Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Бо камоли ифтихор тамоми мардуми шарифи кишвар, аз ҷумла сокинони шаҳри Панҷакенти бостониро, ки на танҳо зодгоҳи саромади шеъру адаби тоҷику форс - Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, балки яке аз оғозгоҳҳои таърихи куҳанбунёди халқи тоҷик мебошад, ба муносибати ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон – бисту нӯҳсолагии истиқлоли давлатӣ ва 5500 – солагии Саразм табрик мегӯям. Арҷгузорӣ ба забони ширину шоиронаи тоҷикӣ, таъриху фарҳанги пурифтихор, эҳёи ой...
Истиқлолият- шукуфоиву пешрафти давлату миллат Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии Литсейи Президенти барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамдиёрони азиз! Имрӯз мардуми шарафманду соҳибиқболи тоҷик, 29 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарбаландона ҷашн мегиранд. Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи Шуморо ба ин ҷашни бошукӯҳ табрик намуда, ба хонадони ҳар к...
Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба ифтихори бисту нӯҳумин солгарди рӯйдоди бузурги таърихи навини кишварамон, яъне Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям ва ба ҳар як сокини мамлакат рӯзгори ободу осуда, саодати зиндагӣ ва барору комёбӣ орзу менамоям. Бисту нӯҳ сол муқаддам мардуми мо ба истиқлоли давлатӣ ноил гардиданд ва ба эъмори давлати миллии худ шурӯъ карданд. Оғози истиқлол ва қадамҳои нахустин дар роҳи бунёди давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба давраи бисёр ҳассоси таър...
«Устоди гиромиқадр Муҳаммад Осимӣ марди чеҳракушоду фозил, донишманду оқил, дилҷўю одил буданд. Устодро дар ҳар ҷо – дар донишгоҳ, фарҳангистон, ҳамоиш, кўча, ҳатто аз тариқи телевизион, ҳар гоҳе ки лаҳзае дида ба дидор расида бошад, фақат бо хушсуханӣ, меҳрубонӣ ва дилҷўӣ дидаам. Бо ҳама бо муҳаббат сухан мегуфтанд. Бо ин донишманди хушбархўрду шарифу зариф дидорҳое доштам, ки хотирмон буданд…». Чунин нигоштааст зимни баёни хотираҳои худ аз мулоқотҳо бо академик Осимӣ профессор Равшан РАҲМОНӢ. ...
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Рӯйдоди мазкур пураҳамият ва идомаи мантиқии дастгириҳои рӯзафзуни Пешвои муаззами миллат ба ин соҳаи муҳим маҳсуб шуда, масъулияти роҳбарият ва корманд...
Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102-ро барои 2400 нафар хонанда дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Зимни суханронӣ дар муассисаи таълимӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла зикр намуданд, ки бинобар хуруҷи бемории мазкур бо мақсади ҳимояи саломати...
17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншооти навбунёд аз се қисми 3 ошёна ва як бинои ду ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 11634 метри мураббаъро ташкил медиҳад. ...
Адиби маъруфи тоҷик, муаллифи Суруди миллӣ, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, Шоири Халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ имрӯз дар синни 75-солагӣ бинобар беморӣ аз олам даргузашт. Гулназар Келдӣ муаллифи матни Суруди миллии Тоҷикистон ва Суруди Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» мебошад. Шоир дар гузашта дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ва нашрияҳои «Пайванд», «Адабиёт ва санъат» ва «Ваҳдат» ба ҳайси мудири шуъба ва сардабир кор кардааст. Аз соли 2005 то 2010 вакили ...
Бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.07.2020, №11/19 тасдиқ карда шудааст. ТАРТИБИ ОМОДАГӢ ВА БАРГУЗОРИИ РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 1. Муқаррароти умумӣ 1.1. Тартиби баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ (минбаъд Тартиб) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва ...
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи таҷлили ҷашни 700-солагии шоири бузурги тоҷик – Камоли Хуҷандиро интихоб карданд. Рамзи мазкур аз ҷониби Академияи мусаввирии Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон ва Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн омода гардида, бо иштироки мутахассисони Академияи миллии илмҳо дар бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифт. ...