Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Хабарҳо

Ғолибияти хонандагони пойтахт дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи наврасон барои синфҳои 7-8 фанҳои табиӣ-риёзӣ
3 мая

Дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.04.2022, №518 “Дар бораи гузаронидани даври чоруми ҷумҳуриявии Олимпиадаи фаннӣ барои наврасон аз фанҳои табиӣ-риёзӣ (синфҳои 7-8)-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ” рӯзҳои 30-юми апрел ва 1-уми май даври ҷумҳурияви Олимпиадаи фаннӣ барои хонандагони синфҳои 7-8 аз фанҳои табиӣ-риёзӣ (математика, физика, химия, биология, география, биология, технологияи иттилоотӣ) дар Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати ...

Даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои наврасон оғоз гардид
30 апр

30-уми апрели соли ҷорӣ дар мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва дар литсейи барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе аз фанни технологияи иттилоотӣ даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 7-8-и муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар баргузор гардид. Дар он муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Нусратулло Саломиён, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф, омӯзгорону волидон в...

Ба диққати наврасон ва ҷавонони шаҳри Душанбе!
30 апр

МД "Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди маорифи шаҳри Душанбе" Шуморо барои иштирок дар ҳафтаи технология, иноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе даъват менамояд. Тӯли ҳафта чорабиниҳои зерин баргузор мегардад Дарси маҳорат (Мастер класс, тренинг) оид ба барномасозӣ, моделсозӣ ва паркҳои технологӣ; Кори амалии барномасозӣ, сохтани моделҳои техникиву инноватсионӣ ва ихтироъкорӣ зери роҳбарии устодону коршиносон ва мутахассисони баландихтисос; Форуми наврасону ҷавонони шаҳри Ду...

Баргузории олимпиадаи фаннии наврасон (синфҳои 7-8) аз фанни технологияи иттилоотӣ дар Литсей интернати Президентӣ
30 апр

Субҳи имрӯз Олимпиадаи фаннии наврасон (синфҳои 7-8) аз фанни технологияи иттилоотӣ дар Муассисаи давлатии таълимии "Литсей интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Сараввал роҳбарияти муассиса ҳамаи хонандагоне, ки аз дуру наздик дар ин олимпиада ҷамъ омаданд хуш омадед гуфтанд. Сипас барои онҳо барору комёбӣ орзӯ намуд.  Зимни вохӯрӣ вобаста ба вазъи омодагии хонандагон ба олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ва роҳҳои муассири кор бо тест ва самаранок ...

Рӯзи 2-юми май дар тамоми муассисаҳои таълимӣ рӯзи истироҳат аст.
28 апр

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарусадо дар бораи баргузории дарсҳо дар Иди Фитр дар муассисаҳои таълимиро рад мекунад. Эҳсони Хушбахт, сухангӯи вазорати маориф гуфт, рӯзи 2 май рӯзи истироҳат аст. 

Рӯйхати ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11 аз фанҳои табиӣ-риёзӣ
26 апр

P.S.: Бо назардошти дархости зиёди истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ тасмим гирифтем, ки рӯйхати ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанҳои табиӣ-риёзиро пешниҳод намоем. Хонандагони зерине, ки дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ғолиби ҷойи дуюм  шуданд, бо медали ҷойи дуюм, дипломи дараҷаи дуюм, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷик...

Рӯйхати ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11 аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва олимпиада аз фанни Технологияи иттилоотӣ ба номи Ал-хоразмӣ
26 апр

P.S.: Бо назардошти дархости зиёди истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ тасмим гирифтем, ки рӯйхати ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва олимпиада аз фанни технологияи иттилоотӣ ба номи Ал-Хоразмиро пешниҳод намоем.    Хонандагони зерине, ки дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва олимпиада аз фанни технология...

Ғолибони олимпиадаи фанҳои ҷамъиятӣ -гуманитарӣ барои хонандагони синфи 11 аз Литсей-интернати Президентӣ
19 апр

18-уми апрели соли ҷорӣ дар Кохи “Суруш” маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва олимпиада аз фанни технологияи иттилоотӣ ба номи Ал-Хоразмӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир гардид. Хонандагони МДТ "Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Саддам Юсуфӣ, Тлатова Томирис ва Маҳмадализода Фарида низ иштирок намуда ва ғолиби олимпиадаи фанҳои ҷамъиятӣ -гуманитарӣ гардиданд. Ва...

Ғолибони олимпиадаҳо аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва Технологияи иттилоотӣ барои хонандагони синфи 11 қадрдонӣ шуданд
18 апр

18-уми апрели соли ҷорӣ дар Кохи “Суруш” маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва олимпиада аз фанни технологияи иттилоотӣ ба номи Ал-Хоразмӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир гардид, ки дар он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзалӣ Ҷаъфарзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъ...

Хонандагони синфҳои 1 аз 25 май ва синфҳои 2-11 аз 1 июн ба таътили тобистона мебароянд
18 апр

Хонандагони синфҳои 1 аз 25 май ва толибилмони синфҳои 2-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат аз 1 июни соли равон ба таътили тобистона мебароянд. Тавре муовини сардори Раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёратшоҳ Назруллозода иброз дошт, бо мақсади анҷоми соли таҳсили 2021-2022  фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба анҷоми соли таҳсили 2021-2022, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти...