Дар Муассисаи давлатии таълимии "Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон " ҷашни куҳану ҳамешаҷавони Наврӯз бо иштироки васеи кормандону меҳмонон ва хонандагони муассиса таҷлил карда шуд. Кормандони муассиса ҷамъомади фарҳангии наврӯзиро тибқи расму оини миллӣ гузарониданд. Дастархони оростаи иштирокчиён, ки бо риояи суннатҳои наврӯзии ҳафтсину ҳафтшин ва таомҳои миллӣ зиннат ёфта буд, ба базмгоҳ шукуҳи тоза мебахшид. Иштирокчиёни ҳамоиш аз на...
ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №127 АЗ 10.03.2023 Дар бораи ташкил ва баргузории озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» Бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ,...
Байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе даври аввали озмуни «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» идома дорад. Озмуни мазкур бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба роҳ монда мешавад. Ба иттилои сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода, озмун вобаста ба амалӣ наму...
Модарону бонувон ва хоҳарони азиз! Дар нахустин рӯзҳои фасли зебои баҳор, яъне айёми нуру сафои баҳорӣ ва гармиву бедории табиат ҷашни фархундаи Рӯзи модар фаро мерасад. Ҳамаи шумо, модарони меҳрубон ва бонувони азизу арҷмандро ба ин муносибат самимона табрик гуфта ба ҳар яки шумо пеш аз ҳама саломатии қавӣ, хушбахтӣ, иқболи баланд ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям. Модар ягона олиҳаест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму ...
Аз 20 то 26 март тамоми хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ ба таътили баҳорӣ мебароянд ва чоряки сеюми таҳсил ҷамъбаст карда мешавад. Дарс дар мактабҳои мамлакат 27 март оғоз мегардад, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, таътили баҳории хонандаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ 5 рӯз ихтисор мешавад, зеро бо сабаби сардиҳои шадид хонандагон дар зимистони соли равон аз муҳлати муқаррарӣ 8 рӯз бештар ...
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷўёну унвонҷўёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, олимон ва муҳаққиқони ҷавони муассисаҳои илмиву тадқиқотии ҳудуди шаҳри Душанбе озмунро барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе эълон менамояд. Довталабони стипендия хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷўёну унвонҷўёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, олимо...
Бо мақсади иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 08.02.2023, £ 47 оиди дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими ҳувияти миллӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ ва нақша- чорабиниҳои тасдиқгардидаи Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон хонандагони синфҳои болоӣ аз намоиши лавозимотҳои ҳарбӣ, яроқу аслиҳа ва техникаҳои ҳарбӣ, инчунин тарзи омода намудани хӯрок барои сарбозону афсарон ҳангоми ...
Боиси ифтихору сарбаландист, ки имрӯзҳо аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардаду Артиши миллӣ мавқеи худро дар меҳани биҳиштосо устувор нигоҳ дошта, ба як нерӯи пуриқтидори давлатӣ ва сипари боэътимод табдил ёфтааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама баромадҳои хеш таъкид мекунанд: “Адои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балкӣ...
Ба ғолибони озмунҳои шаҳрии “Мураббии сол-2022”- 10 ҳазор сомонӣ, “Омӯзгори сол-2022”-10 ҳазор сомонӣ ва “Хонандаи сол-2022”- 6 ҳазор сомонӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи чорабиниҳои Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим мегардад. ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №50 АЗ 09.02.2023 Дар бораи ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳои шаҳрии «Мураббии сол-2022», «Омӯзгори сол-2022» ва «Хонандаи сол-2022» дар шаҳри Душанбе Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ - маънавии кормандони соҳаи маориф ва хона...
Cанаи 05.02.2023 даври аввали Олимпиадаи фосилавии байналмилалии IMAS-2023 дар Муасиссаи давлатии таълимии "Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид. Хонандагони бо як таёрии хуб дар ин олимпиадаи мазкур иштирок намуданд.