Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Хабарҳо

Китоб панҷараи бози рӯ ба доноист

Китоб натанҳо сарчашмаи илму дониш, балки воситаи муҳими тарбияи инсон аст. Он неруи пешбарандаи ҷомеаи башарӣ маҳсуб меёбад. Китоб ягона дӯсти мӯнису ғамхоре аст, ки моро аз гаҳвора то пиронсолӣ роҳнамоӣ менамояд. Миллати тоҷик аз қадим китобдору китобдӯст ва тамаддунофар буд ва ин омил боис гардид, ки дар тӯли таърих бегонагон борҳо осори адабӣ ва илмиву фарҳангии ни...

«Телефони боварӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шумораи 227-76-86 фаъол аст

Имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади таъмини робитаи доимии шаҳрвандон, инчунин сари вақт бохабар будан аз мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи  маориф дар минтақаҳо, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ  «Телефони боварӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳури Тоҷикистон бо шумораи 227-76-86  фаъол аст. Зикр шуд, ки соли 2019 тавассути ин шумора 207 занги телефонӣ ворид шудааст. Муроҷиатҳо асосан фарогир...

Ба муассисаҳои таълимии Тоҷикистон 5400 адад китобҳои дарсӣ бо забони русӣ ворид гардиданд

Ба муассисаҳои  таҳсилоти  миёнаи умумӣ ва литсейҳои Тоҷикистон, ки муаллимон аз Федератсияи  Россия дар онҳо се сол боз фаъолият доранд, китобҳои дарсӣ ва бадеӣ бо забони русӣ супорида шуданд. Сафири Фавқулода  ва Мухтори Федератсияи Россия  дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов  гуфт, ки тақдими китобҳо дар ҷавоб ба хоҳиши омӯзгороне, ки дар кишвари мо кор мекунанд, сурат гирифт. 5400 китоби дарсӣ ба 9 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳо  расонида мешавад. Масалан, тан...

Маҳфили “Дастони моҳир”: Мушҳои зираки сол

Чунин ном дошт мавзӯъи баҳс дар маҳфили “Дастони моҳир”-и Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ, ки дирғӯз доир шуд. муаллима мавзуъро шарҳ дод ва гуфт, ки соли 2020 соли муш аст ва ин солест, ки ба шахсони заҳматдӯст комёбиҳо пешгӯӣ мекунад.  Дар соли 2020 инсоният ба давраи нави таърихӣ қадам мегузорад. Дар асоси тақвими шарқӣ муши сафед ба даври мучал, ки 12 солро ташкил медиҳад оғоз мебахшад.     Дар умум мегўянд, ки рушди тамаддуни дунё вобаста аз он аст, ки чӣ гуна соли м...

Хонандагони тоҷик дар 30 олимпиадаи байналмилалӣ иштирок карда, соҳиби 250 медал, аз ҷумла 67 медали тилло гардиданд

Хонандагони тоҷик  соли  2019 дар 30 олимпиадаи  байналмилалӣ, ки дар зиёда аз 20 кишвари дунё  баргузор гардиданд,  фаъолона иштирок намуда, сазовори 250 медал,  аз ҷумла 67 медали тилло гардиданд. Ҷамъбасти олимпиадаҳои ҷумҳуриявии соли 2019 нишон дод, ки хонандагони Кӯҳистони Мастчоҳ, Восеъ, Балҷувон,  Муъминобод, Қубодиён, Роғун, Лахш, Дарвоз, Роштқалъа,  Рӯшон дар олимпиадаҳо иштирок намуда, сазовори ягон ҷой  нагардиданд. Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияҳ...

Сарсухани академик Абдулғанӣ Мироев ба китоби Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ

«Тоҷикон ва ўзбекҳо ҳамеша ба таҳкими риштаҳои дўстию бародарӣ кўшиш мекарданд ва садоқати худро ба ин арзишҳо собит намуданд. Намунаи возеҳи ин гуфтаҳо муносибатҳои дўстона ва бародаронаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ мебошад. Мо бояд барои халқҳоямон фазои дўстию самимияти ва ҳамдигарфаҳмию ҳамкориро, тавре дар замони Мавлоно Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ буд, Фароҳам орем». Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон …Алишер навоӣ дўсти наздик ва ҳамкори тавонои Абдураҳмони ...

Наримон Бақозода-адиби маъруфи кишвар

Наримон Бақозода-адиби маъруфи кишвар аз ҷумлаи шахсиятҳои маъруфест, ки дар рӯзи мавлудаш ҷон ба ҷонофаринаш таслим кардааст. Ӯ 26-уми январ ба дунёд омад ва дар 74-солагӣ боз ҳам дар ҳамин таърих тарки олам кард. Аз ин рӯ, фарзандонаш ин рӯзро рӯзи падари худ медонанд. ВА МУАРРИФИИ МУХТАСАР: Наримон Бақозода, 26 январи соли 1935 дар шаҳри Самарқанд, дар оилаи Абулато Бақозода, журналисти маъруфи "Овози тоҷик" ба дунё омадааст. Тифлии шоир дар Самарқанд, дар гаҳвораи тамаддуни тоҷикон гузаштааст. П...

Сомонаи адиби баноми тоҷик Баҳром Фирӯз дар фазои маҷозӣ фаъол шуд

Муддатест сомонаи адиби маъруфи тоҷик Баҳром Фирӯз дар фазои маҷозӣ гардон аст. Тӯли ин муддат садҳо тан аз ҷумла ҳаводорони эҷодиёти адиб аз он дидан карданд ва китбҳояшро мутолиаву аз шарҳи ҳолат бохабар шуданд. Ин як сомонаи пурмуҳтавоест, ки ба муносибати ҷашни 80-солагии адиб бастагонаш фаъол намуданнд. Гуфта мешавад, ки сомона қаблан ҳам буд, вале онро дигарбора сохтанд, нав карданд, матолиби ҷолибу ҷадид ворид сохтанд. Акнун ин сомонаро шумо аз тариқи сомонаи Китобхонаи миллӣ низ бо ишора рӯйи БАҲРО...

Шеъри Ҳофиз ҳама байтулғазали маърифат аст...

«Ҳофиз ҳофизаи мост. Зеҳну забону зиндагии мо сиришта бо Ҳофиз аст. Девони Ҳофиз фақат як дафтару девон нест, номаи зиндагиву зиндагиномаи мост. Ҳофиз фаротар аз адабиёт аст. Ҳофиз ба мо жарф зистану шод зистан меомўзаду яктана такягоҳи мост. Ҳеҷ кас чун ў зеру бами зиндагии моро намедонаду дар ғаму шодии мо шарик нест». Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ  Яке аз суханварони бузурге, ки дар таҳкиму густариши андешаҳои тарбиявию ахлоқӣ ва гуманистию зебошиносӣ дар адабиёти форси тоҷикӣ нақши носутурданиву ...

ОЛИМИ ШИНОХТАИ ТОҶИК ГУЛХОҶА ҶАНГИБЕКОВ БА СИННИ 70 РАСИД

  Доктори илмҳои физика ва математика Гулхоҷа Ҷангибеков ба синни 70 расид. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов олими шинохтаи зодаи Бадахшонро ба ин синни муборак табрик гуфта, дар табрикоташ навиштааст, “зиндагиномаи шахсиятҳое, чун Гулхоҷа Ҷангибеков намунаи олии меҳнатдӯстиву фидокорӣ мебошад ва эшон бо кору пайкори худ барои халқу Ватан хизматҳои зиёдеро дар соҳаи илму маориф анҷом додаанд.” Гулхоҷа Ҷангибеков Аълочии маорифи Тоҷикистон ва барандаи ордени Шараф дараҷаи 2 мебошад. Фарзанд...