Ҷашнҳои Ялдо, Сада ва Наврӯзу Меҳргон таърихи дуру дароз доранд. Сарчашмаи пайдоиши онҳо ба зиндагии ҳаррӯза, ҳар ҳафта, ҳармоҳа ва ҳарсолаи мардум пайваст буда, дар асл ҳисоби замони кишту кору чорводориро фаро мегиранд. Яъне одамони замони қадим чор унсури зиндагӣ- об, ҳаво, хок, оташро гиромӣ медоштанд. Яке аз онҳо- оташ, ҳамчунин хуршеду равшании он барои рӯзгузаронии мардум бисёр муҳим буд. Ҳамаи ин ҷашнҳо аз устура, шеър ва ривоятҳои гуз...
24-уми январи соли 2020 дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Саломиён Муҳаммаддовуд бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Серватюк Василий Николаевич доир гашт. Дар оғози вохӯрӣ Саломиён Муҳаммаддовуд қайд кард, ки ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Украина дар соҳаи маориф ва илм дар асоси Созишнома миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Украина оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф аз 9 апрели соли 2...
Имрӯз аҳли илму одаби кишвар дар рӯзи таваллуди Наримон Бақозода аз ин шоир, нависанда, драмнавис ва публисисти маъруфи тоҷик, ки дар рӯзи тавваллудаш соли 2009 дар синни 74-солагӣ аз олам гузаштааст, ёд карданд. Наримон Бақозода адибест, ки дар ташаккули як насли баркамол саҳми муҳим гузоштааст ва махсусан шеърҳои барои кӯдакон эҷокардааш байни мактабхонҳои на танҳо Тоҷикистон, балки берун аз он низ хеле машҳур буданд. Наримон Бақозода 26 январи соли 1935 дар шаҳри Самарқанд, дар о...
Саидҷаъфар Қодирӣ яке аз физикдонҳои шинохта дар кишвар аст. Донандаи хуби забони тоҷикист, ки борҳо сари истилоҳоти физикӣ дар матбуот баҳсҳо ҳам доштааст. Аз фаъолтарин муаллимони ин фан дар матбуоти кишвар аст. Навиштаҳо ва таҳлилҳои илмиаш борҳо мавриди баҳсу баррасиҳо қарор гирифтаанд. Муаллифи Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти физика мебошад, ки соли 1985 чоп шуда буд. Луғати физикии вай аз ҷониби донишмандоне чун Муҳаммад Осимӣ ва Муҳаммадҷон Шакурӣ баҳои сазовор гирифтааст. Саи...
Яке аз хуҷастагиҳои барҷастаи даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз ҳамин эҳёи суннату анъана ва маросими миллиест, ки на танҳо эҳёи маънавиёти миллатамон, балки эҳёи дубораи ҳувияту рисолати миллатамонро таъмин мекунад. Хушбахтона, бо пушти сар шудани таърихи хеле гарону пурмоҷарои ҳазорсола халқи тоҷик бунёди қавӣ ва бегазанди худро собит сохт ва ин падида, пеш аз ҳама, дар ду зуҳурот ҳузури муборак дорад: Аввалан, миллати мо тавонист забони модарию а...
Ҳамватанони азиз! Истиқлоли давлатӣ барои мардуми куҳанбунёди тоҷик имкони таърихие фароҳам овард, ки анъанаҳои фарҳангӣ ва ҷашнҳои миллии худро дар шаклу муҳтавои наву замонавӣ эҳё ва таҷлил намоянд. Ҷашнҳои аҷдоди ориёии мо, ба монанди Садаву Наврӯз, Тиргону Меҳргон бозтоби пайванди инсону табиат, ойинҳои вобаста ба корҳои кишоварзӣ, инчунин, ҳунармандӣ буда, беҳтарин ғояҳои инсонӣ моҳият ва муҳтавои онҳо мебошанд. Ин ҷашнҳои бостонӣ ба чаҳор фасли сол рост омада, гиромидошти унсурҳои муа...
Дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд нишасти 179-уми маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан» доир гардид, ки он ба ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ бахшида шуд. Дар он бештар аз 200 нафар мухлисони илму адаб, аз ҷумла, олимону адибон ва устодону донишҷӯён ширкат варзиданд. Сарвари маҳфил адабиётшинос Саидумрон Саидов зикр кард, ки дар нишаст дар баробари ироаи маърӯзаҳову суханрониҳо натиҷаи фаъолияти маҳфили «Ганҷи сухан» дар соли 2019 ҷамъбаст мешавад. ...
26 январ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада доир мегардад. Дар тантанаи мазкур намоиши тухмии зироати кишоварзӣ, техника-олоти кишоварзӣ, зотҳои чорво, хӯрокҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ярмака-фурӯши ниҳол, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулоте, ки ифодагари ҷашни Сада мебошанд, пешниҳоди ҳозирин гардонида мешаванд. Тавре котиби матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқубҷон Уроқов ба АМИТ «Хо...
26 январ дар ҳамаи боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва майдончаҳои варзишии деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр ва вилоятҳои ҷумҳурӣ ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хосса доир мегардад. Дар рӯзи ҷашн ҳамчунин намоиш ва фурӯши навъҳои гуногуни тухмии зироати кишоварзӣ, ниҳолҳои мевадиҳандаю ҳамешасабз ва гулу гулбуттаҳо баргузор мешавад. Дар ин рӯз ташкилкунандагони барномаҳои идона суннатҳои ҷашни Садаро риоя намуда, аз осори шоирони классику муосир дар васфи ин иди ниёгон шеърҳо мехонанд. Сада яке аз ҷашнҳои бостонии ми...
Дар ин чанд соли охир баробари эҳё шудани ҷашни Сада шоирону нависандагону олимон, журналистону навқаламон- ҳар касе, ки ошиқи фарҳанги ниёгон аст, ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада ва Ялдоро ситоиш менамоянд. Олимон дар бораи Сада мақолаҳои илмӣ таълиф менамоянд. Адибон бо муҳаббат роҷеъ ба Сада менависанд. Олимону нависандагон дар нигоштаҳои хеш маъно ва мафҳуми ин ҷашни табиии хуршедиро, ки аз шаби чилла (Ялдо) оғоз шуда, ба самти Сада, Наврӯз, Тиргон, Меҳргон меравад ва ҳамин тавр ҳар сол бо...