Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

12 января 2024 01:01

Количество просмотров: 359

Дар асоси дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ояндаи наздик барои ҷавонони лаёқатманди ихтироъкор ва навовар Маркази ихтироъкорони ҷавон ба истифода дода мешавад, хабар доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Чунин дастур зимни баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум аз ҷониби Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дода шуд.

Ҳадаф аз ташкили марказ муттаҳид намудани ҷавонони болаёқат ва дастгирии онҳо барои ихтироъкорияшон дар самтҳои гуногун мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки ин тадбир бо мақсади амалӣ намудани  фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 31 январи соли 2020 дар бораи эълон намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) амалӣ мешавад.

Дар доираи эълони ин солҳо ҳамзамон дар пойтахт давоми чанд соли охир озмунҳои гуногун гузаронида мешаванд. Яке аз онҳо Озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» мебошад. Иштирокчиёни  озмун дар ду шарт (назариявӣ ва амалӣ) аз рӯйи номинатсияҳои барномасозӣ, меъморӣ, моделсозӣ, радиоэлектроника,  робототехника,  сайёҳӣ-кишваршиносӣ ва  табиатшиносӣ маҳорат меозмоянд.

Инчунин дар пойтахт Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе  бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  бахшида ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф гузаронида шуда, мақсад аз он дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва боло бурдани тафаккури техникии наврасону ҷавонон мебошад.

Ҳадафи асосии озмунҳо баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, ба эҷодкорӣ, навовариву ихтироъкорӣ,  омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ, ташаккули сатҳи фарҳанги техникӣ, тарғиби маданияти истифодаи иттилооти интернетӣ, ҷорӣ намудани техникаю технологияи инноватсионии муосир дар раванди таълим ҷалб намудану сайқал додани донишу маҳорат ва дастгирии  ихтироъкорону навоварони наврасу ҷавон мебошад.

Манбаъ: https://khovar.tj/2024/01/raisi-sha-ri-dushanbe-rustami-emomal-dastur-dodand-ki-markazi-ihtirokoroni...