2022 | 2023 | 2024 |
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
30 | 31 | 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 1 | 2 | 3 |
Фуруғи субҳи донои китоб аст
Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.
25 Февраля 2022 02:02
Количество просмотров: 9701
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Матвиенко ба муассисаи давлатии «Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ташриф оварданд.
Хонандагони литсей меҳмонони олимақомро гарму самими истиқбол гирифтанд. Зимни ташриф Валентина Матвиенко аз рафти таълиму тарбия шинос шуда ва аз муаллимоне ки ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд баҳои баланд доданд.
Дар муассисаи мазкур айни замон 1880 хонанда таҳсил гирифта, ба онҳо 106 омӯзгори соҳибтаҷриба таълиму тарбия медиҳанд. Аз ҷумла дар доираи лоиҳаи башардӯстонаи «Омӯзгори россиягӣ дар хориҷа» дар Литсей-интернати Президентӣ 5 омӯзгори россиягӣ ба хонандагон дарс меомӯзанд.
Зимни боздид аз Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва муҳтарам Валентина Матвиенко бо ҷараёни машғулиятҳо дар синфхонаҳои фаннӣ, инчунин шароиту имкониятҳои таълимию илмомӯзӣ шинос шуда, бо як қатор омӯзгорони Федератсияи Россия, ки дар доираи лоиҳаи башардӯстонаи «Омӯзгори россиягӣ дар хориҷа» дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он фаъолият менамоянд, суҳбат анҷом доданд.
Дар ин маросим муҳтарам Валентина Матвиенкоро намояндагони расмии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамроҳӣ карданд.