Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Замин ва Офтоб дар соли нав наздиктар мешаванд

30 декабря 2020 02:12

Количество просмотров: 528

Масофа байни Замин ва Офтоб 2 январи соли 2021 ба ҳадди камтарини худ хоҳад расид, менависад Sputnik бо истинод ба хадамоти матбуоти Планетарияи Москва. Зикр  шудааст, ки аз сайёраи мо Офтоб ба маротиб ба назар калонтар хоҳад намуд.

 Ин бо сабаби то 3% калон шудани қурси Офтоб рӯй медиҳад. Чунин нишондиҳанда ҳадди баландтарин  ҳисобида мешавад.

«Рӯзи шанбе, 2 январ, Замин ба масофаи наздиктарин бо Офтоб мерасад ва ин имкон медиҳад, ки қурси калонтарини Офтобро дар соли 2021 мушоҳида кунем», — зикр  карданд дар планетария.

Онҳо таъкид карданд, ки дар яке аз рӯзҳои аввали соли нав масофа байни Замин ва Офтоб 147 миллион километр хоҳад буд.

Дар ин ҳол, сайёра ба нуқтаи наздиктарини мадори худ бо Офтоб ворид мешавад, ки онро перигели  меноманд. Замин ба ин нуқта соле танҳо як маротиба мерасад.

Дар айни ҳол, нуқтаи дурдастро, ки афели ном дорад, сайёра дар аввали моҳи июл убур мекунад. Дар ин ҳангом, масофа байни Замин ва Офтоб беш аз 152 миллион километрро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки як даври комили сайёраи мо дар атрофи Офтоб 365 рӯзу 6 соату 9 дақиқа  ва 10 сонияро ташкил медиҳад. Суръати Замин, ки дар атрофи Офтоб дар мадори эллиптикӣ ҳаракат мекунад, дар як сония 29,765 километрро ташкил медиҳад.