Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Ҷоизаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 – умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

Табрикоти Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президенти барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон бахшида ба 28 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Муҳтарам афсарон ва сарбозон, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!  Ҳамватанони азиз, Имрӯз мо дар арафаи ҷашнгирии бистуҳаштумин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвари азизу маҳбубамон қарор дорем. Бо як рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз фазои орому о...

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»

АМРИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН1. Бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт, ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии ...

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2021

АМРИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНБа ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор карда шавад.2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоизаҳо ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).3. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва вар...

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2021

АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 1. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2021 баргузор карда шавад. 2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3). 3. Вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон в...

Дар 50 муассисаи таълимии шаҳри Душанбе барномаи электронии «eDonish» фаъол гардонида мешавад

Аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд»-и (Smart City) Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар 50 муассисаи таълимии шаҳри Душанбе барномаи электронии «eDonish» фаъол гардонида мешавад. Сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода иброз дошт, ки бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи шаҳри Душанбе» ва ҳамкории Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳ...

Бо дастури Пешвои миллат имсол 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ҷашн гирифта мешавад

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки ҷиҳати қадрдонӣ ва гиромӣ доштани хотираи Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ҷашни 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода баргузор карда шавад. Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани солгарди адиб тибқи супориши Сарвари давлат тадбирҳои зерин амалӣ карда мешаванд: Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳо, Академияи таҳсилот то аввали моҳи майи соли 20...

Конфронси онлайнии хонандагони Литсей бо Донишгоҳи Алмаато(AlmaU)

Имрӯз дар Литсейи Президенти барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон бо Донишгоҳи Алмаатои ALMA конфронси онлайн оид ба касб баргузор гардид, ки дар давоми он хонандагони синфҳои 10г ва 11г - Литсей видео ва презентатсияро дар бораи ин донишгоҳ тамошо карданд. Хонандагони саволҳои худро дар бораи қабул ба онҳо додан ва посухи худро гирифтанд.   https://www.almau.edu.kz/

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада

Ҳамватанони азиз! Хурду бузурги Тоҷикистонро ба ифтихори ҷашни Сада, ки яке аз ойинҳои бисёр деринаи халқи бостонии мо мебошад, самимона табрик мегӯям. Халқи тоҷик таърих ва фарҳанги куҳан дошта, аз замонҳои қадим то ба имрӯз ба ойину суннатҳои миллӣ ва арзишҳои аҷдодии худ арҷ мегузорад, барои эҳё кардану ғановатманд гардонидани онҳо ва дар миёни аҳли ҷомеа густариш пайдо кардани маросиму ҷашнҳои бостонии хеш саъю талош менамояд. Сада аз ҷумлаи чунин ҷашнҳои бостонии мо мебошад, ки дар аҳд...

Озмун ҷиҳати дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе ҷараён дорад

Тавре  қаблан иттилоъ дода будем, аз 25 январ то 14 феврали соли равон дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия» -и назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷиҳати дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе озмун баргузор мегардад. Барои иштирок дар озмуни стипендияи Раиси шаҳри Душанбе 3 ҳазору 441 нафар хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ум...

«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Таҳти чунин унвон дар Тоҷикистон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад

Ҳамасола дар Тоҷикистон ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон таҳти унвони «Илм – фурӯғи маърифат» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ изҳор доштанд, ки дар озмуни навбатӣ истеъдодҳои наврасу ҷавон донишу маҳорат санҷида, дар оянда барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши ...