Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Хабарҳо

ИҚДОМИ ШОИСТА:
6 апр

Ба ғолибони озмунҳои шаҳрии “Мураббии сол-2021”- 10 ҳазор сомонӣ, “Омӯзгори сол-2021”-10 ҳазор сомонӣ ва “Хонандаи сол-2021”- 6 ҳазор сомонӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи чорабиниҳои Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим мегардад. ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ АЗ 05.04.2022, №144 Дар бораи ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳои шаҳрии “Мураббии сол-2021”, “Омӯзгори сол-2021” ва “Хонандаи сол-2021” дар шаҳри Душанбе Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ – маънавии кормандони соҳаи маориф ва хо...

Дастоварди Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ дар соли 2022

Имрӯз дар «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ (синфҳои 11) дар соли 2022 баргузор гардид. Дар ин олимпида хонандагони Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда бо дастовардҳои назарас ноил шуданд. Аз ҷумла барои иштирок дар ин олипида ба хонандагон ва муаллимони литсей "Ифтихорнома" ва "Диплом" аз ҷониби Вазири маориф ва ил...

БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ. Ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ дар соли 2022 қадрдонӣ гардиданд

Имрӯз дар «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ (синфҳои 11) дар соли 2022 баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар доданд. Дар он Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзалӣ Ҷаъфарзода, сардори сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром ...

МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ “ЗАБОН ДОНӢ – ҶАҲОН ДОНӢ”

Имрӯз бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансур” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 маросими ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” баргузор гардид. Дар маросими ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” намояндагони кумитаи тадорукоти озмун, ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун ширкат варзиданд. Қайд кардан ба маврид ...

Имрӯз иштирокчиёни даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фанҳои табиӣ-риёзӣ қадрдонӣ мегарданд

Имрӯз дар «Кохи Суруш»-и пойтахт маросими ҷоизасупорӣ ба иштирокчиёни даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор мегардад. Дар олимпиадаҳои мазкур 536 нафар хонанда, аз ҷумла аз мактабҳои таҳсилоти умумӣ 296 хонанда ва аз мактабҳои шакли нав (мактабҳои президентӣ, литсей ва гимназияҳо) 240 хонанда иштирок менамоянд. Дар ин бора дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар ...

Бахши амалии даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” баргузор гардид

Санаи 3.04.2022 дар Муассисаи таълимии хусусии “Мактаби муосири байналмилалӣ” идомаи даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ”, тибқи Низомномаи озмун бахши амалӣ баргузор гардид. Лозим ба қайд аст, ки дар рӯзи дуввум вобаста ба бахши амалии даври ноҳиявии озмуни мазкур аз рӯйи 2 шарте, ки дар низомномаи озмун муқаррар гардидааст, яъне: - “Маҳорати суханварӣ” (бо се забон); - “Қироати шеър” (бо се забон) байни хонандагони синфҳои 5-8 ва 9-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия...

Даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ оғоз гардид

  2-юми апрели соли ҷорӣ дар Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз гардид, ки дар маросими кушодашавии он муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзалӣ Ҷаъфарзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Тоҷинисо ...

Даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ”, оғоз гардид

Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 25 феврали соли 2022, №86 “Дар бораи ташкил ва баргузории озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ”, имрӯз аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино” дар Муассисаи таълимии хусусии “Мактаби муосири байналмилалӣ”, даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” баргузор гардид. Озмун бо мақсади мақсади ҷалби оммавии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба забономӯзӣ, инкишофи зеҳнӣ ва ҷаҳонбинӣ, сайқал додани за...

Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои хонандагони то синфи 4 Рӯзи дарҳои кушод доир менамояд

Осорхонаи миллии Тоҷикистон минбаъд шанбеи охири ҳар моҳ барои хонандагони то синфи 4-и муассисаҳои таълимии мамлакат ба таври ройгон  Рӯзи дарҳои кушод доир менамояд. Тавре  сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев иброз намуд, роҳбарияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон ин иқдомро ба амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои миллат — дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ тарбия намудани кӯдакон ва наврасон равона намудааст. Хонандагон...

Дар ноҳияи Сино бахши назариявии даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” баргузор гардид.

Қайд кардан ба маврид аст, ки пас аз маросими кушодашавии даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” бахши назариявии озмуни мазкур дар Муассисаи таълимии хусусии “Мактаби муосири байналмилалӣ” оғоз гардид. Аз ҷониби Кумитаи тадорукот ва ҳайати ҳакамони даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” вобаста ба баргузории бахши назариявии озмуни мазкур маълумот дода шуд. Вобаста ба ин, иштирокчиён дар бахши назариявӣ аз рӯйи шартҳои зерин рақобат намуданд: - “Эссе” (бо се забон...