Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Табрикоти директори Литсейи Президентӣ

31 декабря 2021 08:12

Количество просмотров: 4323

Ҳамкасбону ҳамкорон, устодон ва хонандагони азиз!

Инак Соли нави мелодии 2022-юм фаро мерасад. Мардуми сарбаланди тоҷик соли сипаригардидаро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намуда, соли навро бо умеду орзуҳои нек истиқбол мегиранд.

 Аз фурсати муносиб истифода бурда, фарорасии Соли нави мелодии 2022-ро ба ҳар яки Шумо табрик менамоям ва орзуманди онам, ки ин сол яке аз солҳои пурфайзу бобарор ва хотирмон дар саҳифаҳои таърихи миллати тамаддунсозу тамаддунофари тоҷик сабт гардад.

Соли 2021, ки сипарӣ шуда истодааст, барои Тоҷикистони маҳбуб ва соҳибистиқлоли мо соли воқеан таърихӣ гардид. Зеро дар ин соли сипаригардида истиқлолияти давлатии тоҷикон, яъне давлати миллӣ ва ҷавони мо, ки дар ҷаҳон яке аз ҷавонтаринҳост сисола шуд ва мардуми шарифи Тоҷикистон ин санаи муқаддасу бузургро бо ифтихору сарфарозӣ ва шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифтанд. Аз ин лиҳоз, соли 2021 дар таърихи давлатдории навини миллии тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд.

 Мавриди зикри аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи илму маориф бо афкори маорифпарваронаи хеш баҳри рушди ҳамаҷонибаи соҳаи мазкур чун ҳарвақта ҷидду ҷаҳд менамоянд. Ин аст, ки соли 2021 барои соҳаи маорифи кишвар соли бобарор ва соли комёбиҳои беназир гардид. Ҷамъбасти сатҳи баланди озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ бо дастовардҳои назаррас, тасдиқи гуфтаҳои боло мебошад.

 Ҳайати коллективи меҳнатии Муассисаи давлатии таълимии “Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон” низ бо руҳу илҳоми тоза ва дилгармӣ ба кору фаъолият соли 2021-ро сипарӣ намуданд, зеро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 2021 пешниҳод намуданд, ки ба хотири муҳайё кардани шароити муосири таълимӣ барои тарбияи насли наврас диққати ҷидди дода шавад. Ва чунин таъкид карданд: “Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва ватан мебошад. Бе маориф ягон соҳа рушд намекунад ва бе маориф ягон қадам пеш рафта наметавонем”. Ва падару модарон бо омӯзгорон робитаи хуб дошта бошад, чунки агар тарбияи толибилм аз хона хуб бошад ва дар мактаб комёб шуда метавонад. Чунин ташаббуси Сарвари давлат ба ҳайати омӯзгорону кормандон ва хонандагон руҳу илҳоми тоза бахшид.

Мо ҳайати кормандони соҳаи маорифи кишварро зарур аст, ки дар соли 2022 бо ҳисси баланди ватандориву худшиносӣ барои ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ҳимояи манфиатҳои давлату миллатамон ва рушди иқтисодиву зиндагии шоистаи мардум дастҷамъона ва содиқона саъю талош намоем. Мо бояд ба хотири расидан ба комёбиҳои нав ва аз имрӯза дида ободу пешрафта гардонидани кишвари маҳбубамон софдилона кӯшиш намоем.

Хусусияти неки ҷашнгирии соли нави мелодӣ ин аст, ки мардуми олам бо нияту орзуҳои нек ҳадафҳои нави созанда ва нақшаҳои ободгаронаи худро тарҳрезӣ менамоянд.

Дар остонаи истиқболи соли нави мелодӣ бо эътимоди комил изҳор медорем, ки соли нави мелодии 2022-юм барои таҳкиму тавсеаи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, пояҳои давлатдории навини тоҷикон, ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсии ҷомеа, инчунин, ободу зебо гардидани кишварамон нақши муассир хоҳад гузошт.

   Итминони комил дорем, ки Соли нави 2022-ро имрӯз пиру барнои кишвар зери ливои сулҳу ваҳдат ва ҳусни тафоҳум бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифта, барои расидан ба ҳадафҳои олии дар пешгузоштаи Ҳукумати кишвар саҳми босазои хешро мегузоранд.

       Умедворем, ки Соли нави 2022 ба хонадони ҳар яки мо файзу нусрат ва барор меорад ва Тоҷикистони азизи мо бо роҳбарии Сарвари давлат ба пешравиҳои аз ин ҳам азимтар ноил хоҳад гардид.

Бо ҳамин орзуҳои нек бори дигар ҳамаи кормандон, устодон, омӯзгорон, хонандагон ва сокинони ҳимматбаланду заҳматпеша ва саодатманду сарбаланди кишвар, инчунин кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Соли нави мелодии 2022 самимона табрик гуфта, барои ҳар яки Шумо сулҳу оромӣ, хонаи обод, тандурустиву иқболи нек, файзу баракат ва ба Тоҷикистони озоду соҳибистиқлоламон ободиву пешрафти ҳамешагӣ орзу менамоям.

Соли нави мелодӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!