Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Марди накӯном намирад ҳаргиз

30 марта 2021 08:03

Количество просмотров: 774

    DSC_0403.JPG

   Моҳи ноябри соли 2005 буд. Дар хонаи муаллимон нишаста , омодаи навиштани тақриз ба яке аз китобҳои дарсии адабиёт будам, ки ногоҳ   марди қоматбаланди тахминан   48-50 сола бо чеҳраи кушода, бо табассум, дар даст ҷузвдони сиёҳ аз дар даромад.   Пас аз салом додан худро шинос карда гуфтанд, ки   ба ҳайси омӯзгори фанни таърих   ва   ҳуқуқ ба кор қабул шудаанд. Ин марди хоксору равшанзамир , дорои хислатҳои гуфтори нек, пиндори нек   ва рафтори нек Қурбонов Қурбон Неъматович   буданд. Ҳамин тавр, ин аввалин шиносооии мо бо устод буд. Устод, ки ба синну сол нисбат ба ман   15-сол солортар буданд, ҳамеша насиҳат мекарданд, ки ба таълиму тарбияи   хонандагон аз таҳти дил машғул шавам. Ҳамон сол ман роҳбари   синфи 11»А» ва устод роҳбарии     синфи 11»Б»-ро ба зимма   доштем. Аз сабаби он ки фанни адабиёт бо таърихи   халқи   тоҷик   робитаи   зич дорад, дӯстии мо бо устод боз ҳам   мустаҳкамтар    шуд. Ҳар вақте ки ба синфхонаи устод медаромадам, дар лаҳзаи фориғӣ дар болои мизашон рӯзнома, ҳафтанома ё маҷалла гузошта шуда буд, ки устод машғули мутолиа буданд.

      Қурбонов Қурбон Неъматович ба ғайр аз он ки омӯзгори ҷӯёву эҷодкор буданд, инчунин мактабшиноси хуб ҳам буданд. Тавонистанд, ки дар давоми ду соли фаъолияти омӯзгории хеш дар литсей хонандагонро дар рӯҳияи далерӣ, нотарсӣ, ҷасурӣ, ватандӯстӣ, миллатдӯстӣ тарбия намоянд.Устод бо рафтору хислатҳои ҳамидаи худ, бо донишу малакаи баланд дар байни ҷомеаи меҳнатии литсей эътибори калон пайдо карданд. Маҳз донишу кордонӣ ва муносибати хубашро ба инобат гирифта, аз соли 2007-ум сарвари литсей Шамсуддинов З. Ш, Қурбонов Қурбон Неъматовичро ҷонишини директор оид ба таълим таъин карданд. Аз лаҳзаи ҷонишини директор таъин гардидан кӯшиш мекарданд, ки ба омӯзгорон, махсусан ба омӯзгорони ҷавон зиёдтар кумак расонида, маслиҳатҳо диҳанд.Доим мо-омӯзгорони соҳибтаҷрибаро таъкид мекарданд, ки омӯзгорони ҷавонро тарбия намоем, чунки онҳо ояндасози ҷомеа мебошанд. Ҳамчун мудири кабинети методӣ ба дарсҳои омӯзгорон даромада то охири дарс нишаста, дарсро таҳлил мекарданд. Пас аз анҷоми дарсҳо муваффақияту камбудиҳоро ба омӯзгорон фаҳмонда, маслиҳатҳо медоданд. Илова бар ин,ташкилотчии хуб ҳам буданд,дар лаҳзаи хурсандӣ бо коллектив хурсандӣ мекарданду дар лаҳзаи ғамгинӣ ғамшарик буданд.Дар давоми 13 соли фаъолияти корӣ бо устод мо хоксорӣ, инсондӯстӣ, ҳалимӣ,меҳрубонӣ,серталабӣ барин хислатҳоро аз он кас омӯхтем.

     Қурбонов Қурбон Неъматович шахсияте буданд,ки ифтихори миллӣ доштанд. Ҳамеша кӯшиш мекарданд,ки дар литсей вохӯриҳои шоирону нависандагон бо хонандагон гузаронида шавад,бахшида ба ҷашну зодрӯзи нависанда ё шоире конференсияи хонандагону омӯзгорон баргузор гардад.Ва худашон шахсан аз ибтидо то интиҳои конференсия нишаста, дар охир дар бораи хизматҳои адиб суханронӣ мекарданд.Ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам, ки вақте мо омӯзгорони иттиҳодияи методии забон ва адабиёти тоҷик 22-юми сентябр Рӯзи Рӯдакӣ, 4-уми декабр зорӯзӣ Лоҳутиро ҷашн гирифтем, устод дар бораи чеҳраҳои шинохтаи адабиёт андешаронӣ карда,хонандагонро ба хондани эҷодиёти суханварони бузург тарғиб менамуданд.Мутаассифона, дар таърихи 4-уми   марти соли 2018 ҷомеаи меҳнатии литсей- интернати президентӣ чунин шахси ҳалиму меҳрубон - омӯзгори асилро аз даст дод, дили Қурбонов Қурбон Неъматович аз тапидан бозмонд. Ба андешаи Саъдии бузург:              

                            Саъдиё, марди накӯном намирад ҳаргиз

                            Мурда он аст, ки номаш ба накӯӣ набаранд.                                                      

       Итминони комил дорам, ки номи устод Қурбонов Қурбон Неъматович дар хотири устодону шогирдони Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон бо некӣ мемонад.


Афғонов Сафаралӣ – омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон