Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Хабарҳо

Фароштурук — парандаи соли 2020. Ӯ дар ҳамшафати зич бо инсон зиста, аз мо хайрхоҳӣ меҷӯяд

Фароштурук парандаи соли 2020 эълон гардид. Дар ин бора аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ доданд. Бино ба иттилои манбаъ, ҳамасола Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е. Н. Павловский дар якҷоягӣ бо Иттиҳоди ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон яке аз парандаҳои нодири Тоҷикистонро бо мақсади барқарор ва афзун намудани саршумори он ҳамчун парандаи сол интихоб менамоянд. Интихоб намудани фароштурук ҳамчун парандаи сол бесабаб ...

Китобхонӣ таътили зимистонаи хонандагонро пурсамар гардонидааст

Таътили  зимистонаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Барои пурсамар ва бофароғат гузаштани таътили зимистонаи хонандагон кадом тадбирҳо андешида шуданд? Ба гуфти сардори Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Қутбиддин Муҳиддинзода, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактабҳо рӯйхати 299 номгӯй адабиёт, аз қабили адабиёти бадеӣ, муосир, ҷа...

Рамзи асосии Кинофестивали якуми байналмилалии «Душанбе» муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ интихоб гардид

Аз 13 то 18 апрел дар шаҳри Душанбе Кинофестивали якуми байналмилалии «Душанбе» баргузор мегардад. Рамзи асосии он муҷасаммаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ интихоб гардида, он чун нишони шаҳри Душанбе аз ду тараф бо лента иҳота шудааст. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Мавриди зикр аст, ки дар фестивали мазкур меҳмонон ва кинематографистон аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва бародаршаҳрҳои Душанбе ширкат мекунанд. Кинофестивал аз ду озмун: озм...

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2020

Ҳамватанони азиз! Ҳоло, ки мо дар остонаи соли нави мелодии 2020 қарор дорем, бо истифода аз фурсат кулли мардуми Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ин муносибат табрик гуфта, ба ҳар фарди Ватани азизамон саломатӣ, умри бобаракат, саодату комёбӣ ва ба кишварамон пешрафту ободии бештар ва суботу оромии ҷовидона орзумандам. Соли 2019 дар таърихи навини мардуми тоҷик ҳамчун соли дастовардҳои арзишманд сабт мегардад. Дар ин сол бо азму талоши сокинони мамлакат иқдому ташаббусҳои соза...

Дар Тоҷикистон Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон гардид

Солҳои 2020 -2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шаванд. Ин матлабро имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд. Ба гуфти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон,  ин бистсола ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафак...

Шоҳасари Бобоҷон Ғафуров — «Тоҷикон» аз номи Пешвои миллат ба ҳар як оилаи мамлакат туҳфа мегардад

Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни пешниҳоди  Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  мардуми мамлакатро ҳидоят намуданд, ки  «мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем». Дар робита ба ин, Пешвои миллат  аз иқдоми наҷибашон  паём дода, зикр карданд, ки «ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки бо мақсади омӯзиши амиқи та...

«ФАЗИЛАТИ ПЕШВО». Китобе, ки фаъолияти доманадори Президенти Тоҷикистонро ба нафъи миллату Ватан бозгӯӣ менамояд

 Устоди  зиндаёд  Мирзо Турсунзода ҳамеша таъкид менамуданд, ки халқи тоҷик аз азал завқи каломи воло дорад. Воқеан, ашхоси гуногун  сарфи назар аз касбу кору пешаи худ ба эҷоди асарҳои бадеӣ даст задаанд ва аксаран муваффақ ҳам шудаанд.  Дар ин бобат мисолҳои зиёд овардан мумкин аст. Зикри номи марди накӯном Ҳабибулло Назаров кофист, ки ходими  намоёни давлатӣ, Раиси Суди Олӣ, Вазири адлия, ҳуқуқдони маъруф буд ва ҳамзамон хонандаи тоҷик ӯро ба ҳайси нависанда, муаллифи як зумра к...

ҲОДИСАИ АСТРОНОМӢ. 26 декабр гирифти ҳалқамонанди навбатии Офтоб ба амал меояд. Шарҳи Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон

26 декабри соли 2019 гирифти ҳалқамонанди навбатии Офтоб ба амал меояд. Ҳодисаи астрономии «Гирифти Офтоб» вақте ба вуқӯъ меояд, ки Моҳтоб пурра ё қисман Офтобро аз назари мушоҳидачии дар рӯи Замин буда мепӯшонад (торик мекунад). Гирифти Офтоб ҳодисаи маъмулии табиӣ ба ҳисоб рафта, танҳо ба ҳаракати Офтобу Моҳтоб дар кайҳон вобастагӣ дорад. Ин нуктаро директори Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳо, доктори илмҳои физика ва математика Гулчеҳра ҚОҲИР...

ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ХОНАНДАГОНИ ЛИТСЕЙ-ИНТЕРНАТИ ПРЕЗИДЕНТӢ.

 Аз 03-юм то 12-уми декабр дар шаҳри Давҳаи Қатар 16-ум олимпиадаи байналмилалии илмӣ барои наврасон аз фанҳои ФИЗИКА, ХИМИЯ ВА БИОЛОГИЯ баргузор гардид. Дар ин олимпиада беш аз 300 нафар иштирокчиён аз 70 давлати дунё ширкат намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин олимпиада 6 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ намояндагӣ намуданд. Синну соли иштирокчиёни ин олимпиада то 15 соларо дарбар мегирифт. Иштирокчиён аз фанҳои ХИМИЯ, ФИЗИКА ВА БИОЛОГИЯ дар се давр - тестӣ, назариявӣ ва амалӣ қувваозмоӣ намудан...

Китоби нави дипломати тоҷик дар бораи сиёсати хориҷии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон нашр шуд

Китоби нави дипломати тоҷик, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода «25 лет внешней политики Президента Республики Таджикистан Эмомалӣ Рахмона (1992-2017гг): исторические аспекты становления и развития» (25 соли сиёсати хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (солҳои 1992-2017): ҷанбаҳои таърихии ташаккул ва рушд» аз чоп баромад. Тавре аз номаш пайдост, ин китоб аз сиёсати хориҷии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарфи 25 соли охир ҳикоят мекунад. Таҳлили...