Рӯзи чоруми даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиадаҳои фаннӣ (синфҳои 5-6, 7-8, 9, 10, 11) аз фанни "Биология", "Математика" ва "Технологияи иттилоотӣ" дар МТМУ №101 ва дар Муассисаи таълимии давлатии "Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаеқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе" баргузор гардид, асосӣ дар он 1521-нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия сабқати донишу заковат намуданд.
26 хонандаи литсей-инетернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини директор оид ба олимпиада Чубенко Л.В. ва омӯзгори фанни забони англисӣ Бердникова А.П., ки санаи 30-юми октябри соли 2022 барои иштирок дар 14-умин Олимпиадаи байналмилалии “Дониш дар Анталия”-и шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия байни хонандагони синфҳои 2-11 аз фанҳои математика, забони англисӣ, физика, химия ва биология иштирок намуда, сазовори 20 медал гардиданд. &n...
Шуруъ аз 1 ноябри соли 2022 бо мақсади баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба илмомӯзӣ, ташаккули тафаккури мантиқии хонандагон ва муайян намудани хонандагони болаёқат, даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино оғоз гардид. Олимпиада аз санаи 1 то 5 ноябри соли 2022 баргузор гардида, шумораи умумии иштирокчиён дар Олимпиадаи мазкур 7892 нафарро ташкил медиҳад. Хонандагон аз синфи 5 то синфи 11 аз рӯйи 13 фанни таълимӣ қувваи зеҳнии худро месанҷанд. Даври ...
Аз 30 октябр то 6-уми ноябри соли 2022 дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия 14-умин Олимпиадаи байналмилалии “Дониш дар Анталия” байни хонандагони синфҳои 2-11 аз фанҳои математика, забони русӣ, забони англисӣ, география, физика, химия, биология, таърихи ҷаҳон, муҳити атроф, сайёҳӣ ва шоҳмот баргузор мегардад, ки дар олимпиадаи мазкур хонандагони пойтахт фаъолона иштирок доранд. Ба иштирокчиён барору бурдборӣ хоҳонем
1 ноябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили тирамоҳӣ оғоз гардида, то 10 ноябр идома меёбад. Дар ин бора дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Зикр шуд, ки чоряки якум 31 октябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷамъбаст гардида, хонандагон ба муддати даҳ рӯз ба таътили тирамоҳӣ мебароянд. Давоми даҳ рӯзи таътил хонандагон метавонанд аз рӯйхати тавсиявии асарҳои бадеӣ, ки аз 299 но...
Имрӯз дар саҳни Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» маросими ифтитоҳи даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз ёфт, ки дар он 423 нафар довталабон ширкат меварзанд. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» хабар доданд. Дар маросим намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикисто...
Соли 2022 5 ҳазору 745 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар 27 олимпиадаи фаннии бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 1585 медал гардиданд. Аз ҷумла, хонандагони мамлакат 259 медали тилло, 593 медали нуқра ва 733 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин бора зимни баргузории ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми мамлакат «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2022 ва вазифаҳо то охири со...
Забони гушода чу омад падид, Шуд он бандҳоро саросар калид. (Фирдавсӣ) “Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёгонам мебошад” Эмомалӣ Раҳмон Устодон, омӯзгорон ва ҳамватанони азиз! Ҳамасола 5-уми октябр Рӯзи забони давлатӣ, ки дар иртибот ба тасвиби Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар шудааст, ҷашн гирифта мешавад. ...
Имрӯз, 5 -уми октябр, Асосгузори сулҳу ваҳди миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба синни мубораки 70 қадам ниҳоданд. Шуморо ба ин муносибат табрику таҳният гуфта ба Шумо Ҷаноби Олӣ тансиҳати ва рӯзгори осоиштаро таманно дорам. Пешвои миллати мо кафили сулҳ, меъмори ваҳдат, пушту паноҳи мардуми тоҷик ва тоҷикони дунё ва муаррифгари фарҳангу анъана ва асолати миллист, ки ба ӯ ҳамчун шахсияти таърихӣ ҳамеша ифтихор менамоем. Маҳз имрӯз зери сиёсати хирадмандонаи...
Бахшида ба Рӯзи омӯзгор тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Дар бораи ҳавасмандгардонии мураббиёну омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе» 111 нафар мураббиёну омӯзгорони муассисаҳои таълимии пойтахт бо мукофоти пулӣ- ба ҳар нафар 3 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардиданд. Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода иброз дошт, ин нафарон бахшида ба Рӯзи омӯзгор ва бо мақса...