Ба 262 нафар омӯзгорон, директорон, кӯдакону наврасони боистеъдоди кишвар, инчунин волидайни онҳо зимни ҳавасмандсозӣ ва ҷоизасупории даври ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии олимпиадаҳои фаннӣ дар соли 2022 мукофотҳо супорида шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони ХУШБАХТ хабар дод. Маросими ҷоизасупорӣ дирӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он ғолибону барандагони ҷоизаҳо аз рӯйи 13 номи...
Санаи 28.12.2022 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими ҳавасмандгардонӣ ва ҷойизасупории ғолибони даври ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии Олимпиадаҳои фаннӣ дар соли 2022 баргузор гардид, ки ба Муассисаи давлатии таълимии "Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои фаъолияти назаррас дар рушди соҳаи маориф, ҳаракати олимпӣ, фароҳам овардани шароити муносиб барои иштироки фаъолона ва дастовардҳои хонандагони муассиса дар даври ҷумҳуриявии олимп...
Ин дастовард бо кулли хонандагону омӯзгорон ва волидон муборак бошад ва аз номи ҷомеаи меҳнатии литсей, хонандагону волидон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарпарасти МДТ "Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои пайваста дар соҳаи маориф ва таъсис додану ҳавасманд гардонидани хонандагони болаёқат изҳори сипосу миннатдории бепоён баён менамоем! Рӯйхати гирандагони Стипендияи Президентӣ: 1. Азизиён Суман 03.04.2009 2...
Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди...
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд. Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд. Чунонки ба ҳама маълум аст, солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисод...
Асророва Сарвиноз хонандаи синфи 9-уми МДТ "Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо роҳбарии муаллима Назарова Рухсорамо Саъдуллоевна дар номинатсияи "Адабиёти ҷаҳонӣ" сазовори ҷои сеюм ва барандаи ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ" гардид. Ин ғолибиятро ба кулли ҷомеаи меҳнатии литсей, волидону хонандагон таҳният гуфта, ғолибиятҳои дигарро орзумандем. Инчунин, ба муаллима Назарова Рухсорамо ва волидайни Сарвиноз аз номи маъмурият...
Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад. Дар он аз миёни 442 нафар иштирокчиёни даври ниҳоӣ беҳтаринҳо интихоб гардида, қадрдонӣ мешаванд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар». Аз ҷумла, гирандаи Шоҳҷоизаи озмун ва ғолибони номинаҳо эълон гардида, бо туҳфаҳои Кумитаи тадорукот, диплому ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар туҳфаҳо...
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, шуруъ аз 5-уми декабри соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” шуруъ гардида, ҳамакнун озмун вобаста ба номинатсияҳо ва гурӯҳҳо идома дорад. Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯйи 5 номинатсия – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср вобаста ба гурӯҳҳо миёни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳ...
Бо пайгирӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино” санаи 14 декабри соли ҷорӣ дар МТХ “Мактаби муосири байналмилалӣ Душанбе” маросими ҷоизасупории ғолибони даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор га...
Аз 31-уми октябр то 6-уми ноябри соли 2022 дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия 14-умин Олимпиадаи байналмилалии “Дониш дар Анталия” байни хонандагони синфҳои 2-11 аз фанҳои математика, забони русӣ, забони англисӣ, география, физика, химия, биология, таърихи ҷаҳон, муҳити атроф, сайёҳӣ ва шоҳмот ташкил ва баргузор гардид. Дар олимпиадаи мазкур 1200 нафар иштирокчӣ аз давлатҳои Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва ғайра байни ҳам сабқат намуданд. Маврид...