Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Табрикоти директори Литсейи Президентӣ

ҒОЛИБИЯТИ НАВБАТӢ АЗ ҶУМҲУРИИ ТУРКМАНИСТОН
30 мар

Тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ иборат аз 3 нафар хонанда дар Олимпиадаи байналмилалии Туркманистон ба муносибати ҷашни 300-солагии шоир-мутафаккир Махтумқули Фироқӣ аз фанни математика, ки рӯзҳои 25-30 марти соли 2024 дар шаҳри Ашхободи Ҷумҳурии Туркманистон баргузор гардид, сафарбар карда шуда, сазовори як ҷойи II гардиданд. – Юсупов Меҳрубон – хонандаи синфи 9 Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон» дар...

Оғози даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таълимии кишвар
28 мар

Субҳи имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии  «Мактаби байналмилалии Президентӣ» даври ҷумҳуриявии  Олимпиадаҳои фаннӣ барои синфҳои 11 -и муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ  оғоз гардид. Дар маросими ифтитоҳии чорабинии мазкур вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ, роҳбарияти «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» , инчунин намояндагони дигари илму маорифи кишвар, меҳм...

ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Аз 21 то 31 март тамоми хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат ба таътили баҳорӣ мебароянд
19 мар

Аз 21 то 31 март тамоми хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат ба  таътили баҳорӣ мебароянд ва чоряки сеюми таҳсил ҷамъбаст мешавад, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Таътили баҳорӣ танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ ҷалб мешаванд. Инчунин ба хонандагон рӯйхати китобҳо тавсия мешавад, то дар та...

Истиқболи дастоварди медали нуқраи хонандаи пойтахт аз олимпиадаи байналмиллалии ҚАФҚОЗ "СМО-2024"
19 мар

Тавре иттилоъ дода будем тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ иборат аз 4 нафар хонанда дар 9-умин Олимпиадаи байналмилалии Қафқоз «CMO-2024» аз фанни математика, ки рӯзҳои 11-16 марти соли 2024 дар шаҳри Майкопи Ҷумҳурии Адигея баргузор гардид, иштирок намуданд. Дастаи олимпии пойтахтро Душанов Азамат – хонандаи синфи 11 Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе муаррифӣ намуд ва бо гирифтани ҷойи II ша...

ТАХТАИ ИНТЕРАКТИВИИ «еTalim». Бо мақсади гузариш ба таҳсили рақамӣ нахустин барномаи ватанӣ таҳия гардид
19 мар

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ ва ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» барномаи тахтаи интерактивии «eTalim» таҳия гардид. Дар ин хусус аз Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» хабар доданд. «Барнома пура бо забони тоҷикӣ таҳия гардида, ба корбарон-омӯзгорон имконият медиҳад, ки дар ҷараёни таълим аз он в...

ДУРАХШИ ИСТЕЪДОД: МЕДАЛИ НУҚРА АЗ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ ҚАФҚОЗ "СМО-2024"
16 мар

Тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ иборат аз 4 нафар хонанда дар 9-умин Олимпиадаи байналмилалии Қафқоз «CMO-2024» аз фанни математика, ки рӯзҳои 11-16 марти соли 2024 дар шаҳри Майкопи Ҷумҳурии Адигея баргузор гардид, иштирок намуданд. Дастаи  олимпии пойтахтро  Душанов Азамат – хонандаи синфи 11 Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе муаррифӣ намуд ва бо гирифтани ҷойи II шараф ва нуфузи...

12-умин олимпиадаи байналмилалии "HIPPO-2024"
4 мар

Ба диққати роҳбарои муассисаҳои таълимӣ мерасонем, ки моҳи сентябри соли 2024 дар шаҳри Рими кишвари Итолиё 12-умин олимпиадаи байналмилалии  "HIPPO-2024" аз фанни забони англисӣ баргузор мегардад.          Олимпиадаи мазкур аз рӯйи 7 категорияи синусолӣ баргузор гардида, дар он хонандагони синфҳои 1-11 имкони иштирок карданро доранд.  Олимпиада дар чор зина ва дар санаҳои зерин баргузор мегардад.           - даври якум рӯзҳои 15-16-марти соли...

ДАСТАИ ОЛИМПИИ ПОЙТАХТРО ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҚАФҚОЗ «СМО-2024» КИ МУАРРИФӢ МЕНАМОЯД
28 фев

Дар таърихи 12 феврали соли 2024 даври интихобии олимпиадаи байналмилалии Қафқоз «СМО – 2024» аз фанни математика баргузор гардид, ки дар он 45 нафар толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Тибқи натиҷаҳои бадастомада як нафар хонандаи синфи 11-и Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон» - Душанов Азамат ба даври ниҳоӣ роҳхат пайдо намуд. Олимпиадаи байналмилалии Қафқоз «СМО–2024» аз фанни математика дар таърихи 11-16 марти соли 2024 да...

"Ҳафтаи ихтироъкорон "дар МДТ "Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон"
20 янв

Бо фармоиши сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз 17 то 23 январи соли 2024 "Ҳафтаи ихтироъкорӣ ва навоварии кӯдакону наврасон" эълон карда шуд. Маврид ба зикр аст, дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҳафтаи мазкур баргузории озмунҳои гуногуни илмиву эҷодӣ ва зеҳнӣ, дарсу машғулиятҳои таҷрибаву озмоишӣ, намоиши ихтироот ва навоварии хонандагон ва ғайраҳо дар муассисаҳои таълимӣ баргузор карда мешаванд. "Ҳафтаи ихтироъкории кӯдакону наврасон" бо мақсади иҷрои ...

Маркази барномаҳои байналмилалӣ: ҳуҷҷатсупорӣ барои таҳсил дар зиёда аз 50 давлати пешрафтаи ҷаҳон оғоз шуд
16 янв

Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки қабули ҳуҷҷатҳо барои таҳсил аз рӯйи зинаҳои бакалавр, магистратура, аспирантура, докторантура, коромӯзӣ ва ординатураи клиникӣ тибқи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» дар зиёда аз 50 давлати пешрафтаи ҷаҳон оғоз шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм хабар доданд. Ба он довталабоне, ки дорандаи...