Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Хабарҳо

Дастаи олимпии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  беҳтарин дастаи олимпӣ дониста шуд

Дар асоси раддабандии Кумитаи тадорукот барои ноил гардидан аз рӯи миқдори ҷойҳои ифтихории дар Олимпиада бадастоварда аз рӯи номинатсияи “Беҳтарин дастаи олимпии ноҳияи шаҳри Душанбе”  ҷойи якум дастаи олимпии ноҳияи Сино бо ба даст овардани 408 ҷойи ифтихорӣ, ҷойи дуюм дастаи олимпии ноҳияи Шоҳмансур бо ба даст овардани 174 ҷойи ифтихорӣ ва ҷойи сеюм дастаҳои олимпии ноҳияи Фирдавсӣ бо 162 ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ба даст овардани 157 ҷойи ифтихорӣ дониста шуда, бо ҷоизаҳо сарфароз гардиданд.

Маросими ҷоизасупории ғолибони даври сеюми (шаҳрӣ) олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар соли 2022

Бо пайгирӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе санаи 12 марти соли ҷорӣ дар МТД “Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе” маросими ҷоизасупории ғолибони даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе...

ОЛИМПИАДАИ II ФАННИ ТЕХНОЛОГИЯ (ТАЪЛИМИ МЕҲНАТ) ОҒОЗ ГАРДИД

Субҳи имрӯз дар Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” Олимпиадаи II даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз фанни технология (таълими маҳнат) оғоз гардид. Дар расми ифтитоҳи кори Олимпиада сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла чунин қайд намуд: “Баргузор намудани Олимпиадаи даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз фанни технология (таълими меҳнат), ки таҷр...

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар

Модарону бонувони гиромӣ! Хоҳарони азиз! Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи модар самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори босаодат орзу менамоям. Рӯзи модар ҳар сол аз фаро расидани бедориву эҳёи табиат, яъне фасли зебои баҳор мужда мерасонад. Дар ин падида як рамзи амиқе вуҷуд дорад, ки дар шахсияти муқаддас, сиришти муборак ва ниҳоди поки модарон нуҳуфтааст. Маҳз ба ҳамин хотир мо рӯзи модарро ҳар сол бо эҳсоси гарме, ки аз муҳаббату навозиши модар сарчашма ме...

Паёми шодбошии директори Литсей-интернати Президентӣ Ғайратзода Лайло Диловар ба муносибати Рӯзи модарон

Муҳтарам бонувони азиз, ҳамкасбон гиромӣ! Дар нахустин рӯзҳои фасли зебои баҳор, яъне айёми нуру сафо ва гармиву бедоршавии табиат – ҷашни фархундаи “Рӯзи модар” фаро мерасад. Ҳамаи шумо, модарони меҳрубон ва бонувони гиромиқадро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо, пеш аз ҳама, саломатии қавӣ, хушбахтӣ, некии комил, меҳру муҳаббат ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям. Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ мепарварад, а...

Корҳои эҷодии хонандагони литсей бахшида ба Рӯзи модарон

Корҳои эҷодии хонандагони литсей бахшида ба Рӯзи модарон. Давоми корҳои эҷодии хонандагон

Озмуни шаҳрии “ЗАБОН ДОНӢ - ҶАҲОН ДОНӢ” байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе дар соли 2022 ташкил ва баргузор карда шавад.

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ аз “25” феврали соли 2022, № “86” Дар бораи ташкил ва баргузории озмуни шаҳрии “Забон донӣ - ҷаҳон донӣ” Бо мақсади ҷалби оммавии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба забономӯзӣ, инкишофи зеҳнӣ ва ҷаҳонбинӣ, сайқал додани заковат ва малакаҳои забондонӣ, дарёфт, муаррифӣ ва ҳавасмандгардонии истеъдодҳои нав дар ин самт, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ҚАРОР МЕКУН...

Дар соли 2022 байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе озмуни шаҳрии “ТОҶИ САРИ ҶУМЛА ҲУНАРҲОСТ ИЛМ” ташкил ва баргузор карда мешавад

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ аз “25” феврали соли 2022, № “85” Дар бораи ташкил ва баргузории озмуни шаҳрии “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” Бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омўзиши амиқ...

Ташрифи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия мӯҳтарам Валентина Матвиенко ба Литсей-интернати Президентӣ

 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Матвиенко ба муассисаи давлатии «Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон»  дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  ташриф оварданд. Хонандагони литсей меҳмонони олимақомро гарму самими истиқбол гирифтанд. Зимни ташриф Валентина Матвиенко аз рафти таълиму тарбия шинос шуда ва аз муаллимон...

Паёми шодбошии директори Литсей-интернати Президентӣ Ғайратзода Лайло Диловар ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарбозону афсарони шуҷои Ватан, омӯзгорону хонандагони гиромӣ ва кулли мардуми Тоҷикистони азиз! Бо камоли эҳтиром Шумо родмардони Ватан, омӯзгорону хонандагон ва кулли мардуми Тоҷикистони азизро бо Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуда, бароятон тансиҳативу хотирҷамъӣ ва хушиҳои зиндагиро таманно менамоям. Аз таъсисёбии Артиши миллӣ ҳамагӣ 29 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, роҳеро тай намудааст, ки он бо арзиши таърихию тадбирҳои анҷомшуда қиммати ҷандин даҳсоларо дорад. ...