Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Табрикотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

2 января 2024 03:01

Количество просмотров: 402

ИШТИРОКИ 5 ҲАЗОРУ 769 НАФАР:
Бо мақсади баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фаннҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва рушди зеҳнии хонандагони боистеьдод, тибқи фармоиши дахлдори сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз 2 январи соли 2024 дар пойтахт аз руйи 13 фани таълимӣ олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз гардид, ки он то санаи 6-уми январ  идома менамояд.
Дар даври сеюми (шаҳрии) олимпиадаи фаннӣ аз чор ноҳияи пойтахт 5 ҳазору 769 довталаб ба олимпиада роҳ ёфтанд, ки аз ин шумора 3 ҳазору 783 нафар аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва 1 986 нафар аз фанҳои табиӣ-риёзӣ мебошад.
Олимпиада пура аз руйи Низомномаи олимпиадаҳои фаннӣ, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, амалӣ гардида, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ пешниҳод мегарданд.
Ташкил ва баргузор намудани озмун ва олимпиадаҳо, яке аз усулҳои босамари дастгирӣ ва ҷалб кардани хонандагони болаёқат ба донишандӯзӣ ва илмомӯзӣ мебошад.
Хабар давоми рӯз пурра мегардад.