24 января 2020 01:01
Количество просмотров: 28723
Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули ҳуҷҷатҳоро барои таҳсил дар донишгоҳҳои Украина, Австрия ва Озарбойҷон эълон менамояд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тавре муассисаи мазкур ба маълумоти довталабон мерасонад, барои соли хониши 2020-2021 ҷиҳати таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии Украина аз рӯи зинаҳои гуногуни таҳсил қабули ҳуҷҷатҳо оғоз гардидааст.
«Вазорати федеролии маориф, илм ва тадқиқоти Австрия озмуни нави стипендияҳоро ба номи «Френс Верфел», «Рихард Плашка» ва «Эрнст Мах» барои хатмкунандагон, донишҷӯён ва олимон эълон намудааст», — омадааст дар эълони Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва тазаккур дода шудааст, ки стипендияҳои мазкур дар давраи соли хониши 2020-2021 барои таҳсил дар донишгоҳҳои мухталифи Австрия ва бурдани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ пешбинӣ гардидаанд. Маълумоти пурраро вобаста ба ин стипендияҳо метавон дар сомонаи www.grants.at пайдо намуд.
Ҳамчунин Маркази барномаҳои байналмилалӣ эълон менамояд, ки барои соли хониши 2020-2021 ҷиҳати таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии Ҷумҳурии Озарбойҷон аз рӯи зинаҳои гуногуни таҳсил қабули ҳуҷҷатҳо оғоз шудааст.
Барои маълумоти иловагӣ хоҳишмандон метавонанд ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи М. Турсунзода 47, шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд ё бо телефонҳои 221-18-83, 223-23-57 дар тамос шаванд.