Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Хабарҳо

ОҒОЗИ ОЗМУНИ "СТИПЕНДИЯИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ "

Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 24 июни соли 2017, №363 “Дар бораи таъсис додани стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе” озмуни "Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе " Барои солҳои хониши 2021 -2022 эълон гардида буд. Имрӯз бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Одилзода Дилбар Раҳим, Сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром ва Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душа...

Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад

Пагоҳ, 2 апрел дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Фестивали ҷумҳуриявии  «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст!» оғоз гардида, то 9 апрел бо иштироки адибон, олимон, коршиносони соҳа дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома меёбад. Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Ҳусейн Сафарзода иброз намуд, фе...

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати моҳи шарифи Рамазон, ки фардо фаро мерасад, самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар файзу баракат, рӯзгори ободу осуда ва сулҳу оромӣ орзу менамоям. Моҳи Рамазон инсонро ба сабру таҳаммул, қаноату парҳезкорӣ, раҳму шафқат ва некиву накӯкорӣ ҳидоят карда, имони ӯро комил, иродаашро қавӣ ва зоҳиру ботинашро пок мегардонад. Дар ин моҳи муборак, баробари ба ҷо овардани фаризаву суннатҳои динӣ, иҷрои амалҳои с...

2 апрел Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мешавад

Аз 2 то 9 апрел дар ҷумҳурӣ Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст!» баргузор мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат. Фестивали мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иштироки адибон, олимон, коршиносони соҳа дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тӯли як ҳафта доир мегардад. Фестивал 2 апрел, соати 10.00 да...

Дар Душанбе озмуни «Забон донӣ — ҷаҳон донӣ» ҷараён дорад

Миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт даври ноҳиявии озмуни «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» ҷараён дорад. Озмуни мазкур бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади иҷрои Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 роҳандозӣ мегардад. Ба иттилои сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода, озмуни мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори...

«ТОҶИ САРИ ҶУМЛА ҲУНАРҲОСТ ИЛМ». Дар Душанбе даври ноҳиявии озмун ҷараён дорад

Дар Душанбе даври ноҳиявии озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» ҷараён дорад. Озмуни мазкур тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» соли 2022 миёни  хонандагони синфҳои 9-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт  баргузор карда мешавад. Тавре сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асом...

Таълимгирандагони «Литсей барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Хуҷанд дар Олимпиадаи байналмилалии «FISO» 171 медал ба даст оварданд

Таълимгирандагони «Литсей барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Хуҷанд дар натиҷаи ҷамъбасти даври финалии Олимпиадаи бонуфузи «FISO» 171 медали тилло, нуқра, биринҷӣ ва ифтихориро ба даст оварданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад. Даври байналмилалии озмуни мазкур 5 март тариқи фосилавӣ аз фанҳои математика, табиатшиносӣ, забони англисӣ ва санъати тасвирӣ баргузор гардида, ҳафтаи ҷорӣ аз ҷониби кумитаи тадорукоти озмун натиҷаи бадастовардаи хон...

Паёми шодбошии директори Литсей-интернати Президентӣ Ғайратзода Лайло Диловар ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз

Ҳамкасбон, шогирдон ва ҳамватанони азиз! Инак боз Наврӯзи ҷаҳонӣ дар сарзамини биҳиштосои мо аз ҷониби хурду бузург бо хушҳоливу хурсандии бемисл таҷлил мегардад, ҳамаи Шуморо ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ самимона табрик гуфта, бароятон хушрӯзиву нишот, комрониву саодати ҳамешагӣ, бахту иқболи баланд ва тамоми  хушиҳои зиндагиро орзу дорам. Ҳар як халқу миллат дорои ҷашну маросим ва анъанаҳое мебошад, ки онро дар асраи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, аз кору пайкори гузаштагон дарак медиҳанд. Яке аз ...

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз

Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрику таҳният мегӯям. Сидқан орзумандам, ки баҳор ва ҷашни фархундаи Наврӯз имсолу солҳои дигар ба кишвари биҳиштосои мо шодиву нишот, кушоишу дастовардҳои нав ва баракату фаровонӣ оварад. Наврӯз, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони ин ганҷинаи бебаҳои бостонӣ нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангиву тамаддунии дар айни замон ҷаҳонишуда тайи ҳазорсолаҳо инс...

Аз 21 то 31 март хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили баҳорӣ мебароянд

Аз 21 то 31 март тамоми хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат ба  таътили баҳорӣ мебароянд ва чоряки сеюми таҳсил ҷамъбаст мешавад, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Таътили баҳорӣ танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд. Инчунин ба хонандагон рӯйхати китобҳо тавсия мешав...