Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Дастоварди навбатии Литсейи президентӣ дар 20-умин Олимпиадаи ҷашнии Жаутиков (IZhO-2024) дар Ҷумҳурии Қазоқистон

13 января 2024 06:01

Количество просмотров: 762

Дар доираи ташаббусҳои маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди ҳаракати олимпӣ дар ҷумҳурӣ ва иштироки васеъи хонандагони тоҷик дар ҳама гуна сабқатҳои байналмилалӣ корҳои заруриро роҳандозӣ намуда, ҷиҳати дастгирии хонандагони болаёқат имкониятҳои зиёдро муҳайё намуда истодааст.

Аз санаи 8 то 13 январи соли 2024 дар Ҷумҳурии Қазоқистон бистумин Олимпиадаи байналмилалии Жаутиков (IZhO-2024) аз фанҳои математика, физика ва технологияи иттилоотӣ бо иштироки 600 нафар хонанда аз 16 давлати дунё баргузор гардид, ки дар ин сабқати зеҳнӣ хонандагони Муассисаи давлатии таълимии Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон шаҳри Душанбе иштирок намуда,  бо гирифтани чунин ҷойҳо сазовор гардиданд.

БАРОТОВ ҶОНИБЕК — омӯзгори фанни математикаи Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар Олимпиадаи 6-уми байналмилалӣ байни омӯзгорон ва тренерони фанҳои математика, физика ва технологияҳои иттилоотӣ (IMPACT), ки дар доираи Олимпиадаи байналмилалии Жаутиков баргузор гардид, сазовори ҷойи 2-юм гардид.
ДУШАНОВ АЗАМАТ —  хонандаи синфи 11-и литсей дар ин олимпиадаи мазкур иштирок намуда аз фанни математика  сазовори ҷойи 3-юм гардид.

Бояд тазаккур дод, ки ба чунин комёбиҳо ноил гардидани хонандагони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки низоми маорифи кишвар маҳз бо тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишавар алалхусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин ташаббусҳои созандаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт назаррас буда, дар қатори дигар давлатҳои пешрафтаи дунё рақобатпазир мебошад.

Лозим ба ёдоварист, ки ҷиҳати омодагии хонандагони муассиса ба олимпиадаҳои байналмилалӣ ва озмунҳои зеҳнӣ дар Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон  тамоми имкониятҳои моддӣ-техникӣ ва лабораторӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.