Аз 25 январ то 16 феврали соли 2021 дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия» -и назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе озмун доир карда мешавад. Дар ин бора аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Ба зикри манбаъ, барои иштирок дар озмуни стипендияи Раиси шаҳри Душанбе 3 ҳазору 441 нафар хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касб...
Имсол бо ташаббуси Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар пойтахт Олимпиадаи даставии «Истеъдод» ва Олимпиадаи хонандагон аз фанни технология (таълими меҳнат) баргузор мегардад. Тавре аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ташкил ва баргузории олимпиадаи хонандагон аз фанни технология (таълими меҳнат) таҷрибаи нахустин дар ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад, зеро чунин олимпиада танҳо дар Россия ва Беларус доир мегардид. Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе нақша ...
Ҳамватанони азиз! Дар ин лаҳзаҳо, ки соли нави мелодии 2021-ум фаро мерасад, кулли мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям ва ба ҳар як фарди Тоҷикистон, пеш аз ҳама, тандурустиву осоиш, рӯзгори ободу ором ва иқболи баланд орзу менамоям. Соли 2020, яъне соле, ки ба охир расида истодааст, дар таърихи инсоният ҳамчун яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнинтарин сабт мегардад. Хусусан, дар тамоми кишварҳои дунё босу...
Аз 1 январи соли 2021 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили зимистона оғоз шуда, то 10 январ идома меёбад. Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ то 31 декабр чоряки дуюм ҷамъбаст гардида, хонандагон ба таътили зимистона мебароянд. «Аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагон барои мутолиа дар соли хониш рӯйхати 299 номгӯй ад...
Дар байни мамлакатҳои Осиёи Миёна олимпиадаи байналмилали аз фанни "Технологияи иттилоотӣ" баргузор гардид, ки дар ин олипиада хонандагони синфи 6-уми Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иштирок намуданд. Хонандагони литсейи Холиқов Дамир, Ҳоҷибобоев Самир, Убайдуллоев Алиҷон маҳорати баланд нишон дода шаҳодатномаи даври ниҳоӣи ин олипиадаи мазкурро ба даст оварданд. Ёдовар мешавем, ки омӯзгори фанни Технологияи иттилоот...
Ҳамин аст, ки баъд аз талошҳои тӯлонии роҳбарият ва омӯзгорони муассисаи таълимӣ натиҷаи дилхоҳ аз фанни математика ба даст омад. Олимпиадаи фосилавии байналмилалӣ аз фанни математика bricsmath-2020 яке аз олимпиадаҳои машҳур ва бо нуфуз мебошад, ки дар ин олимпиада хонандагони синфҳои 1-11 иштирок карда метавонанд. Соли ҷорӣ дар ин олимпиадаи бонуфуз намояндагони беш аз 7 мамлакат аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Русия, Бразилия, Ҳиндустон Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва ғайраҳо ширка...
«Забони давлати Сомониён» таҳти чунин унвон китоби шоир ва олими тоҷик, доктори илми филология, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики Академияи табиатшиносии Федератсияи Россия Ҳасани Султон, ки дар нашрияи академии «Palmarium academic publishing» дар Аврупо ба нашр расида буд, дар Душанбе ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ чоп гардид. Дар муқаддимаи китоб омадааст, ки Пешвои миллат ва Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон нақши давлати Сомониён ва давраи с...
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26.11.2020, №621) барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки ҳамасола барои дарёфти ҷоиза озмун баргузор мегардад. Мақсади сарфарозгардонӣ бо ҷоизаи давлатӣ дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм, маориф ва инноватсия бо роҳи ҳавасмандкунии олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ буда, ба рушди фанҳои мазкур, фаъолияти эҷодии олимону омӯзгорон, бала...
Шаби 20 ва 21 декабр тӯлонитарин шаби соли 2020 аст. Офтоб ҳамагӣ 8 соат нур мепошад ва пас аз он тӯлонитарин шаби сол фаро мерасад. Ва фардо, 21 декабр, рӯзи кӯтоҳтарини сол хоҳад буд. Аз замонҳои қадим аҷдодони мо ин рӯзро ҳамчун Шаби Чилла - оғози зимистон ҷашн мегирифтанд. Дар Эрон ин шабро Шаби Ялдо меноманд. Дар ин шаб одат шудааст, ки ашъори Ҳофизи бузургро хонда, ба дастархони идона анор, тарбуз ва дигар хӯрокҳои махсус мегузоранд. Шаби Ялдо ё шаби Чилла баландта...
Тавре иттилоъ дода будем, 7-15-уми декабри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид, ки дар он 269 нафар довталаб аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок карданд. Озмун аз рӯйи 5 номинатсия - хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик, хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик, х...