Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

20 января 2024 08:01

Количество просмотров: 374

Бо фармоиши сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз 17 то 23 январи соли 2024 "Ҳафтаи ихтироъкорӣ ва навоварии кӯдакону наврасон" эълон карда шуд. Маврид ба зикр аст, дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҳафтаи мазкур баргузории озмунҳои гуногуни илмиву эҷодӣ ва зеҳнӣ, дарсу машғулиятҳои таҷрибаву озмоишӣ, намоиши ихтироот ва навоварии хонандагон ва ғайраҳо дар муассисаҳои таълимӣ баргузор карда мешаванд. "Ҳафтаи ихтироъкории кӯдакону наврасон" бо мақсади иҷрои ҳадафҳои барномаи “Бистсолаи омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2020-2040”, ҷалби таваҷҷӯҳи кӯдакону наврасон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, шиносоӣ бо навовариҳои илм ва истеҳсолот, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технологияҳои муосир, мусоидат дар рушди тафаккури техникӣ, фароҳам овардани шароит барои ташаккули қобилиятҳои эҷодиву зеҳнӣ, омодагии ҷиддии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ва озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» ва ҷиҳати татбиқи амалии дастури Раиси шаҳри Душанб муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба тақвияти корҳо дар самти дарёфт, ҳавасмандгардонӣ ва тарбияи истеъдодҳои нав дар бахшҳои ихтироъкориву навоварӣ эълон гардида, бори аввал дар ин сатҳ ташкилу баргузор карда мешавад.
https://www.facebook.com/story.php?story_fbid=934627071339862&id=100043777321526&mib...