Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Хабарҳо

Ба диққати наврасон ва ҷавонони шаҳри Душанбе!
30 апр

МД "Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди маорифи шаҳри Душанбе" Шуморо барои иштирок дар ҳафтаи технология, иноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе даъват менамояд. Тӯли ҳафта чорабиниҳои зерин баргузор мегардад Дарси маҳорат (Мастер класс, тренинг) оид ба барномасозӣ, моделсозӣ ва паркҳои технологӣ; Кори амалии барномасозӣ, сохтани моделҳои техникиву инноватсионӣ ва ихтироъкорӣ зери роҳбарии устодону коршиносон ва мутахассисони баландихтисос; Форуми наврасону ҷавонони шаҳри Ду...

Баргузории олимпиадаи фаннии наврасон (синфҳои 7-8) аз фанни технологияи иттилоотӣ дар Литсей интернати Президентӣ
30 апр

Субҳи имрӯз Олимпиадаи фаннии наврасон (синфҳои 7-8) аз фанни технологияи иттилоотӣ дар Муассисаи давлатии таълимии "Литсей интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Сараввал роҳбарияти муассиса ҳамаи хонандагоне, ки аз дуру наздик дар ин олимпиада ҷамъ омаданд хуш омадед гуфтанд. Сипас барои онҳо барору комёбӣ орзӯ намуд.  Зимни вохӯрӣ вобаста ба вазъи омодагии хонандагон ба олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ва роҳҳои муассири кор бо тест ва самаранок ...

Рӯзи 2-юми май дар тамоми муассисаҳои таълимӣ рӯзи истироҳат аст.
28 апр

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарусадо дар бораи баргузории дарсҳо дар Иди Фитр дар муассисаҳои таълимиро рад мекунад. Эҳсони Хушбахт, сухангӯи вазорати маориф гуфт, рӯзи 2 май рӯзи истироҳат аст. 

Рӯйхати ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11 аз фанҳои табиӣ-риёзӣ
26 апр

P.S.: Бо назардошти дархости зиёди истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ тасмим гирифтем, ки рӯйхати ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанҳои табиӣ-риёзиро пешниҳод намоем. Хонандагони зерине, ки дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ғолиби ҷойи дуюм  шуданд, бо медали ҷойи дуюм, дипломи дараҷаи дуюм, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷик...

Рӯйхати ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11 аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва олимпиада аз фанни Технологияи иттилоотӣ ба номи Ал-хоразмӣ
26 апр

P.S.: Бо назардошти дархости зиёди истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ тасмим гирифтем, ки рӯйхати ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва олимпиада аз фанни технологияи иттилоотӣ ба номи Ал-Хоразмиро пешниҳод намоем.    Хонандагони зерине, ки дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва олимпиада аз фанни технология...

Ғолибони олимпиадаи фанҳои ҷамъиятӣ -гуманитарӣ барои хонандагони синфи 11 аз Литсей-интернати Президентӣ
19 апр

18-уми апрели соли ҷорӣ дар Кохи “Суруш” маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва олимпиада аз фанни технологияи иттилоотӣ ба номи Ал-Хоразмӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир гардид. Хонандагони МДТ "Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Саддам Юсуфӣ, Тлатова Томирис ва Маҳмадализода Фарида низ иштирок намуда ва ғолиби олимпиадаи фанҳои ҷамъиятӣ -гуманитарӣ гардиданд. Ва...

Ғолибони олимпиадаҳо аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва Технологияи иттилоотӣ барои хонандагони синфи 11 қадрдонӣ шуданд
18 апр

18-уми апрели соли ҷорӣ дар Кохи “Суруш” маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва олимпиада аз фанни технологияи иттилоотӣ ба номи Ал-Хоразмӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир гардид, ки дар он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзалӣ Ҷаъфарзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъ...

Хонандагони синфҳои 1 аз 25 май ва синфҳои 2-11 аз 1 июн ба таътили тобистона мебароянд
18 апр

Хонандагони синфҳои 1 аз 25 май ва толибилмони синфҳои 2-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат аз 1 июни соли равон ба таътили тобистона мебароянд. Тавре муовини сардори Раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёратшоҳ Назруллозода иброз дошт, бо мақсади анҷоми соли таҳсили 2021-2022  фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба анҷоми соли таҳсили 2021-2022, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти...

Дастоварди навбатии хонандагони Литсей-интернати Президентӣ дар Рӯзи пойтахт
18 апр

Санаи 16.04.2022 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори Кохи “Суруш” – и пойтахт ба ифтихори Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе”, бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва сокинону меҳмонони пойтахт баргузор гардид. Дар оғози чорабинии фарҳангӣ - фароғатӣ нахуст бо сухани ифтитоҳӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душан...

Иншои беҳтарин ва расми беҳтарин озмун бахшида ба Рӯзи пойтахт

Хонандагоне, ки аз МДТ "Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар озмуни Иншои беҳтарин ва расми беҳтарин  бахшида ба Рӯзи пойтахт доир гардида буд  ба чунин  дастовар ноил шуданд: 1. Азаматзода Тахмина синфи 9А иншо 1 ҷойи аввал 2. Акобирова Рамзия 11В иншои беҳтарин 3. Фариштаи Фатҳудин синфи 8 Е расми беҳтарин