карда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан дод. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни чорабинии фарҳангӣ ва мардум...