Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Хабарҳо

БОДО МУБОРАК ИДАТОН, ЭЙ БОНУВОНИ МЕҲРУБОН!

Модар – калимае мебошад, ки ҳамагӣ аз панҷ ҳарф таркиб ёфтааст. Вале дар мазмуну мӯҳтавои он як ҷаҳон маънӣ, шукӯҳу шаҳомат нуҳуфта аст, ки дар тасвирашон садҳо достону романҳо офарида ва ғазалу таронаҳо сароида шуданд. Ин мафҳум барои ҳар як инсон ончунон азизу муқаддас аст, ки барои ҳифзи ҷону нангу номусаш фарзандони арзанда ҷони худро дареғ намедоранд!.Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ мепарварад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба ...

Вохӯрии устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо хатмкунандагони Литсей-интернати Президентӣ.

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи муассиса бо иштироки устодони Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ вохӯрии судманд бо хатмкунандагони литсей баргузор гардид. Дар ин вохӯри Ҳасанов Нозимшо - мудири кафедраи меъмории биноҳо ва иншоот, доктори меъморӣ, Тиллоев Сангаҳмад - мудири кафедраи меъмори ва дизайнер, доктори меъморӣ, Раҳматҷонов Ғуломҷон- дотсенти кафедраи иқтисодиёт дар сохтмон, Раҳмонов Саъдӣ - муовини декани факултети сохтмон ва меъморӣ ва Шокиров Раҷабалӣ - доктор PHD - и кафед...

Ҷойгоҳ ва мақоми зан дар Авасто

Ҷойгоҳ ва мақоми зан дар тамаддунҳои бостонӣ, аз ҷумла дар тамаддунҳои ҳиндӣ, чинӣ, ориёӣ, мисрӣ, юнонӣ, румӣ ва дигар тамаддунҳои ҷаҳонӣ, ки тавонистаанд дунёро такон бидиҳанд, хеле бузург аст. Дар аксари тамаддунҳо зан дар мақомҳои изад, шоҳ, малика, маслиҳатдеҳи шоҳ, гоҳе вазир, мутафаккир, олим, шоир, нависанда, сарлашкар, ҷанговар, қаҳрамон омадааст. Ба мақому мартабаи зан, махсусан дар динҳои гуногун, эътибори хосса дода шудааст.  Ба ҷойгоҳ ва мақому мартабаи зан, модар дар китоби муқ...

Зан ё модар-сарчашмаи обруву латофату садоқат барои башарият (ба муносибати рӯзи Модарон)

Замине, ки мо инсонҳо дар он зиндагӣ ва кору фаъолият мекунем, дорои хусусияту нормативҳои хоси худ аст, ки тавассути онҳо  мо танаффус ва нашунамо меёбем. Дар ҳақиқат, агар ин нормативҳову моддаҳо муҳайё набошанд ва назорат нашаванд, барои мо инсонҳо дар чунин сайёра зиндагӣ карданд, номумкин ва душворпазир хоҳад буд.Ҳамин хусусиятҳову норматиҳои мададрасони замин  дар рушду нумуи инсоният кӯмак расонида, гувоҳӣ онанд, ки ҳаракатҳояш доимо назорату арзёбӣ мегарданд.   Дар даруни ҳамин сайё...

Бонувону модаронамон босавод бошанд

Ҳазрати Расули Акрам фармудаанд, ки баъд аз имон бузургтарин дороии мард дар зиндагӣ зани донишманду шоиста аст. Ҳамзамон дар ин маврид адиб ва мутафаккири рус В. Г Билинский хеле хуб гуфтааст: «Зан маҳбубаи шаҳвар не, балке рафиқу аниси ҳаётии мост ва мо бояд ӯро ҳурмату эҳтиром кунем». И.Кант мегуяд; «Зане, ки ғайр аз рўз кур кардан кору бори дигар надорад, дере нагузашта аз худаш безор мешавад».  Зан сарчашмаи ҳаёт, ҷароғи рўзгор ва оинаи зиндагист. Дар тӯли таърих ҳамеша занон дар ...

Дар Вазорати маориф ва илм барои пешгирӣ аз коронавирус Ситоди дохилиидоравӣ таъсис ёфтааст

Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расонидани маълумоти пешгирикунанда аз  сирояти коронавирус Ситоди дохилиидоравӣ таъсис дода шудааст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми мамлакат иттилоъ доданд. Роҳбарии Ситоди мазкурро Вазири маориф ва илм, академик Муҳаммадюсуф Имомзода ба уҳда дошта, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳои тобеъ аъзои он мебошанд. Тибқи нақшаи кории ситод ба тамоми муас...

МУҲАНДИСИ РӮҲИ ОДАМИЗОД. Ба Рӯзи байналмилалии нависанда бахшида мешавад

Рӯзи байналмилалии нависанда амалан дар тамоми кишварҳои олам 3 март таҷлил мешавад. Унвони пурраи ин ид  Рӯзи байналмилалии сулҳ барои нависанда буда, он дар конгресси  байналмиллалии ПЕН – клуб, ки аз 12 то 18 январи соли 1986 гузаронида шуда буд, таъсис ёфтааст. ПЕН – клуб  соли 1921 дар Лондон бунёд гардида, номи он аз се ҳарфи аввали алифбои англист, ки дар айни замон ҳарфҳои нахустини вожаҳои шоир,  очеркист ва романистро дар англисӣ ба ҳам меорад. Аҷиб ин аст, ки худи вож...

Тафсири Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расид

Тафсири Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назари академик Абдуҷаббор Раҳмонзода бо мураттибӣ ва муҳарририи нависанда Садриддин Ҳасанзода аз тариқи Муассисаи нашриявии «Ирфон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расид. Дар аввали маҷмӯа матни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 ҷойгир шудааст. Таҳлилу тафсири нукоти муҳими...

«ХОНАИ БЕКИТОБ МИСЛИ РӮЗИ БЕОФТОБ АСТ…». Ва ё имрӯз интернет бархе аз ҷавонони моро танбал ва беҳавсала намудааст

«Нақл мекунанд, ки Абуалӣ ибни Сино подшоҳи Сомониён Нуҳ ибни Мансурро табобат кард ва ӯ шифо ёфт. Нуҳ ибни Мансур аз Ибни Сино пурсон шуд, ки дар ивазаш ба ӯ чӣ туҳфа кунад. Ибни Сино дар ивази хизматаш аз подшоҳ хоҳиш намуд то ӯро барои даромадан ба китобхона иҷозат диҳад. Подшоҳ дарҳол ин хоҳиши ӯро пазируфт ва ӯро ба китобхони бузурги дарбор роҳ доданд. Китобхона хонаи дуюми «Сивон-ул-хикмат» — Ибни Сино гардид ва дар тӯли 3 соли омӯзиш дар он ҷо ӯ нобиға гардид. Ҳатто он қадр му...

Сарсухани марҳум Аълохон Афсаҳзод ба китоби “Пандномаи Анӯшервон”

Донишманди шинохтаи тоҷик, марҳум   Аълохон  Афсаҳзод соли  2008 ҳангоми ба чоп ҳозир кардани китоби “Пандномаи Анӯшервон” дар як муқаддимаи муфассал чанд шарҳе ироа карда, ки хонандаро на танҳо бо муҳтавои китоб, балки таърихи иншо ва муаллифи он ошно мекунад. Ҳарчанд то кунун муаллифи аслии китоб дақиқан маълум нест, вале Аълохон Афсаҳзод талош кардааст ҳадсу гумонҳои пажӯҳишгаронро оварад, то хонанда тасаввуроте дар ин бора ҳам дошта бошад. Лозим донистем ин муқаддимаро бознашр кунем ва аз...