Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Хабарҳо

Нашриёти «Адиб» ҳар рӯзи шанбе ярмака-фурӯши китоб баргузор менамояд

Нашриёти «Адиб» дар нақша дорад, ки  25 январ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ярмарка-фурӯши китоб баргузор намояд Ёдовар мешавем, ки Муассисаи нашриёти «Адиб» аз аввали соли равон ҳар рӯзи шанбе ярмарка-фурӯши китоб мегузаронад. Дар ин тадбири муҳими фарҳангӣ беш аз 3000 нусха китоб, ки фарогири  асарҳои бадеӣ, адабиёти классикии форсу тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва адабиёти кӯдакона бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, ...

САПЕДАДАМИ ДОНИШ. Ва ё Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ба мо чӣ дод?

 Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…»-ро метавон бидуни шубҳа, яке аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат номид. Ин озмун воқеан шабеҳи субҳе буд, ки бо фурӯғи равшани худ  ҳаёти моро, хусусан ҳаёти наврасону кӯдакони ҷумҳуриамонро мунаввар кард. Ин сапедадами дониш муҳаббати фарзандони моро ба китоб бедор кард, дари китобхонаҳоро боз намуд, китобро то ҷойе даст ба дасти мардум ва хусусан наврасону ҷавонон намуд. Аввалин падидаи нишотбахш он буд, ки ангезишҳои ин озмун ҳамаи мамлакатро ф...

«Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!»-таҳти ин ном дар Душанбе Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ доир мегардад

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!» дуюмин Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷиро доир менамояд. Ба иттилои шуъбаи матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳадаф аз баргузории фестивали мазкур мустаҳкам намудани дӯстии ҷавонони ҷаҳон,  ҳамгироиву ҳамдигарфаҳмӣ, муаррифии фарҳангҳои ҳамдигар  ва  тақвият додани  ҳамкориву дастгирии ҷавонони олам  ме...

Ташаккули ҳукумати электронӣ таъмини татбиқи вазифаҳои идораи давлатиро осон мегардонад

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мутахассисони пешбар, сармутахассисони раёсатҳо, мудирони шуъба, бахшҳои умумии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия курси такмили ихтисос аз рӯи барномаи «Ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз 20 то 25 январ баргузор мегардад, ифтитоҳ гардид. Тавре аз Академияи идоракунии давлатӣ хабар доданд, дар расми ифтитоҳи курс муовини ректор оид ба таълим Ҷумъахон Файзализода, муовини ректор оид б...

Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» бахшида ба 5500-солагии Саразми бостонӣ ашёи таърихӣ харид намуд

Бахшида ба 5500-солагии Саразми бостонӣ Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» барои ғанӣ гардонидани фонди осорхона ду ёдгории таърихӣ-лаълии мисӣ ва тӯмор (бозубанд) харидорӣ намуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Бино ба иттилои манбаъ, осорхонаи мазкур ин ёдгориҳои таърихиро дар рӯзҳои аввали сол  харидорӣ намудааст. Лаълии мисӣ байзашакл б...

Дар Маркази миллии тестӣ омӯзиши курсҳои шиносоии низоми ИМД барои соли 2020 оғоз гардид

Аз 20 то 22 январ дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  омӯзиши курсҳои  шиносоии низоми  имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД)  бо иштироки намояндагони сарраёсати шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир мегардад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд. Ёдовар мешавем, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷ...

Минбаъд ҳамаи кормандони соҳаи маорифи Тоҷикистон ҳар се сол як маротиба аз аттестатсия гузаронида мешаванд

Ҳамаи кормандони соҳаи маориф, аз дастгоҳи вазорат ва сохторҳои маҳаллии он то устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликият, дар тамоми қаламрави мамлакат ҳар се сол як маротиба аз аттестатсия гузаронида шаванд. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошта, дастур доданд, ки: «Роҳбарону масъулони соҳаро зарур аст, ки сатҳу сифати таъл...

Дилафрӯз Каримова беҳтарин омӯзгори Тоҷикистон дар соли 2019 эълон гардид

Омӯзгори фанни забони англисии Литсейи математикии №1-и шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Каримова  бо гирифтани 205 хол ғолиби озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019» дониста шуд.  Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» корманди маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Саидмуҳаммад Изатуллозода хабар дод. Ба иттилои мавсуф, 18 январ озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019», ки муддати се рӯз идома дошт, дар толори Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии То...

Масъалаҳои тақвияти ҳамкории соҳавӣ байни китобхонаҳои Украина ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар Душанбе баррасӣ шуданд

Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Абдусалом Мирализода 16 январи соли равон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Василий Серватюк мулоқот анҷом дод. Дар ин бора аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз ташрифи Сафири тозаинтихоби Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносоӣ бо кори Китобхонаи миллӣ, боздид аз бойгонӣ, феҳрист ва баррасии масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои соҳавӣ байни китобхонаҳои пешрафтаи Украина ва К...

Хонандагони Тоҷикистон дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори 12 медал гардиданд

Аз 9-ум то 13-уми январ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон 16-умин Олимпиадаи байналмилалии Жаутиков аз фанҳои матемактика, физика ва технологияи иттилоотӣ баргузор гардид, ки дар он хонандагони тоҷик сазовори 12 ҷойи ифтихорӣ, 2 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ гардиданд. Тавре аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар олимпиада 82 даста аз 20 кишвари олам иштирок намуданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 нафар дар 3 даста шир...