Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

30 марта 2024 11:03

Количество просмотров: 127

Тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ иборат аз 3 нафар хонанда дар Олимпиадаи байналмилалии Туркманистон ба муносибати ҷашни 300-солагии шоир-мутафаккир Махтумқули Фироқӣ аз фанни математика, ки рӯзҳои 25-30 марти соли 2024 дар шаҳри Ашхободи Ҷумҳурии Туркманистон баргузор гардид, сафарбар карда шуда, сазовори як ҷойи II гардиданд.

– Юсупов Меҳрубон – хонандаи синфи 9 Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе ҷойи II;
– Зоиров Анушервон – хонандаи синфи 10 Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе;
– Душанов Абдулло – хонандаи синфи 7 Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе;

 Бояд гуфт, ки Олимпиада сатҳи баланд буда, дар он 137 нафар иштирокчиён аз 12 кишварҳои Осиё ва Аврупо аз он ҷумла, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Россия, Эрон, Булғория, Қазокистон, Белоруссия, Арабистони Саудӣ, Қатар, Озорбайҷон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Тоҷикистон бо ҳам сабқати илмӣ намуданд. 

– Юсупов Меҳрубон – хонандаи синфи 9 Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе то ин ҷониб дар 5 Олимпиадаҳои сатҳи баланд аз фанни математика иштирок намуда соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардидааст.

- Олимпиадаи байналмилалии  «InIMC-2021» ҷойи III дар Ҷумҳурии Индонезия.
- Олимпиадаи байналмилалии «EDUANT-2022» ҷойи I дар Ҷумҳурии Туркия
- Олимпиадаи байналмилалии «JBMO-2023» ҷойи III дар Ҷумҳурии Албания
- Олимпиадаи байналмилалии «BIMC-2023» ҷойи III дар Ҷумҳурии Булғория.
- Олимпиадаи байналмилалӣ ба номи «Махтумқули Фироқӣ» Ҷумҳурии Туркманистон 2024 ҷойи II.
  Ин дастовардро ба кулли омӯзгорону хонандагон ва волидон табрик гуфта ба хонандагон дар оянда боз ҳам мувафаққият таманно менамоем.